Созу овози Осиёи Миёна дар Ландан

 Шахзода Назарова

Барои аввалин бор гурухи бузурге аз овозхонон ва навозандагони шинохташудаи Осиёи Миёна дар Ландан як барномаи хунарии муштарак ичро карданд.

Ин барнома дар Теотри бузурги уперои Ландан мавсум ба London Coliseum, ки яке аз муътабартарин ва бузургтарин бинохои теотрии ин шахр аст, ба химояти Бунёди Огохон ва як бунёди мусики ба номи О2 баргузор шуд. Хузури шахси Огохон – рахбари исмоъилиёни чахон низ намоёнгари алокаи вижаи Бунёди Огохон ба фархангу мусикии Осиёи Миёна буд ва ин амр теъдоди хар чи бештари исмоъилиёни мукими Ланданро ба тамошои ин кунсерт чалб кард. Дар бинои бузург ва бошукухи Теотри Миллии Ландан, ки хамвора махалли баргузории намоишхои клоссики уперои инглиси будааст, он шомгох бо навои хазини Шашмаком ва суруди шурангези марвигии Бухоро, бо найнавози ва достонхонихои шоду андухгини киргизиву казоки, бо таронахои дилнишин ва оханги табли афгони ва муночоти озарбойчони ва доираи барангезандаи бадахшони пур шуд



Худуди чихил нафар устоди хунар, ки аз кишвархои Осиёи Миёна ба изофаи Озарбойчон ва Афгонистон чамъ омада буданд, омезае аз маъруфтарин сабкхои овозхони ва ракси кишвархои хешро ичро карданд. Хамчунин таррохи ва интихоби либосхои хунармандон, ки омезае аз урфу одатхои имрузиву кадимии кишвархояшон буд, таваччухи хозиринро ба худ чалб мекард. Хар гурух тиккахое аз охангу суруд ва ракси мардуми ва дарбории хешро бо либосу ороиши хос ва созхои мусикии гуногун ба ичро гузоштанд. 
  
Ба номи худо


Намояндаи Озарбойчон Олим Косимов мачлисро бо азон шуруъ кард. Вай ба мохи мутахаррики руи сахна, ки бо имконоти роёнаи (компютери) тархрези шуда буд, ру овард ва садои дилнишини худро рахо кард. Дарёи обии роёнаи хам охиста ва бо мароми оромбахши азонхонии у мавч мезад. Олим Косимов аз овозхонони классик ва маъруфи озарист, ки дар ичрои баъдии ин мачлис уро ду нафари дигар низ бо овозхони ва дафнавозии хеш хамрохи мекарданд. Чун мохи сахна ба хуршеди пурнур табдил шуд, устод Косимов бо Фаргона Косимова тиккае аз «Лайли ва Мачнун»-и Фузулиро дар сабки макоми шурангезу ошикона ичро намуданд

Достони кахрамонии Манас



Вакте ичрои озарихо ба поён расид, намои сахна чун панчараи бузурге ру ба дашти бепахнои киргиз боз шуд ва чодари танхои чупоне бо дудкаше борик, ки аз он дуд чун нишонаи зиндагони дар домани куххои Тиён-Шон сар ба осмон мекашид, зохир шуд. Гурухи «Тенгир-Ту» аз Киргизистон вориди сахна шуданд. Нурлонбек Нишонов, Гулбара Байгашкаева, Зайниддин Имомъалиев, ва Кенчекул Кубатова, Асилбек Насирдинов ва Азамат Отунчиев руи сандалихои нимгирд нишастанд ва шуруъ ба чангнавози ва найнавози карданд. Ичрои мохиронаи онон рухи дашти ва доманкухии ин мардумро бар дилу дидахо чо мекард. Рузбек Чумъабоев, ки либоси музайяне чун чанговарони даврони Манас ба бар дошт, чахорзону васати сахна нишаст, то бо хамон тарзи кадими достони набардхои Манас бар зидди истилогарони хоричиро кироат намояд. Бо кулохи разми дар сар ва комати баланд гуё Манас буд, ки боз гашта буд, то бо забони худ аз худ хикоят кунад. Ва най ва чанг рухи пурормони нажоди Манасро бо сарохати том баён мекарданд

Санами уйгур



Куллахои Тиён-Шон ва домани фарохи он дар сахна пайдо буд ва гохе паррандагон бар фарози он парвоз мекарданд. Дар майдон гурухи хунармандони казок, карокалпок ва «Санам» – дастаи хунарии уйгурхо бо созу суруду ракс ва либосхои мутафовити мардумии хеш ба тамошобинон гувохи аз гушаву пахнохои камшинохтаи Осиёи Миёна медоданд. Улчон Бойбусунова бо либоси шохдухтарони казок тор ба даст овоз мехонд ва дар ичрои у руху атвори як шохдухтари далер ва асбсавори казок хувайдо буд. Ин гурухи нухнафара бо махорати тамом намунахоеро аз суруду мусикии дарбориву омиёнаи мардуми хеш ичро карданд ва Нозугум Аюбова хам бо ракс ва хам бо овозхони ва хам бо торнавозии хеш аз занони пурчуш ва боистеъдоди Осиёи Миёна шаходат медод

