Дигар ехсос танхои намекунам, вакте дари веблоги худро боз мекунам медонам ки чанд тан аз хамватанони азиз хам хонандаи онанд. Харчанд гохе нигарон мешавам гохе накунад хати форси (араби) барояшон мушкил бошад. Вале медонам ки нихоятан хамаи мо форсизабонон бояд ба иттиходи каблии худ бирасем ва хати муштарак рохи аслии он аст.
Аз ин ки чанд веблоги точики хам чадидан ба рох афтода ва мураттаб аз рузгор ва чомеаи худ менависанд бисёр хушхолам. Хушхолона навштахоятонро мехонам. Муштокона мехонам.
Мохи ноябри соли 2003 буд, вакте ба веблогнависи шуруъ кардам. Замоне буд, ки тоза ба хорич омада будам ва дилам пур буд аз навиштан. Ошикона менавиштам. Бекаророна менавиштам вале хеч паёме аз хамватане дарёфт намешуд. Аз навиштан барои хонандаи нопайдо ба танг меомадам ва веблогро ба майдони дарс табдил кардам. Дарси навиштар ба хати форси.
Бояд икрор шавам ки дар айни хол бо сахти ба хати кирили менависам ва мумкин аст бо иштибохоти зиёде ин навиштаро ба поён расонам. Шумо ки маро мешиносед аз иштибох кардан боке надорам. Бокам аз ин аст ки манзури худро норавшан баён кунам.
Дар фурсати бештар пайванди веблогхои точикиро канори сафхаи худ чой хохам дод. Беш аз хама ба Каюмарси азиз сипос ки бо дусти самимонааш маро ба чавонони точик ва дунёи онон дар Точикистон огох мекунад.
Точикони Точикистон аз точикони дигар кишвархои точикзабон пешрафтатар шудаанд ва чунин хам бояд бошад. Чун замони азизи худро барои бахсу талошхои бенатичае сарф намекунанд, чунон ки дар кишвархои дигар точикон бо муборизахои ошкору ноошкор барои хифзи хуввият ва забони модарии худ дасту панча нарм мекунанд. Ба хусус точикони Самарканд ва Бухоро, ин ду хоки азиз ки барои тактакашон дилам меларзад. Точиконе ки аз соддатарин хаки худ махруманд ва рузномае хонданбоб ба забони модарии худ надоранд.
Ин рузхо хушбинам ба оянда. Ин рузхо дилам аз пешрафти чавонони Точикистон меболад. Меболад аз ин ки дасташон барои интихоб боз аст. Метавонанд то хадди имкон ба хостахои худ бирасанд.
Солхои 2002 ва 2003 вакте дар интернет дунболи калимаи точикие мегаштам рохам танхо ба чанд расонаи хоричи боз мешуд, ки бисёр ехтиётеорона ва хатто сатхй дар ин ва он мавзуъе марбут ба точикон менавиштанд. Холо дар сафхаи чустучуи google.com метавонам сар аз веблоги шумо хамватанони азиз сар дарбиёрам ва бо шавк хамаи навиштахоятонро бихонам.
Кош замоне бирасад ки нависандагони азизамон ки мутаасифона ва гайри кобили пазириш аз замон ва чавонон акаб мондаанд, худро ба руз кунанд ва мухочирони точикзабон навиштахои тозаи онхоро руи интернет бихонанд.
Замонхои ширине буд дар рузгори мо точикон, ки насли бузургсол метавонистанд ба мо кудакон ва чавонон рохнамойи кунанд ва хатто кахрамонхое буданд ва сарчашмаи тачруба ва омузиш. Мутаасифона инро дигар ехсос намекунам. Чи гуна шуд ки нависандагони мо акабнишинй карданд худ бахсест ки солхо зехни маро ба худ машгул доштааст.
Чавонони азизи точик кош ба умки ин фочеа бирасанд ва даст аз фикри кормандй бардоранд ва ба фикри таквияти худ бошанд, ки фардои мо сахттар аз фардои насли гузашта хохад буд.
Насли мо ояндаи мутафовите хохад дошт. Он чунон метафовит ки хона хохем харид ва дар ихтиёри бехонагон хохем гузошт ва мумкин аст ки хатто канори падарон ва модарони худ хок нашавем.
Аммо ояндаи мо муфидтар хохад буд. Мо дигар наметавонем хеч касеро дар поёни номувафаки худ гунахкор донем, чун дасти мо барои интихоб бозтар аз насли каблй аст.
Интихоби шуморо, ки бебокона аз харфи дили хеш менависед, тахсин мекунам.
4 پاسخ
Шахзодаи гиромй. Сипос аз навиштаи хубат.
Салом Шахзодаи гироми! Ахсант ба ном чунин шахсоне, мисли шумо, ки химоятгари фарханг ва забони модарии худ хастед! Рости, умедвор набудам, ки чунин матнхоеро ва ё сахифахое дарёфт мекунам, дар интернет. Пас аз хондани гуфтахои шумо як неруи тоза гирифтам! Вакте, ки чунин матнхои пурмаъно ва бо забони тоза ва ширини точики навиштаро мехонам халоват мебарам!
Шукри парвардигор, ки мо точикон хануз фарханги худро гум накардаем! Хангоми сухбат бо бисер чавонони имрузаи точик бисер муттаасиф мешавам, чун забони чавонони имруза на он кадар точики аст. панчох дар сади калимахояшон руси ва узбеки хастанд. Агар хамин тавр давом ебад забони точики шакли худро умуман таъгир медихад ва шояд аз байн равад!
Бароятон бурдборихо орзумандам!!!
Ofarin! Xele shod shudam blogi shumoro xonda.
Ахсан! ))) Умедворам шумо баринхо дар шабака зиёдтаранд! *)