1
Медонам гуруснаи,
Медонам руйи миз нон дориву шир,
Медонам девони Ҳофиз надори
дигар дар ҷайб
Ҳарфи нобе бичини гоҳу бигзори зери забон
Таъми ангури ниёконро
Маз мазза сози ба ком.
Ҳамшаҳрии азизам, нозам
Медонам гиристаи
Пушти остини намнок,
Бо забони фалаҷ аз пораҳои лафзи гумном
Вақте ҳарфи тозае дар хаёлат таркид
Медонам гулуят хушк аст барои ҷумлаи нобе,
Чумлае тар.
Ҷумлаи тоза ки нарм нармак фуру диҳи
Нарм нармак бичаши
Таъми фазилатро.
Ҳамшаҳрии азизам, нозам
Медонам охарин луқмаи ишқ дори
Дар бушқоби нимрузии худ
Ва пиёлаат буйи ҷуйи Мулиён медиҳад
Ҳануз
2
Боз хоби туро дидам
Ҳой меҳани моҳам!
Боз дасти туро дидам печида ба дастонам.
Оромат нест, чаро?
Оромам нест, чаро?
Меҳани маъсуми маҳолудам
Боз хоби туро дидам.
Дидам ки дилат таркид аз оҳи ҷавонмарде
Дидам ки дилат ларзид аз нози ниёзманде.
Боз хоби маро диди, ғусса раҳоят бод.
Сармасти сароҳат буд чашмони ҳароми ман.
Гуфти: “Ёдат наравад ин шамъ, Ин руҳи худованди,
Хоб ҳалолат бод, ҳар бор ки бедори!”.
Боз хоби туро дидам
Ё рухи туро дидам печида ба сад парда.
Аз кай ту шуди ин сон
Сархаму дилмурда
**
2 پاسخ
درود بر شما
مهدی هستم از تهران. وب بسیار جالبی دارید و پر محتوا بطوریکه مجال برای خوندن همه اش راندارم. خوشحال میشم تبادل لینک داشته باشیم.
به امید آزادی سبز
سلام. وبلاگتان بسیار زیبا و مطالبتان خواندنی است. موفق باشید