Сари субх компутерро равшан кардам ва хабаргузорихоро мурур. Хабархои бад ва озуранда мисли хамеша бештар аз хабархои хуб буданд. Аммо радиои Озоди хабари сиёхе дошт: Иржи Бечка аз олам даргузашт….
Холо ки боз дубора пушти кампутер нишастаам, ду руз гузаштааст, аз он ки Иржи Бичка аз донишмандон ва пуштибонони забони точики дар чахони хорич дигар хаёт нест. Ин мард ки ман уро чун устодам шодравон Раззок Гаффоров аз сутунхое сарбаланди илми забоншиноси медонам, хамчун бисёре аз донишмандони дилсуз ва пуштибони забон ва адаби точик даст аз сари ин забон ва миллат бардошт ва окибат ором гирифтанд. Майдони забоншиносии точик дигар ба марзи ороме мемонад, ки иттифоки мухимми илми дар он кам рух медихад ва танхо марги нобахангоме онро ба чунбиш меорад ва боз ором мегирад. Чи дар дохили кишвар ва чи дар хоричи Точикистон вучуди ин мардони дониш ва суннати устувори забоншиноси руз то руз кам мешаванд ва дар ин даврони мухимми тачаддуди забоний забони точик забондонони хешро мураттаб аз даст медихад ва касоне сари кор меоянд, ки тачрубахои нокофи доранд ва ё шогирдони ин устодонанд…
Чанд руз аст, ки факат хабари бохтан ва талафот аз ин майдон меояд. Дар назарам чунин мерасад, ки гуё ба майдони илму хунар дигар касе ворид намегардад, чуз барои бардоштани пои тобути устоде.
Гузориши Сайти Би-Би-Си Форсиро дар ин чо бихонед.