Кудакии ман кудаки ман аст

Каримро намешиносам, вале чи кадр уро ба худам наздик дидам. Дакикан хамчунон ки дар огози ин маризи будам. Бехтар аз маризи номе барои ин пайдо намекунам. Хамеша вакте бо касони мисли худам мерасам, нигарон мешавам, афсурдатар мешавам, зеро давои ин маризи ё вакти тулонист ё офтоби дог.
Аввалин нишонахои ин маризи дар баробари як шубха ва баробари як тардиди бузург дар дили хеле ва хеле хам кудаконаи ман пайдо мешуд.
Фикр мекардам хама ононе ки дар атрофи ман буданд ниёз ба як кумак доштанд ниёз ба як кумаки бузург он кадр бузург ки инкилоб хам назди он хурду ночиз бошад.
Фикр мекардам ва вахшат маро дар худ гарк мекард, ки чаро барои чи мо бо рохе меравем, ки медонем охири он орзуи мо ва хостаи мо нест; ва харферо мезанем, ки аслан намехохем бизанем.
Якбора чашм кушодам ва дидам, ки чои ман чои ноустуворест ва атрофиёнам чи одамони камнафс ва афсурдае хастанд. Ба гами онон фикр кардам ва рузе бедор шудам, ки ман хам онон шудаам. Ман хам яке аз онон шудаам. Аммо ба ман гуфтанд ки ман аз аввал яке аз онон будам. Гуфтам на, ман кабл аз он ки ба шумо фикр кардам ва шуморо дарк кардам, каси дигар ва каси комилан дигаре будам. Гуфтанд на, он ту набуди, он орзухои ту буд.
Чи!?
-Ман набудам, факат орзухои ман буд? Агар орзухои ман худи ман нест, пас мани ман дар чи чизи ман аст?
Гуфтанд ин чо мо ман ва шахсияти одамонро аввал аз чинсият ва баъд аз миллияташон мешиносем ва вобаста ба инхо аз онон интизорот хохем дошт, ки номашро вазифа ва ё карзи фарзанди мегуем.
-Фарзанди?


Агар кас падару модар ва хатто хеч хеши наздик хам надошта бошад чи?
Он вакт чомеъа онро ба тарбият мегирад ва ба воя мерасонад. Чомеъа кист ва чаро мутмаъин аст, ки метавонад он нафарро ба тарбият бигирад, ки ман онро “ба колабандози” меномам. Ва чи тавр ман метавонам мутмаин худро дар ихтиёри конунхои он бигзорам. Оё ин амал кафолат хам дорад ва ё факат боз ба ухдаи вакт мегузоред.
Чомеъа оинаи бузург аст, ки одам худро дар он мебинад ва тамоми умр талош мекунад ки мисли он бошад ва хар чи кадар монандтар шуд муффактар мешавад ва зиндагонии хубе ба даст меорад.
Медони фикр ва акидахои бузург ки маъмулан чомеъахои хурд ё бузург аз паи он мераванд дар натичаи замонхои тулони ба майдон меояд ва охиста охиста дар майнаи мардум чой мешавад ва онхоро аввал хидоят мекунад ва сониян наззорат ва баъдан рахбарият мекунад ва дастгоххои доманадоре барои дар як самт ва дар як рох нигах доштани чомеъа кувва ва хатто чони худро сарф мекунад.
Агар бо чомеа равам орзухоямро аз даст медихам хамин тавр гуфтед дуруст, агар ба суи орзухоям равам, чи он вакт хам чомеаро аз даст медихам?
Ин холат бастаги дорад ба шахсияти ту, яъне агар одами саршинос ва барои чомеъа муфид боши, он вакт чомеъа туро аз даст медихад ва агар одами он кадр хам муфид набоши он вакт ту чомеаро аз даст медихи.
Падару модар ва хохару бародаронам низ чомеа махсуб мешаванд?
Бале, пас чи, он хам як чузъи ин чомеа хастанд ва барои мавчудияти ин чомеа ва бардавом мондани он хисса мегузоранд.
Пас ман хамаи чомеаро аз даст намедихам, факат чанд кисми онро аз даст медихам, ки шояд ба андозаи хонаводаам ба ман наздик ва мухим набошад.
На чомеа бо хама пасту баланди ва бо хама имрузу гузаштааш моли туст ва дар хидмати туст ва ту бояд онро чун хонаводаи худ ва чун чони худ химоят куни ва хамаи хостахои онро ба чо ори. Чомеаи ту ватани туст, замини туст, торихи туст, миллати туст, ки хамеша барои пуштибонии ту ва ба камол расидани ту кумак мекунад ва ба ту чойгохи ичтимоии муносиб пайдо мекунад.
