Search
Close this search box.

ریگستان

نوشته‌های شهزاده سمرقندی

Румон дар веблог ва ё комунисти мусалмон

 (бахши ду)

 

Як рӯзи зимистонии мисли имрӯз сард пирамард аз ҷой бархост ва рост ба сӯйи оғил рафт. Табар дар даст аз он берун омад ва рост ба сӯйи дарахти кучаки себе рафт ки намедонад чаро ҳамсараш  онро дӯст медошт. Ҳамсараш мӯътақид буд ки себи он дарахт камёб аст ва дар ҳеҷ ҷойи дигар себе чунин хушмазза нахӯрдааст. Он рӯз албатта ин дар ёди пирамард набуд вақте дарахтро аз бех бурид ва аз чуби он сандалӣ сохт. Чизе ки мардуми маҳал тақрибан аз ёд бурда буданд. Пиразан гиря мекарду такрор ба такрор мегуфт охир чаро сандалӣ, чаро аз чуби себи ман!?  Ва зор зор гиря мекард. Пирамард ки дигар фаҳмида буд чи коре карда, аммо ба рӯйи худ наовард.  

 

Ҳоло ҳар бор ки ба сандалӣ нигоҳ мекард ашкрезиҳои ҳамсараш ба ёдаш меомад ва дилаш буғз мекард. Чӣ хубиҳое ки кард ба бадӣ баргашт. Чӣ шодӣҳое ки кард ба ғам табдил шуд. Саре такон доду дилаш сухт. Дилаш барои худаш месухт. Баро талошҳои зиёде ки кард ва натиҷаи баръакс дод.

 

Пирамард  мутаваҷҷеҳ нашуд ки кай ва чӣ тавр масҷид пур аз ҷамоат шуд. Аммо бӯйи ғализи дандонҳои пӯсида ва ҷӯробҳои дар барф таршуда ӯро ба худ овард.  

 

Ин бӯйи ҳамшагии масҷид аст ки бояд дар ин даҳ сол ба он одат мекард ки накардааст. Гоҳе вонамуд мекунад ки ба ҳарфи бақия гӯш медиҳад, аммо дарҷоқеъ ба бӯйҳои мухталифи утоқ диққат мекунад ва талош мекунад бифаҳмад ки чи тавр соҳибони ин бӯйҳои мухталиф метаваҷҷеҳ нестанд. Ба худ гуфт одат ҳам бад чизест.

 

Табассуме дар лабонаш пайдо шуд. Ёдаш омад рӯзе ки муллои масҷид ӯро дами дарвозаи масҷид нигаҳ дошт ва гуфт: шумо домулло инсони фаҳмидае ҳастед ва медонам ки мутаваҷҷеҳ набудаед вагарна худро муъаттар намекардед барои масҷид омадан. Пирамард ҳеҷ вақт одат надорад ба худ атр бизанад, аммо ҳамсараш ки ҳамеша либосҳои  ӯро ӯту мезанад, исрор мекунад ки мураттаб ва тоза либос ба тан кунад ва аз рӯйи одати ҳамешагиаш ба либосҳои ӯ атр мезанад. Ҳатто гоҳе ҳам атри занона.

 

Ба муллои калон ки инсони наҷибе ҳаст гуфт ҳатман кори модари баччаҳост. Дафъаи дигар ин либосҳоро ба тан намекунам. Аз он то ба ҳол барои намоз либосҳои куҳнаашро ба бар мекунад чун ҳамсараш одат надорад ба онҳо атр бизанад.  

 

Дар дил гуфт хонаи худо пур аз бӯйи таъафун бошад беҳтар аст ё муаттар?

 

Аз замоне ки пояш ба масҷид боз шудааст ин гуна суолҳои гиҷкунанда хобу хаёли ӯро ба ҳам рехтааст.

