Хотами ва гулдухтарони точик

700 миллион дуллор дастовези каме нест, ки Хотами ба Точикистон додааст. Аммо вакте ба аксе мунаввар аз либосхои атласии духтарони точик, ки барои пешвози Хотами ба фурудгох рафтаанд, дурудароз  менигаристам.

Меандешидам, ки Хотами ба чи меадешид вакте гурухи духтарони точик бо кокулони хушбофт ва дастагулхо ба пешвозаш мерафтанд ва лабхо пур аз табассум ва чехрахо пур аз маъсумият ва дилхо соф, хаячонзада…

Хотами ба чи меандешид? Ба ин ки точикон низ дер ё зуд мусалмони “комил” хоханд шуд ва занон ва духтаронаш  бохичоб…

Ё ба ин ки дер ё зуд занон ва духтарони кишвараш аз бор ва пардаи хичоб рахо хоханд ёфт… 

Ва оё аз надидани занон ва духтарони точик дар масочиди шахри Душанбе хушхол хохад шуд?..

(Ачиб аст,  конуни мамнуъ кардани намози занон дар масочиди Точикистон чанд хафта кабл аз сафари Хотами имзо ва чори шуд)

Зиёд андешидам ба ин ки Хотами аз Точикистон чи дастоварде барои хеш ва кишвари хеш хохад бурд?

Ва рангорангии хиёбонхои Душанбе аз занон ва духтарони хушлибос ва озодпуши он дар у чи таассуроте хохад гузошт…