Фигоне афгони



Дар сахна равзани утоки афгони ва дар гушаи он чароги чодуи Аллоуддин пайдо буд, ки шуълаи нозуке дар он медурахшид
.Намояндагони Афгонистон, хамсояи чанубии Точикистон, ки иборат аз устодони шинохташудае буд, ба монанди Хумоюни Сахи (рубоб), Гулом Хусайн (танбур), Рахим Тахори(гижак, дутор ва овоз) ва Мухаммад Вали Набикул (табла) вориди майдон шуданд ва руи замин ба хамон сабки афгони чахорзону заданду ба болишхо такя доданд. Садои гушнавози таблу тори афгони ва таронахои шоду ошиконаи мардумии он косидони хушнаво ва хушсарои сарзамини Афгонистон буданд, ки дунёи хорич дер боз ин чанбаи фарханг ва зиндагонии мардуми афгонро аз ёд бурда буд. Гарчи дар ин чамъ намояндагии Ирон хузур надоштанд, устод Рахими Тахори бо ичрои газале аз Саъди – шоири овозадори клоссики форсизабон чои холии устодони ирониро то хадде пур кард

…Дур машав, дур машав



Куххои Помир ва паррандагони баландпарвози он дар сахна намоён шуд ва намояндагони кухистони Бадахшон – Хакназар Алаватов ва Сохиба Давлатшоева ичрое аз охангу суруд ва ракси бадахширо ба нахви ахсант анчом доданд. Садои пургурури доираи бадахшони ва ракси Сохиба бо дастони чун боли укобон бози хеш ва чарх заданхои у далели фалсафаи амик ва дар айни хол содаи куххои Помир ва домани он буд. Оханги рубоб ва доираи бадахши бо суруде хамрох буд ва газале аз Руми “Дур машав” ва газале аз Лоик суруданд, ки боъиси ташвику каф заданхои тулони ва сут (хуштак)-кашихои бинандагон шуд

 Шашмаком ва дунёи хамсони точику узбак


Сахна аз Манори Калони Бухоро ба худ коб гирифта буд ва аз дури намохое аз шахрхои Самарканду Бухоро низ бо гунбадхои хамсони хеш ба назар мерасид. Гурухи омехтае аз хонандагон ва навозандагони точик ва узбак ичрои худро аз Шашмаком огоз карданд ва газали машхури Хофиз «Агар он турки шерози ба даст орад дили моро» дар толори пуршукухи Ландан танинандоз шуд. Барнома бо суруди шоду пурсурури марвигии Бухоро ва бо хунарнамоии раксандае бухорои анчом ёфт

Се соъат, албатта, фурсати кофие нест, то бишавад мардуми камошно ва ё комилан ноошнои хоричиро бо фархангу мусикии мардуми гуногуннажоди Осиёи Миёна ва хам бо овозхони ва хам бо ракс ва хам тарзи ороишу либоси вижа ва мутафовити онон ошно намуд.


Аммо даст заданхо ва истикболи гарми тамошобинони хоричи, ки бештар исмоъилимазхабони шахри Ландан ва мехмонони баргузоркунандагони ин мачлис буданд, далели комилан баръакси он буд. Истикболи хозирин аз хунармандони зан бештар буд, ки бархе аз онон гах тор менавохтанд ва гах овоз мехондонанд ва гохе хам мераксиданд.

Хамчунин ороиши сахна, ки кори ороишгари маъруф ва наккоши фаронсави Мишел Жефренно буд, аз тахкик ва алокаи бисёри у нисбат ба фархангу хунар ва чугрофиёи Осиёи Миёна далолат медод. Сахнаи намоиш бо ду экрони телевизиюнии бузург, ки бо истифода аз чадидтарин имконоти компютери таррохи шуда буд, фазои зиндаеро аз мардуми ин китъаи дунё фарохам мекард, ки бешак кобили тахсин аст

Бо вучуди ин хама барномарезихои чидаву санчида ва захмати зиёди баргузоркунандагон ва издихоми касногузари тамошобинон дар рохрав кас зуд мутаваччех мешуд, ки ин намоиш танхо насиби ононе гардидааст, ки алокаи шахси ба Осиёи Миёна доранд ё иртиботе бо исмоъилиёни Ландан. Аз ин руйдоди мухимми фарханги на таблиготи густардае дар матбуъоти Ландан анчом шуда буд ва на филмбардории дохилие ба назар мерасид. Ва ин хама ранг ва садохои шурангези гушаи камошнои Осиё дар зери хамон гунбади Лондон Колосиум махдуд монд. Харчанд фурсат барои таблигу муъаррифии пурдоманае муносиб буд ва метавонист бар теъдоди тарафдорони ин фархангу мусики дар байни инглисизабонон бияфзояд

Ин гузориш каблан дар сахифаи Би Би Си ва бо аксхои интихоби дигар нашр шудааст.

Навиштаи Мехди Чомиро аз ин мачлим дар ин чо бихонед

Гузориши Дориюши Мухаммадпурро дар ин чо бихонед