 

**

 

Оқсой  маҳаллест ки пирамард ба дунё омадааст. Маҳалле ки дар панҷоҳ шаст километрии Самарқанд воқеъ аст. Дар қаторкӯҳҳои Зарафшон.  Шӯҳрати ин деҳ пас аз фурупошии шуравӣ афзуд ва марду зан пиру ҷавон ба зиёрати ғори маъруфи он меомаданд. Ғоре ки ба номи Ҳазрати Довуд маъруф. Замони шуравӣ ин доманаи куҳ сайёҳатгоҳ сабзпуше буд бо оби софу беғубор ва мардуми меҳмондӯст ва домани кӯҳи босафо. Ин деҳ аз бақия деҳҳо фарқ дошт. Ғори Ҳазрати Довуд ва қадамҷойи он ва Сойчаи кампирак ки пирамард тамоми кудакиҳояшро аз фарозу шеби он болову пойин омадааст.  Ва дарахти муқаддасе ки латта пораҳои кадимӣ он руз ба руз изофа мешавад.

 

Ҳар бор ки ба ин дарахт фикр мекунад дилаш пур аз тардид мешавад. Тардид аз ин ки печидани як порча матоъ чӣ таъсире ба таваҷҷӯҳи худо дорад. Чаро намешавад бидуни ин ҳама хурофот гӯшаи хона нишаст ва дуъо хонд ва ё ният кард?

 

Ҷавонии бисёр пуршуру шарареро мисли бақия ҳамсолони худ дар домани кӯҳ пушти сар карда. Давроне ки на аз ин хама зиёратчӣ хабар буд ва на аз ин ҳазору чанд зинапоя. Хуб аст ки роҳи зоирон ҳамвор ва роҳат бошад, аммо шояд худо хушҳолтар мешуд агар дари шикастаи мактаби маҳал ҳам таъмир мешуд.

 

Ҳар бор ки ба деҳ ва ҷавонии худ фикр мекунад ба ин меандешад ки кай ва чаро он ҳама нишот аз ӯ дур шуд. Он ҳама шайтанат ва шодиро чи тавр тавонист аз даст диҳад?

 

Ҳоло дар дами пирӣ яке аз саргармиҳояш ин шуда ки сарнахи ин ҳама саволро пайдо кунад. Аз субҳ то шаб қабл ва ё баъд аз намоз менишинад ва тамоми ҳофизаи худро болову пойин мекунад.

Рузгораш мисли тангае гӯё ним қарн як самт ва ним қарни дигар самти дигар баргашта бошад. Робитаи байни ду тарафи мутафовити як танга асрори нуҳуфтаи рузгори уст.

 

 

Ҳазрати Довуд аз замоне ба маъруф шудан шуруъ кард ки вай портрети Ленин зери бағал ба сӯйи хонааш қадам мезад. Бо ҳамин суръати қадамзадани мардум ангор суроғи пайдо кардани ҷойгузин барои  он мегаштанд. Мардум одат надоштанд бидуни қуллаи мақсад зиндагӣ кунанд. Ангор тамоми умр ба сӯй қуллаи комунизм ҳаракат мекарданд ва дар нимароҳ касе онҳоро нигаҳ дошт. Нигаҳ дошту гуфт ин роҳ ба бунбаст мерасад. Мардум одат дошт ба чашмони ҳамеша бедори марди лоғаре ки аз нигоҳаш нури умед ва ташвиқ ба ояндаи дурахшон дошт нигоҳ кунанд ва  ба панди “хонед хонед, боз хонед”и у амал. Ҳазорон ҳазор портрети Ленин якшаба барчида шуд ва ҳозор муҷассамаи Тимур Ланг ҷойгузини  он.  Кофӣ набуд. На. Ҳофизаи мардум мисли бодбодак дар рафту омад буд ки чӣ шуду чаро шуд. Аз бас беҷавобӣ кашид ки рӯ овард ба оне ки дар таҳнои дил пинҳон карда буд. Ба худо. Худое ки як қарн доман аз сари мардум кашида буд. Худои кучаки бузриш бо ваъдаи биҳишт дар руйи замин худ муъҷизаосо ғайб зада буд ва мардум бо дастони холӣ дар нимроҳ монда буд.

