من خوابمو تو بیدار ، من بیخبر تو هشیار …
То аз хоб бедор шавам, дустон ин хама сухбати гарме доштаанд. Хамеша аз бахс лаззат бурдаам, шояд барои ин бошад ки дар дилам чизеро бедор мекунад, чизхои хуфтаеро дубора дар зехнам фаъолтар месозад.
Холо низ дар пои матлаби кабли чое ки харф аз фарханги иронинажодон меравад, маро боз ба ёди орзуи даврони навчавониям баргардонд. Замоне ки чуз китоб хондан шугли бехтаре надоштам ва шаб то руз ва руз то шаб дар кунчи утоки хеш китоб мехондам ва пардахои торикро пойин мекашидам, то офтоби тобистон ба суроги ман наояд ва аз дустони шуху бозидусти хеш низ пинхон шуда бошам. Он рузхо буд ки дар дилам як орзуе бедор шуда буд: замини бесохиб ва холиеро бихарам ва аз дустонам хохиш кунам то бо хашар онро обод кунем ва девору сакфе бисозем, ки ман мехостам онро кутубхона ном гузорам. Кутубхонаи Хайрхохони зиндадоштани фарханги форси дар Самарканд ва хар ки аз руи тавони худ метавонист аз тамоми гушаву канори дунё китобе бифиристад, то мо форсизабонони бекитоби Узбакистон битавонем дастрасие бар кутубхои мухталиф дошта бошем.
Ин андешаи ман албатта замоне шакл гирифта буд, ки донишчуён ва мактаббачагони Точикистони китобхои дасти дуввуми худро ба мо мефристоданд. Ин радду бадалхо аз тарики мачаллаи “Машъал” сурат мегирифт, ки дар тамоми гушаву канори шуравии кабли дастрас буд ва барои мо кудакон ва навчавонон бисёр шавковар ва чаззоб…
Холо низ шояд ин фикрро дар Точикистон, дар шахри Душанбе бишавад пиёда кард. Хонаи хароберо интихоб кард ва одреси онро аз тарики интернет ба хамаи ирониёне ки метавонанд китобе ба он сурога ирсол намоянд фиристод ва бо ин кор мешавад кутубхонаи сарватманде дар Душанбе рох андохт. Албатта ин кор касонеро мехохад ки вакти бисёр дар ин кори хайр бигзоранд. Вагарна ман мутмаинам, ки давлати Точикистон ва кутубхонахои расмии он то имруз натавонистаанд, нусхае низ аз кутуби то имруз дар Ирон нашршудаеро чамъовари карда бошанд, то дар дастраси хонандагони худ бигзоранд.
Шояд низ бахше аз кутубхонахои давлати ё шахсийи то имруз мавчудро ба ин кор бишавад хидоят кард, ки равобити мубодилаи кутуб байни мо точикон, ирониён ва афгонон ба рох уфтад.
Бакия марбут мешавад ба сиёсатхои давлатхои форсизабони хамсоя ки худ хатман дар ин бобат андешаву конунхоеро навишта бошанд, шояд каму беш амал низ карда бошанд, аммо ин вакти он аст ки он китобхонае аз тамоми осори форсизабонони чахон чамъовари бишавад. Чи хуб агар дар Точикистон.