Точикиро пос дорем ва дур аз лахчаи араби

Ин рузхо зиёд мешунавам ки удстони точикистони мо мехоханд ба хама бирасонанд ки саводи араби доранд ва харфи х, -ро ба шеваи араби талафкз мекунанд. Росташ аз касоне ки мехоханд худнамойи кунанд ва ба рухи хама бикашанд ки араби баладанд ва ح ро амик бо халк талафуз мекунанд сахт норохатам. Онхо намедонанд ки овойи ширини точикиро дар хатар мегузоранд ва дар вокеъ хиёнат ба забони ноби порси мекунанд. Кош битавонем ба хамаи онхо бифахмонем ки дониши чадид набояд чойгузини дониши кадими бошад ва хеч забоне бартар аз забони дигар нест. Хамаи забонхо бояд соф ва пос нигахдори шаванд.


Он рухияи точикона ва пойдор нигах доштани забони точики кучо рафтааст? Омузиши дини ва ё баргаштани одоби дини ислом чаро бояд осебовар ба забони точики бошад? Чаро бояд бо ба даст овардани имон ва ё саводи дини мо бояд лахча ва адои точиконаи овохоро аз даст дихем?


Чаро танхо точикони Точикистон ин одатро пайдо кардаанд ки харакатро бо халк талафуз кунанд ва ё хар каламаи арабие ки дар забони форси-точики роич ва карнхост чо афтодааст ва бо тарафузи муносиб ва мувофики забони форси точики талафуз шуда холо бояд мисли арабии асл талафуз кунанд?


Дустони мо ки тоза куръон хон шудаанд ва хама вожахои арабиро бо шеваи араби мехоханд талафуз кунанд намедонанд ки ин кори онхо мисли чавононе аст ки тоза забони руси ва ё инглиси омухтаанд ва хамаи каламахои руси ё инглисиро бо шеваи асли он талафуз мекунанд ва дар вокеъ аз асолати забонхо огохи надоранд ва саводи сатхии худро ба намоиш мегузоранд.


Точикон мегуянд забон дони чахон дони аст аммо омехтани забонхо хангоми сухбат ба чо нагузоштани эхтироми забонхост ва бар вокеъ пос надоштан онхост.


Тасавур кунед ки агар вожахои арабиро араби ва русиро руси ва инглисиро инглиси талафуз кунем он вакт шояд ба мардумон расонда бошем ки мо решаи вожахоро медонем ва ин хама забон баладем, аммо хамзамон ба мухотаби худ босаводии худро низ равшан мекунем ки забони модарии худро дасти кам мегирем ва арзише барояш коил нестем. 


Кош чуръат пайдо кунем ва дустоне ки хади акал ح бо халк талафуз накунанд ки ба сохтори овози точики созгоро нест ва ба шунидан озордиханда аст.

Маъмулан кас дар омухтани забони тоза лахча доранд аммо омухтан дар забони модари кас набояд лахча эчод кунад. Ин мисли он аст ки дониши тоза чойгузини дониши кухан шавад ва дарвокеъ анбошта нашавад.


Ба назарам ин бахс мухимтар аз он аст ки мо у -ро кутох талафуз кунем ё дароз чун хар ду шеваи точики аст. Аммо агар тамоми айн ва х чимии араби вориди точики шавад фотехаи забони точики хонда шудааст. 



Умедворам ки дустоне ки ин паёмро мехонанд ба дустони дигар бирасонанд ва мухимтар аз хама ба онхое ки ин иштибохро муртакиб мешаванд.


Х халки ва айни амик зебост аммо дар араби дар точики зишту озордихандааст ва аслан хам нишони восаводи нест балки баракси он аст!!!



4 پاسخ

  1. Дуруд бар Шаҳзода-бону!
    Аз ҳамин гуна гулӯдарониҳо буд, ки 1300 сол пеш ниёконамонро «тоҷик», яъне ТОЗӢ, яъне АРАБ, гуфтанд. Ман худ бар ин гуфта бовар надорам, ки «тоҷик» аз «тозӣ» аст, аммо ин падидаи ҳалқдаронӣ водорам мекунад, ки ин назарияро бипазирам.

  2. Бисёр нагз гуфтед, апа. Дар Точикистон хозир хатари аз талаффуз берун мондани харфи “ӯ” пеш омадааст. Дар мактабхои Душанбе вакти номбар кардани алифбо ба чои “ӯ” – “У-и зада” мегуянд…

  3. Мамнун Мунучехр ва Умеди азиз. Бояд коре бикунем ки ин дустони нимчасавод фикр накунанд забони точики бесохибу бепанох мондааст ва мешавад ба он ба хамин осони тачовуз кунанд

دیدگاهتان را بنویسید

نشانی ایمیل شما منتشر نخواهد شد. بخش‌های موردنیاز علامت‌گذاری شده‌اند *