 

Пирамард лабханде зад ва сари худро ду се бор ба ин тарафу он тараф такон дод: дар даврони худоёни кучак худои бузургро пинҳон бояд кард.

Худоёни кучак тарсбортар аз худоёни бузурганд. Аз ҳар чӣ  иддаъои худоӣ дорад танҳо дар ғор мешавад пинҳон шуд. Аз инҷо буд ки теъдоди зоирон ба ғор маҳали у афзуда буд. Ғори амиқу торик ки мешавад дар ҳар гӯшаи он ҷойи панҷаи муъминони сахткушро дид ки аз байни сангҳои нармшуда роҳ ба суйи рушанойи боз кардаанд. Ҳоло бо гузашти рузгор мардуми муъмин аз рушанойи тарсбор ба торикии ғори умедбахши Ҳазрати Довуд паноҳ мебаранд ва худои гумкардаашонро меҷуянд.   

 

Аммо пирамард медонист нишоташро қабл аз ин иттифоқ аз даст додааст. Қабл аз шӯҳрати ғор.

Шояд замоне аз даст дода ки дӯст дошта шикорчӣ бошад, аммо охирин насли шикорчиён низ охирин хирсҳо ва охирин ҷайраҳоро пӯст кандаанд ва дигар ҳеч рӯбоҳе ва ҳеч гурге ҷуръат надорад ба деҳ наздик шавад.

 

Деҳ ба як дарраи маъмулӣ табдил шуда ки дарахтонаш сарбазер ва мурғони хушхонаш кабоб шуданд.

 

Ин ҳам аз мусалмонии мо, гуфту аз ҷой баланд шуд. Астағфуруллоҳ!

Беҳуда нест ки набераҳояш ба у “астағфуруллоҳ” ном додаанд. Шайтонҳо боз хубанд ки ҳастанд. Вагарна бо чӣ худро саргарм мекардам, мегуфт ҳар бор аз онҳо ҳарф боз шавад. Аммо зуд ба худ қиёфаи ҷиддӣ мегирифт. Пирамард ҳеч вақт мӯътақид набуд ки фарзанд барои саргамӣ бошад. Так таки фарзандонашро дар озодии тамом бузург кард ва то тавонист ба мағзашон ҷой кард ки хостаҳо муҳиманд. Дунболи хостаҳои худ бошед ва ба ҳарфи мардум коре надошта бошед. Аммо коре кунед ки ниёз мардумро бароварда кунад.

Пирамард аз се чиз танафур дошт: аз фаҳш, дурӯғ ва эътиёт.

Ин се чиз ҳам замоне ки комунист буд ва ҳам ҳоло ки мазҳабӣ ва намозхон аст ӯро метарсонад. Ин се барояш куфр аст. Ва кофир он аст ки олудаи ин се бошад.

 

Аммо таҳи дил ғамгин аст ки дерест касеро надорад то дар бораи кумунисм  сӯҳбат кунад ва аз чуну чароҳое ки аз он дорад бигӯяд ва бипурсад.

Ангор ҳама гузаштаро аз ёд бурдаанд.

 

Ба ёди портрети  бузург ва сабзранги Ленин афтод ки дар гаражи хрнааш хобидааст. Вақте ҳама нишонаҳои кумунисмро аз утоқи кориаш ҷамъ мекарданд, ин портретро бо сахтӣ ба хонааш оварда буд.

Аз чой бархост ва ҷуроби сурох сурохашро ба пой кард ва ҷомаи ним хушкашро аз канори сандалӣ бардошт ва бидуни ин ки намоз ба поён расида бошад аз масҷид берун омад.

(Идома дорад)

 

دیدگاهتان را بنویسید

نشانی ایمیل شما منتشر نخواهد شد. بخش‌های موردنیاز علامت‌گذاری شده‌اند *