Шаби талх ва ширине доштам. Ширин аз он буд ки аз фаъолияти занони порсигу меболидам ва талх аз он ки паёмашон дарднок ва рохашон дур ба самти орзуву ормонхояшон буд.
Аз Ширини Ибоди ва суханронияш мегуям ва аз дифоъи у аз зиндониёни сиёсии Ирон.Аз Симини Бехбахони мегуям, ки шеъри худро ба хаводорони форсизабони Ланданияш фиристода буд ва Ширини Ибоди онро бароямон кироъат кард. Аз марди гурусна ва зиндони Акбари Ганчи мегуям, ки холо 33 руз аст, ки дар зиндон гуруснанишини мекунад ба хотири озоди.
Озодии ман лаззате надорад ин рузхо. Аз конуни асосии хеш дур мондаам. Калиди тиллоии шеър низ аз даст рафтааст. Ба Симин гуш медихам ва бо вожа ишкварзиданхояшро назора мекунам. Шояд ман низ барангехта шавам…
Подоши ин дилогохи
Эй кош метавонистам, то гул барот бифристам,
Ё бахри рузадорихот нуклу набот бифристам.
Шуридавор имшабро бо вожа ишк меварзам,
То бо дамидани хуршед шеъре сазот бифристам.
Эй кудаке ки дирузат мавкуфи найсаворон шуд,
Акнун ки марди майдони, асбу кабот бифристам.
Иблисро зи худ ронди, аз дил губор афшондй,
Подоши ин дилогохи, шукру санот бифристам.
Эй кош метавонистам бар умри ту бифзоям,
Суят зи ашки худ чоме оби хаёт бифристам.
Эй кош метавонистам шархе ба хун кунам имзо,
Дар тангнои зиндонат хукми начот бифристам.
Ин ногушуда дар рузе бар ту рузе гушуда хохад шуд,
Фарши умед мебофам, то пеши пот бифристам.
( Газал аз Симини Бехбахони ба Акбари Ганчи)