Search
Close this search box.

ریگستان

نوشته‌های شهزاده سمرقندی

Вакто начотдихандаат котили ту мегардад…

 Тамоми руз рузномахои Ланданро медидам ки пур аз аксхои кудакон, модарон ва наздиконе, ки ба марги беш аз сесад нафар  азизони курбоншудаи худ мегиристанд, ки дар мадрасаи Беслани Русия  кушта шуданд.

Вакто Путин аз сафари лаби дарёии худ баргашт, ман як фармони сард ва бо сиёсати комилан русиро интизор доштам. Яъне хозир ба хама чизро аз даст додан, то хеч чизро аз даст надиханд.

Кудакони як шахр бо бехтарин либосхои худ ва гулдастахои худ ва бо баландтарин орзухои худ ба истикболи дониш рафтанд ва ба доми терористон гирифтор шуданд. Тамоми дунё интизор дошт то давлати Русия ононро начот дихад, аммо…

Дастаи мусаллахе бо номи начотдиханда даври мадрасаро гирифтанд ва шуруъ карданд ба хамлаи мустаким ба боме ки зери он кудакон ва модарон чашминтизори начот ва рахои буданд. Вакто аз хазор нафар беш аз 330 нафар кушта мешавад, беш аз 400 нафар мачрух мешавад ва бакия ё фарор кардаанд ё беномунишонанд. Ин начот додан нест, балки бештар ба катли чамъи монанд аст.

Ман бо баробари ин ки дилам сард буду сардтар аз хукумати Русия гардидааст, ба ин иттифоки хунин ва фаромушнашаванда чунин ном мегузорам:

“Начотдихандагоне, ки котилони асли буданд” ва чони кудаконро аз сиёсати пешгирифтаи худ камарзиштар эълом карданд. Албатта ба дунё маълум буд, аммо холо санад низ додаанд. Дилам сард аст аз сиёсати руси ва терористи, ки дар ин маврид  фарки хеле-хеле кам байни ин ду дидам. Дилам сарди сард аз Русия гардидааст. Оё ин ях мисли  яххои дигар об хохад шуд, намедонам…

Умед дорам аз он кудаконе ки чон аз ин имтихони хунин ба саломат бурданд, муборизони вокеи барои озодии вокеи ба воя расанд. 

Сиёсатмадорон ва терористон бо номхои мухталиф боиси маргхои дигар хоханд шуд ва зиндаги ин рузхо бештар аз ин аз худ нишон надодааст.

Ва лолахо хар руз камтар ва камтар меруянд, чун чои ононро рангу буи хуни курбониён пур кардааст. Таъми хок шояд дигар он нест, ки дар кудаки хурдаам.