(Ба ёди Акбари Ганчи)
Марди ноошно
Бо сигоре норавшан дар миёни лабхои сарди хеш
Кадам занон мегузарад
Бо сари фуру рафта дар гиребон.
Гами у чист?
Ва ёри у кучост?
Аз манзили гарм берун задааст
Ё ба манзили сарди хеш меравад ночор?
Охирин сигор пахш шуд
Ва нигохи шуълавар.
Ба катрахои бепоёни борон менигарам
Ва дакикахои намноки шахри бегона
Ки дар нигохи ман чамъ мешавад.
Гариби дарси хубест
Ки маро тавони ошнойи бо бегонагон додааст
Ба андозае ки хешро шинохтаам.
Ба андозае ки хешро дар кучахои ошно ва азиз
Пора- пора чой гузоштам.
Гармои нигохам дар шахрест
Гармои калбам дар шахре
Ва гармои иштиёкам дар кучахои бегона
Гуму гур аст.
Вакте танхоям
Шуълаи як сигорам орзуст
Шуълаи марги ором-ором
Ки чун дуст бар чони ман меояд
Ва аз шиддати иштиёки дидораш
Мешавад чон супурд
Ва ё аз дидори бисёраш.
Холо медонам
Ки зиндониён зери осмон бисёранд
То пушти дархои сангин
Ва ё дар бандхои сахти такдир.
Ман бо шумоёнам имшаб
Эй мардумоне ки аз рохи хавас
Охиста -охиста чон месупоред
Ва аз рохи нафас
Охиста- охиста шаффоф мегардед.
Касе дар мезанад имшаб,
аммо дер…
یک پاسخ
Shahzoda!
Az Shumo lhohish in ast, ki ba in e-maili
man noma navised. Bisyor mekhostam, ki bo Shumo dar tamos shavam va suhbatero ham anjom doda bosham.
Bo arzi ehtirom
Kayumarsi ATO,ruznomanigor,
Dushanbe, Tajikistan.