Соли Нават муборак, Самарканди азиз!

Соат ин чо, дар Ландан 20 дакика ба 8- и баъд аз зухр аст ва дар Самарканди азиз шояд 12-и шаб бошад. Аз телевизиони Би Би Си -24 мебинам, ки дар Чин ва Жопун чи гуна соли навро пешвоз мегиранд. Ба худ мечушам, кош аз мардуми шоди Самарканд низ гузорише дошт. *** Мисли одати кадим, модари чон, даст бар дуо боз кун ва барои фарзандонат барор ва рушди маънави хох аз худои мехрубон. Медонам, ки чи гуна хаст он чо дастархонат ва мехмононат хама як-як паи хам аз дарвозаи бозат кадам ба дохил мегузоранд ва ту хар дафъа ёди ман мекуни. Медонам дилат барои ман ва Мохзода ва Шарифаи азизат танг аст ва ту медони ки дили мо барои ту ва хонаи азизи падари гум мезанад. Модари чон, бар часурият тахсинхо кардаам ва боз хам такрор мекунам. Кави ва чавон мони хамеша модар! Аз худо мехохам, ки дар соли 2004 худро ба орзухои ширинтари худ наздиктар бинем ва дастамон дарозтар барои кумак ба халку миллати хеш бошад. Шодихоямонро чуфт-чуфт ва калбамонро болида бинем. Хохаронам медонам аз болои гулдонии панчарахо баъд аз дар дил овардани орзухои соли навии худ ба поин мепаранд ва чаранги финчонхои шампан ба хаво мепечад… Хамаро аз чашму руй мебусам ва одати хонаводиагии моро фаромуш накарданатон шод мегардам. Ду соли пеш ман орзу карда будам, ки дар хорич бошам ва дарс хонам, холо мебинам ки чи ба осони мустачоб шудааст ва ман ин чо хастам. Аз дилат хар орзуе ки гузарад мустачоб гардад, модар, падар, хохарон, бародари азизам, аруси хона ва кудакони ноздонаи шумо: Шохазиз ва Фарзона! Ба Мохзодачон ва Шарифаи ширин бехтарин ва ширинтарин орзухои худашонро мехохам, ки то соли 2005 мустачоб шуда бинанд ва шодмонтарини духтарони дунё бошанд. Хандахо ва шодихои ширини шуморо ёд кардаам! Ман бо шодии шумо хушбахтам ва аз худо мехохам, ки бароям хамон орзуи соли гузаштаамро махфуз дорад, яъне аз ёри хоста ва мехрубон дур насозад ва шодии моро ба хам омехта ва саршортар аз пештар гардонад. Дили моро аз ишк ва эътимод пур кун ва сарнавишти гамноки моро бо бахту равнак ороста соз, эй худои рахим ва мехрабон! *** Аммо, Чи гуна метавонам шоди кунам, ки дилам дар хузн ва дастам аз кутохи маъюб аст. Вале дилам, дили бекоидаи ман хамеша аз умед ва орзу харф мезанад ва ба оянда дархояшро боз кардааст. Сахнаи гамноки гузаштаро дар пушти пардахои панчараам пинхон кардаам, имшаб шаби шодист. Сол ба хайр, азизони ман! Сол ба хайр!!!

یک پاسخ

  1. Asalomu aleykum, shoirai millat Shahzodabonu!
    Man ba`zan az sayti shumo chizhoi ba xud darkoriro judo karda megiram.
    Man bahri shumo tamomi orzuhoi shirini dar dil doshtaatonro mekhoham, obod boshed, sihat boshed, qalamaton doimo tez boshad.
    Payrav,
    sh. Samarqand…