Имруз бо модарам сухбат мекардам. Мисли хамеша харфхояш нерубахш ва дилгармкунанда хаст. Ин зан шояд софтарин сарчашмаи зиндагии ман бошад, ки ман мисли хеле чизхои дигар дуруст кадрдони намекунам. Чи кадр нокадрдонам ман. Чи кадр дур ва беарзиш шудаам бе ту, эй модар, эй ватан.
Вале модар маро хуб мешиносад, мегуяд Шохчон ин чо дигар чои зиндаги барои ту нест. Хама ёронат рафтаанд ва хама гушахояи азизи хонаат низ вайрон шуда ва ба шакли дигар даромадаанд. Гарчанд дилам бароят мисли оташдон месузад ва хатто куввати гиряам нест, боз мегуямат ин ватанро дар орзухоят сабз хохи дид ва худро бехуда саргардон ба ин шахри вайрона ва макони пироне чанд марасон ва як афсурдахотири дигареро зиёд накун.
Модарамро хамеша барои ростгуи ва росткавлияш сарзаниш мекардам ва тахсин мегуфтам. Модар хануз хамон аст ва хануз сарчашмаи илхоми мо фарзандонаш, вале мо чи кадр суст ва заиф шудаем, чи кадр афсурда ва пиртар аз вай гардидаем.
Кош модар инро эхсос накарда бошад, кош модарро бо садои хандахои дуругини хеш хушхол карда бошам. Вагарна тешае бар решаи худ задаам ва дигар чашмаи неруи худро бо боди хазонкаши хотири парешони хеш олудаам.
Дилам мехохад бо дили модарам сад дар сад ошно бошам ва гамгусори вай. Аммо модарони мо, модаронатарин усули рафтор бо фарзандони худро доранд. Кош тавонам хамаи модари худро хифз бошам ва хамаи уро зикр созам.
Медонам, медонам чи чизхое дар дили модарони самарканди ва фарзандони парешони онон дар тамоми кишвари Русия ва Урупо ва тамоми дунёи бозшуда ба руяшон, чихо мегузарад ва чихо меруяд ва чихо хатто пусида ва чихо хушкидааст.
Намедонам ин чойхо дунболи чи мегардам, вале хуб медонам, ки модари ман тули сол богхои худро парастори мекунад ва хар бахор нихоли тозае сабз месозад.
Холо хадс мезанам, ки чаро точикон ошики чанор ва дарахтони бузурганд.
Дустдоштатарин таронаи модари ман ки дар богхои кухистон мехонад ин аст, ки ман он замонхои шояд маънояшонро дарк мекардам, вале холо зери пусти худ эхсос мекунам.
Дона чун бар хок наяфтад кай ба боло кад кашад.
Кадри одам хам баланд аз хоксори мешавад.