Хойкухои (هایکو ) жопуниро каблан дар тарчумаи инглиси хонда будам. Холо ки чанд муддат аст тарчумаи форсии онро дар даст дорам, эхсос кардам ки бояд онро ба хонандагони точик муаррифи намоям.
Аммо кабл аз он ки ба муаррифии мухтарсари ин китоб пардозам, бояд инро таъкид кунам ки аввалин тарчума ва муаррифии хойку ба забони форсиро Ахмали Шомлу солхо беш анчом додааст, ки мутаассифона то имруз дастраси ман нагардидааст.
Ин китоби бо ном Таште саршор аз ложувард (Рузи соли нав ва чахор фасл дар хойку) ки гузидае аз осори хойкунависони суннатии жопун аст ва бо талош ва тарчумаи Абдурризо Солик (عبدالرضا سالک ) жонвиёи соли 2004 дар Сидни, Остролиё, ба табъ расидааст.
Дар мукаддимаи ин китоб муаллиф дар муаррифии хойку мегуяд:
«Хойку сурудае аст дар бораи як лахза, як тачриба, як дарёфт ё як хаёл дар колиби фишурдатарин шумори вожахо. Хойкусаро ё хойкупардоз нигохи жарф ба табиат дорад. У бо нигохи тезаш чизхоеро мебинад ки дигарон ё намебинанд ё бетаваччух аз канори он мегузаранд. Ба ин хойку сурудаи Башу (Basho) яке аз бузургтарин хойкунависони Жопун нигох кунед:
Теппае бидуни ном
Дар мехи ракик…»
Дар ин намуна ва намунахои баъди аён аст ки хойку бештар аз хафтдах хичо нест ва ба се сатр таксим шудааст. Хойку дорои вазни хичоист. Мутарчим кушидааст дар тарчумаи ин хойкухо низ аз хафтдах хичо фаротар наравад.
Ин чо хам чандто бештар хойкуе ки аз китоби мазкур интихоб намудаам:
1
Рузи соли нав
Ки дируз чунин дур буд
Дар сапедадам… (Ichiku)
2
Рузи соли нав
Гунчишкон барои хам
Кисса мегуянд… (Ransetsu)
3
Тобистон омад
Бас танхо, назди баргхо
Так-таки баргхо… (Basho)
4
Баргхои сабз
Руи дарахти олу
Бо диле ором! (Issa)
5
Мурги шаб ончо
Аз роххои нохамвор
Мепаймуд богро. (Shoha)
6
Насими хунак
Хадяе аз садри Буддо…
Коч, канори гур. (Issa)
7
Эй бузи кухи!
Боби дандони ту нест!
Кочи соли нав. (Issa)
8
Мох хазид, лекин
Чашмони хира ба ман
Дар чаман монданд… (Kyoshi)
9
Ин нахустин барф
Он кадар нест ки хам кунад
Барги насринро. (Basho)
10
Дустонам хама
Гарми тасошои мох-
Чамоате зишт.
11
Яхбандон дар шаб
Куза тарак мехурад
Аз хоб мепарам. (Issa)
غازهای وحشی
رفتند و بر در، گوئی
کشتزارها دورتر.
(Buson)
هنگام غروب
در خود فرو میرفتند…
گلهای وحشی.
(Issa)