Аз ширинии хабари чоизаи Ширини Ибоди зани ирони, ки чоизаи Сулхи Нобелро ба даст овард, хануз комам ширин аст. Зани ирони зери хар бори сангини тахкир ва зери хар пардаи сиёх боз метавонад аз худ ва аз дарди худ харф бизанад ва дастболотар аз хар зани озоди урупои фаъолият бикунад, чаcорат нишон бидихад. Аммо зани точик, зани бадбахти точик дар ин асри тулони ва пуртачовуз сазовори чоизаи чахонии САБР ва ТОКАТ-ро сазовор аст, ки хатто баробари зани на хушбахттари афгон низ эътиборе аз беруниён надид ва садояш хануз низ ба гушхо нарасидааст. Замони боз кардани дархои зиндонхои занони точик аст, ки хона ва хонавода меномемаш ва лахзае нест, ки дасти факр гиребонашро рахо карда бошад. Хар вакт ба дахони гунчишке менигарам ва нисбат ба он кирме ки дар байни нулхои паранда талоши рахои мекунад, хеч эхсоси рахме дар дил намекунам. Чучахо гуруснаанд ва хатто маро низ ба тахаррук меоваранд, чи расад бар модаре ки гушхояш пур аз садои нолаи кудакони гурусна аст. Нон, нон, нон… Вакто нон меори боз нолаи чадид мекунанд, Китоб, китоб, китоб, Дафтар, дафтар, дафтар… Ва занон ё даст бар худкуши мезананд ё бар чиноят ва чомеа ислохкор дари зиндонро барояшон боз мекунад… -Чоиза? Нобел? Сулх?… Аз кудаконам бигу, падарашон баргаштааст? Чизе овардааст барои шоми онон? … Корхонахо ва заводхоро бастаанд, зиндонхои чадид месозанд барои занони чинояткор ва худфуруш. Мардхо рузе бармегарданд.