Search
Close this search box.

ریگستان

نوشته‌های شهزاده سمرقندی

Руз байналмиллали забони модари аст имруз

Имруз рузи байналмиллали забони модари аст ва гузорише дар сойти инглисии Урупои озод хондам ки аз он мегуяд ки забони укроини зануз тахти фишор аст. Аммо ин часоратро давлатмардони мо надоранд ки аз забони модари мо харф зананд ва онро аз хамлахо ва бахсхои шармовари талафузи у дарозу кутох берун кашанд ва дар вокеъ коре вокеёи барои рушди он бикунанд. Ба назарам имрузро хатто ба расмият намешиносанд ва чойгохи забони модари мо точикон дар хамон доираи кучаки мазали мемонад то фишорхои чапу рости махали худи точикон зара-зара аз байн биравад. 
Вакте забон сохибони аслии худро аз даст медихад вазъият хамин гуна мешавад ки мебинем. На барномарези дарозмуддат ва мушкилхалкун ва на талошхои мантики сари кавонини чадид.
Забонро хам курбонии иктисоди заиф кардан гунохест нобахшидани. Мо бояд так-таки рузноманигорон дар пос доштан ва дар дифоъ кардани забони модари худ эхсоси вазифа кунем ва икдомхои хурду бузурги худро дар хади тавон шуруъ кунем. Зеро сохибони забони точики бо арзи маъзарат ё акаб мондаанд ва ё даст умед ах ояндаи ин забон шустаанд. 
Рузноманигори точик инрузхо яке аз чанбахои пешрафтатари чомеъа точик аст ва бояд ба ин икрор шуд ва аз имконхои рузноманигори дар хифзи забон ва адабиёту хунари точик низ истифода бурд. 
Аз рохи накди руйрост ва бидуни шаф-шаф гуфтан. Мардум ташнаи як накди вокеи ва хакикианд ва хама медонем. 
Забони модарони мо бигзор забони наберахои мо хам бошад! 
 

دیدگاهتان را بنویسید

نشانی ایمیل شما منتشر نخواهد شد. بخش‌های موردنیاز علامت‌گذاری شده‌اند *