Ахбори БиБиСИ аз тазохуроти чавонои Эрони мегуяд. Чанд руз ва чанд шабест, ки чавонони ба шуромадаи Эрон бар зидди давлат эътироз баён мекунанд. Сайтхои бозу инкилоби бо сурудхои маъруфи инкилобии худ месозанд ва хама чахониёнро бо дарди худ ошно мекунанд. Вале Эй “Ёри дабиристонии ман” мо ки хама аз далери ва часорати Рустамона харф мезадем ва синахоро аз эътироз медамондем, холо чаро ба хама чизхои мукаддаси аз даст равандаи худ ва орзуву эътикодхои худ бехавсала ва ноумедона менигарем.
Магар ин аст поёни он рохе ки мо мехостем? Дар вокеъ мо рохи хостаамонро нарафтаем, онро иваз кардаем ба рохи осонтар ва беозортаре. Мо кистем? Эй ёри дабиристонии ман, дилшикастагон, ноумедон, ё як идда хаёлпарастоне ки дар гушаи торики хона далерона дар фикр мечанганд, вале хеч гох беруни хона нестанд.
Як идда тарсухо ва ё беамалхо.
Ё хастагоне аз хунрезихои бемаъни ва обрубаре бародарони мо доштанд.
Магар он дастдарозии бесаронаи онхо ки мушт аз хуни бародарон ва модарон ва хохарони ва кудакони навзод пур карданд, то кай сархои моро хам ва забони моро кутах медорад?
Хатман бояд сарусадо ва даъво кард? Магар ин хама роххои нарм ин хама халлу фаслхоро мо барои чи дорем?
Барои панд додан ба насли оянда ё барои истифода дар имруз?
Ёри дабиристонии ман, дастони нарматро ёд кардаам ки дастхо ба гардан дар дарозтарин кучахои шахр бо викор кадам мезадем ва суруди сулху осоиш мехондем.
Афсус ки имруз на он дорем ва дигар.
Пардахоро пора кардаем вале пушти онро чун холи дидаем, лолу мабхут мондаем.
Шояд пардаи дигаре хам хаст, вале даридани чуръати насли тозаеро мехохад бо дастони пурорзу ва неру.
Чои ману ту кучост баъд аз ин?!