Ба сарусадои одамон ва даъвохои онон диккат мекунам. Хуб аст, зиндаги барояшон рангу садое дорад. Дуст надорам, ки хама ором бошанд, хама хаста бошанд ва хама дилгир бошанд. Дуст надорам, ки ба замин туф кунанд. Дуст дорам, ки туфи дахонашон бар руи якдигар парад ва хамчунон идомаи бахс дошта бошанд. Ин нишонаи хуб аст.
Вале ман… Охир аз чи хам мехохам басх кунам. Бахс барои ман яъне амал, амали орому сокит ва натичабахш. Аз кабли мочаро чор заданро дигар тарк хохам кард. Наззору кунчковона ба суи садохои дилхоху дилписанд кадамро дуст дорам.
Дустон балантар харф занед ва баландтар бахс кунед, то ман самти шуморо дар ин талотуми садохо ва магалхои зиёду пучи мардумон гум накунам.
Баландтар ва далертар, то пардаи руъёву риёхо боз гардад, ки бешак, ру ба руи хам карор хохем гирифт.
Ва пардаи тозае хохад омад ба руи замонаи зудгузар. Аз худо бихохем, ки баъд аз ин дигар сиёх набошад.