Чархо Фалако…

Чархо фалако, маро ба чарх оварди
Кулоб будам оби ширин мехурдам
Саргаште маро ба оби талх оварди.
چرخا فلکا مرا به چرخ آوردی
کولاب بدم مرا به بلخ آوردی
کولاب بدم آب شيرين می خوردم
سرگشته مرا به آب تلخ آوردی
Такрибан тамоми точикон бо ин рубоии мардуми ошноянд. Вале барои ман хануз дар зехнам равшану тоза боки мондани хондани ин рубои дар яке аз сахифахои китоби адабиёти дарсии мактаби миёнаамон арзише ширин мисли хамон тачрубахои тоза ва кунчковонаи баччагиям мебошад.
Хеле равшан ёд дорам, ки вакте ин рубоиро зам-зама мекардам ба он фикр мекардам, ки Балху Кулоб дар кучои дунё чойгир бошанд ва ки ин рубоиро гуфта. Ин рубои агар иштибох накунам боз як дугоники худро дошт ки мо хамеша онро паси хам мехондем ва ба истилох андухи ширини висоли хешро таъм мекардем.


Лаънат ба касе ки аз ватан карда шавад
Афтад ба гарибиву ба кас банда шавад…
Оре, дури ва мухочират он замонон маънои бадбахти дошт ва ё бадтар аз он маънии ватанфуруши ва руй баргардонидан ба халку хонаводаи худ.
Имруз ин одату мафхумхо хеле фарк кардаанд ва такрибан маънои баръакси онро доранд. Масалан мисли ин ки агар дур аз азизи хеш хасти бештар ишку алокаатро метавони эхсос куни ва хатто шояд хидмати биштаре хам битавони ба анчом расони факат барои фарханги худ ва бар фархангдустони дигари олам.
“Чарху фалак” маро бо ин дунёи имруз ва дируз ру ба ру кард ва мани имрузу дирузро чун дуст оина ба даст ба чашмонам чилва дод. Ва ибрози олами нихони маро осон кард.
Чарху фалак филми дакументале аст, ки бо сарвари ва сарпарастии Мехдии Чоми сохта шуд. Ин филмест, ки ман агар он хама эхсоси худро ва харфхоеро ки тавассути ин филм ифода намудаем, мехостам бинвисам, дар дах китоб хам гунчонида наметавонистам ва хамон ба он таври комиле, ки ин филм намоиш додааст намешуд.
Агар ман ба ин филм мехостам муаррифие бинвисам хатман ин чумларо дар он таъкид мекардам ва зераш хатти сурхе мекашидам. На ба хотири ин ки ливои русии хоким буд, балки ба ин хотир ки ба назари хуниндилони чудоихои фархангу торих битобад ва ба ёди ноошноёни ин торих боки бимонад:
Ин филм дар 90 дакикаи худ мухимтарин, нозуктарин, дардноктарин, шодтарин, отифитарин, нихонтарин эхсосоти калби як точики мушток ба фарханги кухани диёр ва ёри хешро ифода кардааст.
Ин филм аз гамхои талхи мо бо шодтарин забон харф задааст. Ин филм чехраи нопадиди точикро бо равшантарин рангу форамтарин оханг ба хоричиён муаррифи кардааст.
Ман мисли хар як точик дар ин филм рох мепаймудам ва кучахои ошнои худро баъд аз 12 соли дури медидам, аммо Мехди-директори филм ба назарам дар марзхои ишку алокаи худ кадам мезад ва аз хоки фаромушшудаи мо дурдонахои раксу садои мардумиро чамъ мекард, то аз забони мо аз мо бо чахониён харф занад.
Чаро аз ин филм ва имруз менависам? Барои ин ки вебсайти он ба тозаги руи интернет пахш шудааст ва дар адреси Чарху фалак пайдо мекунед.