Салом хохари азизам Гулноза.
Холо ки тасмим гирифтам номаи боз барои ту бинвисам, китоби аввалини ту пахлуи ман аст ва ба ман тамоми лахзахои ширинро ки бо ту дар Самарканд паси сар намудем дар калби ман хамчунон зинда мекунад. Чи кадар хуб аст хохаре мисли ту доштан. Чи кадар илхомбахш ва шодиовар аст вучуди ту дар зиндагонии ман.
Шонздах сол кабл аз ин вакте туи яксоларо дар багал мегирифтам ва намедонистам ки аз чи ин кадар мегирйи ва дилат чи мехохад, хеч вакт фикр ё хатто умеде надоштам, ки ту як руз дуст дори нависанда ё мутарчим боши.
Агар медонистам шояд туро камтар танбех медодам ва камтар аз гиряхоят асабони ва хашмгин мешудам. Маро барои ин ки туро чандин бор аз модар пинхони задаам бибахш.
Охир ман низ чахордах сол доштам ва аз ишки аввал ва аз хаячонхои тозаи балогат мехостам бештар ва бехтар лаззат барам ва танхо бошам. Дар танхои худро кашф кунам. Аммо аз доштани чахор хохари хурд ки хама дар як замон гурусна мешуданд ва дар як замон аз ман чизе мехостанд ё саволе доштанд, ман худро хеле бадбахт ва дасту по банди кудакони модар медидам. Шояд хамон замонхо буд ки дар ман хисси модар будан ва шавхардори кунд шуд ё кост. Намедонам. Модару падар низ аз танбехи кудакдустии худро аз дасти мо мекашиданд. Хеле рузхои сахте доштем.
Аммо холо ки балогари туро мебинам, он кудаке ки садои фигонаш дар саросари хотироти кудакии ман танинандоз аст, дилам аз шоди ва аз хушбахти чун мурги бахори метапад. Ман аз хохари ту будан ифтихор дорам. Туро дуст медоштам барои ин ки хамеша харфи дилатро руирост мегуфти, хатто орзухоятро. Ёдам хаст, вакте панч шиш солат буд, аз дидани як кадом филми кудаконаи руси, бо охи сард гуфти: “Кошки духтари ягон магозадори лухтакфуруш мебудам!”… Мо хама ба падару модар нигаристем. Падар хеле шарм дошт ва ё хасрате буд ки дар чашмонаш аён шуд. Модар туро ба огуш гирифт ва аз пешониат бусиду гуфт ки хатман бароят ягон лухтаке мехарад. Ман дар холати хеле хам ачиб ва гайри баён монда будам. Зеро тамоми либосхои кудакона ва тамоми лухтакхо ва тамоми тачхизоти кудаконаи хона барои ман ва бародарам харида мешуд. Ман духтари аввал ва нозпарвари хона будам ва бакияи хохарон хама бо либосхои ман, бо бозичахои ранграфтаи ман ва хатто рахти хоби кухнаи ман бузург мешудед ва шод будед агар ман чизе кухнашудаи худро ба шумо мебахшидам. Хеле хушхол мешудед. Модар пинхони мегирист, аммо чизе намегуфт на ба ман на ба падар. Зеро падар тамоми пасандозхояшро сарф карда буд ва дигар мисли пештара даромади хуб надошт ки ба кудаконаш ва хонаводааш расидаги кунад. Кори дустдоштаашро низ аз даст дода буд ва хатто дустону хешовандонаш низ гуё уро фаромуш карда бошанд, яку якбора гарибу танхо монда буд. Аммо то метавонист барои идомаи тахсили мо аз хамсоягон ва азт хар касе ки метавонист карз мегирифт ва ба худо хавола мекард.
Ман аммо хасуд будам, китобхоямро ба шумо хурдтаракон намедодам. Чун чандинбор ки барои як ё ду руз ба Мохзода дода будам, у ёдаш рафта буд ва китоби “Афсонахои халки точик” ро ки ман аз шахри Норак аз китобхонаи як мактаби махалли оварда будам, назди туи яксола гузошта буд ва ту онро ба чои “хондан” “хоида” буди ва сахифахояшро пора карда буди. Дакикан хамон сахифоте ки аксхои кахрамонон бо рангхои хубу дилнишин наккоши шуда буд, лесида ва газида буди. Ман баробари ин ки дилам барои китобам чиз-чиз месухт ва бо тамоми овозам мегиристам, ту ба ман маъсумона табассум мекарди ва гуё чашмонат мегуфт ки диди ман хам китоб хонда метавонам, ман хам китобхон шудаам. Модар ки омад китобро ба даст гирифт ва гуфт ки ту танхо мазза ва таъми аксхои китобро чашидаи ва хар ду хандидед. Ту аз хузури модар шердилтар шуди ва киккиросзанон ба холи ман механдиди. Ман низ миёни гиря ду се хандидам, аммо аламам зури мекард ва шуморо танхо гузошта ба самти утоки хеш рафтам то он чо бештар бигирям ва аламамро сабуктар созам. Аз он ба баъд модар умедвор шуда ки ту мисли у наккош хохи шуд. Ман низ фикр мекардам ки ту ё наккош хохи шуд ё дузанда, зеро аз бас барои худ лухтак месохти ва барояшон либос медухти ки духтарони хамсоя лухтакхояшонро назди ту меоварданд то барои онхо низ либосе бидузи. Падар хамеша орзу мекард ки мо панч духтар панч касби «занона» интихоб мекунем. Дилаш мехост ман муаллимаи мактаб бошам, Мохзода пазанда бошад, Гулзода хисобдор бошад, ту ва Хонзода ки хеле хурд будед, дар мавриди шумо камтар сухбат мекард.
