Дилшодро бори аввал дар Ландан дидам. Дар яке аз дарсхои инглиси дарро боз кард ва ба дохил омад. Дар миёни он хама хоричи ва он хама бегоназабонон симо ва нигохи точиконаи у барои ман бисёр нишотангез буд.
Ман он руз мисли хамеша ба дарс дер омада будам ва назди дар нишаста будам. Канори ман сандалие холи буд. У хам омад назди ман нишаст ва чашм ба устод афканд то уро ба хама муаррифи кунад.
Ман пешдасти кардам ва гушаки пурсидам:
– Шумо аз Узбакистон хастед?
-Бале.
Аз садояш ва симояш нишонахои ширини ватан хувайдо буд ва нигохаш метавонист факат самарканди бошад.
-Аз Самарканд?
-Бале. Шумо?
-Ман хам…
Устод сухбати моро бурид ва мо ба хамдарсихо пайвастем. Аммо баъд аз дарс бо у бештар ошно шудам. Гуфт дар Донишгохи Вестминстери Тошканд мехонад ва омада то дар тобистон бо фарханг ва мардуми Лондон ошно шавад. Вестминстер (Westminster University) аз муътабартарин донишгоххои Инглис аст, ки чанд сол аст дар Тошканд низ шуъбаи худро дорад.
Карор аст Дилшод хамин рузи шанбе (16.10.04) ба Тошканд ва ба дарсхои аслии худ баргардад ва ман онро ба мехмони даъват кардам. Вай хам кабул кард, аммо бо шарте ки вай оши палави самарканди пазад. Ман бо хушхоли кабул кардам, чун худ наметавонам ин бехтарин хурдании точикиро бо хуби бипазам.
Бо дидани Дилшод хеле иттилоъот аз чавонони имрузии точик гирифтам. Дар у медидам, ки бо омухтани забонхои хоричи ва ошноии амик бо фархангхои мухталиф уро ба фарханг ва мардуми хеш наздиктар намудааст ва бо чашмони боз тасмимхои мустакилона мегирад ва дилаш барои дунёдидан ва дунёшинохтан хамеша пар-пар мезанад.
Дар у суннатхои точикиро омехта бо модернита ва имрузигарои медидам. Дар 19 солаги хам фотошоп (photoshop) ва хам бо филм (film editing) ва хам бо забонхои фарханги гайр ошност. Чизе дар у дида мешуд, ки маро дар хисси гунох гузошта буд. Сухбат бо забони ноби форси-точики. Дусти ман Мехдии Чоми ки дар ин шаб бо мо буд ва ин ду бо забони инглиси бо хам сухбат мекарданд. Зеро Дилшод бо лахчаи форсии Мехди ки эронинажод аст дуруст мутаваччех намешуд. Ва Мехди низ фурсатро аз даст намедод ва дунболи пайдо кардани калимоте буд ки хосси лахчаи Самаркандиёни шахрнишин аст ва талош мекард торихи омезиши ононро ба мо шарх дихад. (Масалан: сони; аммо маълум шуд ки хам самаркандиён ва хам машхадиён ба оши орд “лахчак” мегуфтаанд. Ман намедонистам, аз модар ё модарбузург бояд пурсид.)
Аммо Дилшод аз хар имконоти мавчуд дар кишвари худ истифода карда буд ва омухта буд. Чизе ки наомухта буд ки он фарохам набуд. Яъне насли бузургсол дастовардхои худро тамому ночакон ба насли чадид расонида натавониста буд.
Дар калбу идроки насли чавон як холиигии амик аз забону фарханги форсии точикии мебинам, ки гунохи он ба гардани ахли илму фарханги мост на таксири ин чавонони боистеъдод ва пурталош ва баландпарвоз ва дурбин. Чи кадар ин тафовут бештар ва бештар меафзояд ва дурии байни ин наслхо ба солхо ва солхо мерасад.
Ман худро дар байни ин ду насл: зери 20 сола ва боло аз 40 сола мебинам. Аммо аз лихози дониш, тачруба, имконот, назар ва самти чараёни зиндаги хеле бештар наздик ба чавонон.
Дилшод ба ман пухтани оши палавро ёд дод ва пора кардани (ё ба кавли кухистониёни Самарканд реза кардани) сабзиро, ки ман ба суръати кори у бо дахони боз ва каме нигарони менигаристам, “худо накарда дасташро буррад!”
Аммо палави хушмаззае ба бор омад, ки барои ман хушмаззатарин таъми оше буд, ки дар ин солхои гурбат хурдаам. Чои палави модарам ва дастархони хонагиамон албатта дар дилам холи буд. Хусусан сабзии сурх ва буи хуши зира тамоми руз маро ба Самарканд бурда буд.