Чойгохи ичтимои чи гуна чойгох аст?
Чойест, ки ту барои чомеа хидмат мекуни ва чомеа барои хидматхои ту ба ту хукук ва пуштибонии моливу маънави медихад.
Чи гуна хидмат?
Ххх, аввалинаш ин ки бо хамаи мафкурахои бузурги он созгор боши ва барои идора кардани мардумони гапнодаи чомеа ки онро мудом ба тарафи акиб мекашанд ва садди рушди он мешаванд кумак куни.
Агар ман хам бо онон хамрох шудам ва мукобили равиши нодурусти чомеа эътироз кардам чи мешавад?
Ту чаро фикр мекуни ки чомеа ба рохи нодуруст меравад. Ки аз ин харфхо ба ту мезанад?
Ман худам дидам, вакте ки мо дар дарси ракс мераксидем ва духтарони клоси мо либоси домандарози пар-пар надоштанд. Ман доштам ва оварда ба хамаи онхо додам то ракси мо хеле зеботар ва шодмонтар ичро шуд ва духтарон ин кадр хушхол буданд, ки ман он либосхоро ба онон бахшидам ва пас нагирифтам.
Кори хеле хуб карди, хеле хам кори инсонона ва дустона аст, чаро фикр мекуни ки чомеа бо рохи нодуруст меравад.
Ман хам аввал хамин хел фикр карда будам, чун шумо бузургсолон хамеша аз ин харфхо мезадед ва хатто падари ман хам зуд-зуд либосхояшро ба дустони худ медод. Аммо вакте хона омадам, модарам барои ин корам маро бо як химчаи борики дароз ин кадр зад, ки аз зарби он пойхоям варам ва чашмонам аз шиддати гиря кариб аз косахонааш берун омад. Модарам мегуфт ки ба хохарони хурдсоли худ чаро фикр накардам ва чаро бо у маслахат накардам.
Хуб модарат албатта дуруст мегуяд, бояд аввал ба наздикони худ фикр кард.
Баъд ман ба худам фикр кардам, ки чаро чомеа ба хамаи духтарон либосхои баробар ва муносиб фарохам намекунад ки ман хам битавонам озодона ва шодмона бо хамсолони худ бози кунам ва ба воя расам. Ман дуст надорам маро ба воя расонанд ва ман рузе мутаваччех шавам, ки орзухоямро фаромуш кардаам ва мисли чомеа шудаам.
Ман мехохам чомеаи ман барои хамаи орзухои ман чой дошта бошад ва хатто агар хам чой надорад маро бигзорад ки ман худам гушахои пушидаи онро кашф кунам ва дар ихтиёри дигарон бигзорам. Мехохам чомеаи ман аз хандаи ман ва аз гиряи ман харосон набошад ва ин кадр дар фикри марги худ нанишинад ва кузахои холиашро ба ман бисупорад ва аз буидани гулхои тозаву нави ман ва хамсолони ман лаззат бибарад.
Ман гулхоеро медонам, ки дар боги шахри мо дигар намесабзанд.
Ва роххои кутохтарро медонам, ки ба падари дехконам обро зудтар бирасонам ва ба мактабам хам дер накунам. Аммо ба ман ичоза намедиханд, ки аз он рох равам. Агар рафтам танбех мекунанд. Ва ман хамаи тикахои бадамро огохона ба чуби танбех супурдаам.
Кош ин чомеае, ки шумо бузургсолон мегуед як пайрохае хам медошт, ки кудаконро ба орзухояшон ошно мекард.
Инхо боз хам орзу хастанд ки касро аз хакикати вокеии зиндаги дур мебаранд, ту бехтараш ба дарс ва мактабат мутамаркиз бош ки барои оянда ва чойгохи ичтимоии муносиб ба ту бештар кумак мекунад.
Шумо нохудогох маро ба фарор кардан мехонед, шумо хатто агар часади кудаконаи маро дар сутуни хонаатон овезон бинед хам хадс намезанед ки ман аз дасти шумо ва чомеаи шумо ки маро ин кадар саркаш ва пургунох эълом мекунад ва насли нозанини дунёи тозаро дар чанини модари панчсолааш мекушад, худамро дар таноби офтоб овехтаам.
Ман худамро шустаам аз орзу ва дар таноби офтоби озоди овехтаам.
Фардо хушк ва хандон хохам шуд. Ва аввалин саволе ки мепурсам аз шумо боз хам; чомеа чист. Вале ин дафъа чавобашро медонам; манам.
Агар хам комилан ман нест, пас чизе хаст ки ман метавонам иваз кунам, ман метавонам онро бо рангхои дилписанди худам оро бидихам!
(Кудаконе ки кудаки надоштаанд, хамеша кудакона хоханд зист.)