Аммо, худоё, холо ки мебинам дилат дар рохи навиштан мезанад ва дар рохи такмили кудакихоят ки бидуни либоси нав ва лухтаки мулоим ва китоби хушрангу пуракси афсона гузашт, дилам мехохад аз он ки туро чидди нагирифтаам ва надидаам, аз ту маъзарат хохам. Талошхо ва орзухоятро хеле мешиносам ва хеле метавонам аз умк тахлил намоям. Зеро ману ту дар такмили якдигар омадаем. Ман аз доштани ту хушбахтам ва кош хузури ман дар зиндагонии ту низ бехуда набошад.
Аз ин ба баъд тамоми китобхои ман моли туст, утоки бузурги кории хонаро низ ба ту мебахшам. Ту ки дар 16 солагиат рохи 29 солаи маро омадаи, ман бояд туро дигар аз дидгохи хохари бузургсол нигох накунам. Ту хамрох ва хаммаслаки ман асти ки ман солхо дунболаш мегаштам, солхо барои пайдо намудани чунин нафаре дар кучахои Самарканд, дар махфилхои адабдустон мегаштам, дар синфхонахо дар нигоххои навчавонон, дар дехахо ва кухистонхои Самарканд. Ва пайдо кардам. Дустоне зиёд ва бехтару бештар аз ман.
Аммо мо охирин насли захмин ва парешони Шурави хастем. Ман аз хамнаслони худ дер мондаам. Ин кадар дер мондаам ки туро бехтар дарк мекунам то онхоро. Ман насли туро бештар дуст дорам ва бехтар мешиносам то насли худро.
Ту аз насли комилан мутафовит ва имрузи хасти. Ту аз насли солим ва бедуни кина ба кавмхои дигар, бидуни назароти пусидаи кадим, бидуни мафкурахои мухталиф ва фалсафахои омехта бо бехудагии махз хасти. Ту махсуб ба он насле хасти ки на чизеро мешавад ба шумо тахмил кард ва чизеро ба кас тахмил месозед. Ман бо шумоён дар сулхи абади хохам буд, эй насли колибшикани тозаи точик.
Чи кадар хушхол шудам вакте дидам дар муковаи китоби аввалинат акси худро бо либоси миллии нафиси точики гузоштаи. Чи кадар ин акс маро дар ту хушбин намуд, намедони.
Ба хар хол насли мо аз он наслем ки дунёямон дар сарзамин ва миллати хеш махдуд мешавад. Насле ки гурури миллиаш миллатро парешон кард. Холо боз чаро шуруъ кардам ки магзи тозаи туро низ бо ин сиёсату миллатталошии пучи насли хеш биолоям. На, балки ман бояд пахлуи ту бинишинам ва софандешиданро биомузам. Соф мисли кабутар дар сари гунбади Самарканд.
Чи кадар аз ин афсонаи интихобкардаат хушам омад, чи кадар дунёи туро бо дунёи худам наздик дидам. Рухам равшан ва шод шуд ва ба худ гуфтам холо хамсухбате барои ман пайдо шуд, холо метавонам танхояимро бифурушам. Оре мисли бакколи сари куча танхоимро бифурушам ва танхоии туро бихарам. Мо хар ду судманд хохем шуд.
Аммо бояд бигуям ки хочати ташаккур кардан аз ман набуд. Мо аз як рагу хун хастем ва байни мо набояд ин таъоруфхои бегонавашона вучуд дошта бошад. Ман хамеша хозирам ба ту кумак кунам. Хамеша бо ман руи рост бош мисли оне ки хамеша буди, ба ман бинавис ва ба хамаи ахли хонавода салам ва мухаббати маро бирасон.
Як бори дигар бо нашри китобат табрик мегуям ва сахт дар огуш мегирамат. Ту ки медони ман аз навиштан хеч вакт хаста намешавам, хусусан барои ту. Хамаро аз номи ман бибус.
Панохи худо, то номаи дигар…
Хохарат Шахзода
Лондон
2004-07-31