Мачаллаи ‘Самарканд’ ро ки дар Эрон бори аввал нашр шудааст, дар интернет бо хатти форси хондам. Хушхол шудаму гамгин. Хушхол аз он ки Самарканд хануз хам арзиши ливо шуданро дорад ва гамнок аз он ки хар чи зери ин сурхтарин ливо матрах ва талаб мешавад, бар Самарканди имруз ноошно ва аз он дур аст.
Ба худ фикр мекардам, ки номи веблогамонро, мачаллаамонро, барномаамонро, китобамонро, сайти интернетиамон, филмамонро ба номи у мегузорем. Чаро. Ин оё чизеро матрах мекунад, ки мо наметавонем. Ачибтараш ин аст, дар он камтар аз худи Самарканд мегуем. Чист ин, махбубият аст, гамгорист, ё дилтанги…
Агар ман маччаллае бо номи Самарканд ё шояд Бухоро медоштам онро чи гуна шакл медодам. Мутмаъинан ба тарзи точикона ва ошикона, ки бештари мавокеъ аз мантики хушёрон дур хохад буд ва навои рубобу найи он дили шоди хамсояро ба танг хохад овард ва аз назари боз хам ноошно бар назари хоричиёни Самарканд ва Бухорои имруз хохад буд.
Хамеша бадбахтии худро замоне голибтар аз худам ехсос кардаам, ки фикр кунам ва ба назарам чунин расад, ки гами мо ва ватани моро танхо мо дохилиёни дасткутах мефахмем ва чи кадр бароямон сахт аст, ки бар олами берун аз он харф занем. Ба худо хар чи ба гуши расидааст, ним аз нимхои он аст, ки вучуд дорад.
Бар номи баланд Самарканд шумо беруниён меболед ва фахр мекунед вале дар хонаи вайронаи он танхо самаркандиёни точик сар панох мебаранд ва лабхои пурхарфи хешро мегазанд ва нафасхои доги худро дубора бар сина мекашанд.
Хатто агар харфе хам гуфта шуд, бовар кунед, боиси шарми шумоён аст, эй хоричиёни азиз. Гушхои латифи шумо хеле хассосанд бар шунидани хирри-хирри нафастангихои миллате пой бар лаби гур.
Вале ба хотири ин ки номи моро зинда хохед дошт, ман хамаи шумо дустдорон ва ошикони ин фарханги хуфта дар Самарканду Бухороро дуст дорам. Дуст доштан аз охирин чизхоест, ки мо ах даст медихем ва месупорем ва дар дигарон зинда месозем.
Хамеша чойгохи мухаббат аз висол дур аст.
Хамеша маъшук дар назари ошик оне нест ки хаст.