Search
Close this search box.

ریگستان

نوشته‌های شهزاده سمرقندی

Тассали? Яъне чи?

Чанд руз аст ки забонам дар дахонам душмани чонам аст. Аммо имруз дахон боз кардам ва харфи … (чи кадар масхара ва ночиз будани ин калимаро медонстам, аммо фикр кардам бояд бигуям ва дили мотамзадаашро каме таскин бишавам…) ва харфи тассало гуфтам ба дусти эрониям ки зарра-зарра аз ин ходисаи зилзилаи Бам ва мардуми бегунох бо гунохи касон курбони шудаи он, чони худро месухт.
Аммо ба худам нафрат кардам чаро бояд уро ба ороми ва тахаммул хонам? Бояд балки хамаро ба шур хонам ва ба фарёд оям ки мардум магар чони мардуми мо азиз нест магар мо муру малахем ки сел-сел ва галла-галла мемирем?
Мо инсонем ва чони мо ва умри мо ва орзухои мо мисли хама ва хар нафари башар арзиш бояд дошта бошад, пеши шумоён, эй ононе ки зиндагии мо дасти шумост.
Дар зиндаги ёди мардум кунем ва дар гами у ва бехбудии у коре анчом дихем. Ичоза надихем ки галла-галла бимирем.
Холо чи кадар харчи моли хоханд кард, ки часадхои он мардуми бадбахтро аз хок берун кашанд? Магар бо он намешуд барои онон хонахои ба инсон муносиб бисохт ва мисли давлати Жопун бо зиндагони ва сарпанохи муносиб ва мутмаинтар ононро таъмин кард?
Мешуд, аммо барои мо мусалмонон мисли ин ки мурдаи азизонамон аз зиндаашон азизтар ва обрумандтар аст. Вагарна ба фикри харчи чанозаи падар чисми маризашро аз табобатхона ва парастории муносиб махрум нигах намедоштем, то ин ки бимирад ва бо махмалу гиряву мехмондорихои бепоён часадашро обруманд ба хок супорем.
Чаро зиндагии мо мисли омодагии тулони барои мирдан мемонад? Чаро мо мантики соддаи зистанро ин кадар печида ва ин кадар беарзиш месозем.
Истеъдоди зистан надорем шояд ва барои хамин хама бадбахта бар сари мо меояд ва боз меояд. Зеро мо илочи вокеаро баъди ходиса анчом медихем на кабл аз вокеа.
Ёдам омад, ки падарам мегуфт ва ман меранчидам, аммо холо медонам ки чи кадар хикмат дар он нухуфта будааст:
Эй бародар, хоки поят тутиё,
Гар ту моро дуст медори, биё.
Эътимоди мову ту дар зиндагист,
Баъди мурдам, хо биёи, хо наё… (Бобо Тохир)