Дар сояи сафар

Бод давиду гузашт
Ва дарахтон
Домане аз махрумияти баргхо чиданд.
Модарам дар бог
Бо хаёлоташ
Чой менушад
Падарам дар хона танхо
Гули сурхи чонамозашро
Мебусад.
Ман хафа аз он ки хама
Кори дехот
Чодахоро пои зиндон мерехт,
Солхоро мехурд
Ва чавониро дами пири
дар элаки афсусу надомат мебехт.
Ман хафа аз дастхои кучаки дахсолаи хеш
Ки чаро кудрати парвозаш нест
Ман хафа аз кабки кафас
Ки чаро худро зад бар калби кафас хунин кард
Ва чаро шираи овозаш
Нест
Ман хафа аз руд будам
Ки чаро каъри замин рафт
Ба суроги дарё
Ман хафа аз Наврузу Бунафша
Ва хамон Хилоле ки бо об аз ман рафту пайваст
Бо чароги дарё.
Ман хафа аз кудаки гаштам рахо
Бо хафакон рафтам аз ин рох
Лаби руди лахзахо
Коштам як гули ох
Ох, боз
Бод давиду гузашт
Пои хофиза дар ин хотирахо ларзид
Руз рафт
Хона хам торик гардид.

2 پاسخ

  1. Hi Mahmud,
    it would be nice to know more about you
    and your opinion of this pages
    Is that “thanks” for me? If yes, what for?