Уро факат бо садояш мешинохтам.
Садои латиф ва эхтиромгузоронае дошт ки маро водор карда буд хамбастагии амике нисбат ба у пайдо кунам. Аз у зиёд шунида будам, хама касоне ки мешинохтандаш аз у бо хуби мегуфтанд. Дар мухити кори ман хамчунин ходисае хеле кам даст медихад. Маъмулан ин чо аз касе хуб намегуянд ва хамеша айбеву заъферо дар кас таъкид мекунанд то доираи корро барои худ махдуд ва барои дигари бозтар насозанд.
Имруз уро дидам. Духтаре буд бо муйхои сиёх ва дароз то миёнаш, бо либосе комилан мардона ва бо харакоте хатто дурушттар аз мардон рох мерафт ва аслан ба руи кас нигох намекард. Аммо хама ба руи у менигаристанд. Ман хам. Аммо холо аз чехрааш хеч дар ёдам нест, гарчанд имруз дидамаш. Холо ки аз дидани у шояд дах соат гузаштааст, ман боз хам дар фикри у нишастаам ва дар айни хол ба худ меандешам. Ман чи кадар аз садои латифи у фиреб хурда будам. Чи кадар худро дар афсонахои сохтаи худ аз шахсияти у бохта будам.
Зохир он кадар мухим нест ки ботин аст. Ин аст аввалин харфе ки ба хам мегуем, аммо вакте бо худ ру ба ру менишинем харфи дигар дорем.
Шунидам хуб аст, аммо дидан вокеист.
Аммо ман хатто вакте менигарам, вокеъбин нестам.