Search
Close this search box.

ریگستان

نوشته‌های شهزاده سمرقندی

Хучандия

                                          Сирдарё ( акс аз Мехдии Чоми) 


         Аз  Хавопаймо

Аз зери сояи абрхо
Ба Точикистон менигарам
Ва мардумонаш
Ки миёни пистонхои кухсорон
Панох бурдаанд,
Бахри Точик
Чун калби точик
Дар Хучанд метапад
Ва Сирдарё 
Гуш ба набзи кунди даштхо супурдааст
Ва даст аз синаи пурсузи Зарафшон
Кашидааст.

      Тамошо

Домани куху
Шатти шаршара
Духтаронро чи осон
      урён мекунад
Шайтони манзара. 

          Хайма

Ба дахони бози лолахо
Шир мечакад
Аз синаи сахар
Ман ба бозуи дашт
Сар гузоштаам
Ва осмон пур аз буи омадани туст.

       Аз дурхо

Дар инзивои дили ман
Самарканд урён аст,
Дар андешаи Осиё
Фариштагони гарби
Ба харбузахои хушбуи Бухоро
дил додаанд.

Дар инзивои дили ман
Дарахтон чизе мегуянд бо лахчаи бахор
Каломи сабз
Дар набзи Самарканд
Ях бастааст.

(Хучанд, бахори 2004)

2 پاسخ

  1. Дусти азиз, Шахзода Салом! Номаи Шуморо гирифтам. Ташаккур. Аммо мехохам сари ду нуктаи он рушани андозед. Аввал ин ки Шумо гуфтаед, ки сафарномаи Устод Махди ба емайли ман пайваст кардаед, вале онро ман гирифта натавонистам. Мехохам хатман онро бо хар рох бошад ба ман дастрас намоем. Бояд дар рузномаи мо ба нашр расад.
    Дигар ин ки пурсишатон дар мавриди баъзе нукоти рузнома ба чи хотир буд. Ман ин матолибро бо емайли Шумо хам ирсол кардам.
    Холи вакте ин нома менавиштам, Шумораи дигари рузнома ба нашр расид. Шеърхои Хучандиёнаи Шуморо хондам. Хеле чолиб. Мехохам онхоро ба нашр расонам, аммо андешаам ин аст, ки як акси дар Хучанд гирифтаи худро ё руи сайт рузоред ё ба емайли ман ирсол намоед. Аммо дар мавриди накди онхо фикр мекунам, нуктаи назарамро хамчоя бо андешахо дар бораи китоб изхор хохам кард.
    Дар мавриди точикони Ландан шояд матолибе барои рузнома нависед.
    Интизори паёмхои тоза аз чониби Шумо хастам. Рузхои наздик чанд шеъри тоза руи ин сайт ба Шумор мегузорам.
    Бо арзи ихлос Нурали

  2. Салом ба ахли точик! Салом ба ахли точдор!!!
    Маназ Бухоро Шариф хастам. Забони точики ин забони модарии ман низ мебошад. Дар Бухорои Шариф мактабхо ва олигоххои точики баста шуда истодааст. Ба ин сабабхо бисёранд лекин асосан норасоии материалхои дарсй (китобхои дарсй) гуем хато намешавад. Ман мехохам ки ин муаммохо бартараф карда шавад