Точикиро пос дорем 2

Аз ин руз ба баъд карор дорам ки хар истилохи нодурустеро дар ин чову он чо хондам дар ин веблоги худ биоварам ва зери хамин унвон дубора мунташир кунам то дустон дар ба кор бурдани онхо андеша кунанд ва точикиро курбонии халокияти "бемазза ва номувафаки" худ накунанд. Расона доманаи фарохе дорад ва таъсире ку руйи насли чавон мегузорад дар дахсолахо хам шояд нашавад бартараф кард. Дар истифода аз ин минбари баланд ва балангуйи замона боандеша ва хирадмандона рафтор кунем ва дар ёд дошат бошем ки пайравоне бидуни шак ва тардид тахти таъсири расонахое мисли Озоди ва Би Би Си карор мегиранд. 
Мисолхои бад ва номувафаки имрузи расонахои махбуби мо: 

– Аммо агар иддае аз соҳибназарон аз ин тасмими ҳукумати Хатлон истиқбол мекунанд, гурӯҳе дигар онро ба боди танқид мекашанд.
Би Би Си точики: " филм баргузор намешавад балки намоиш дода мешавад".
– Ҳафтаи сипаришуда нахустнамоиши филми дигаре бо номи “Сазои вафо” дар синемохонаи “Тоҷикистон” баргузор шуд. 

Ин чанд намуна буд ки дар мутолеаи охири руз зехнамро озор дод. Албатта ингуна намунахо мутаасифона зиёданд. Кадам ба кадам хали мушкил бехтар аст аз умумигуфтан ва хеч хал накардан. 
Аз ин кор аслан касди озори дустон надорам балки талоши кучаке аст дар пос доштани забони модарие ки дар душвортарин даврони худ аст. 
Хамаи мо хато мекунем ва мачмуъ хатохои мо забони моро ба заиф ва руши насли чавонро рахгум мекунад. 
Даст ба дасти хам бигзорем ва забони точикии азизро боз дубора муътабар созем. Мутмаинам ки бо ин акида мувофик хастед.
Ва дар охир ин хам аз бехтарин хонданихои имрузи ман: "Рузе гури Бозорро зиёрат меравам" навиштаи Зафар Мирзоён. Кадрдони кори инсонхои бошараф аст ва ин навишта ба шарафи устод Мирзоён афзун кардааст бо ин ки он бад гуфтанхое аз Устод Бозор ва «Бозор Собир туро оқ карданхои Аҳмади Иброҳим кадри уро пеши дустдорони хунараш кохиш намедихад. Яке аз мухимтарин роххои пос доштани забон ба чо овардани эхтироми сохибони забон аст. Устод Бозор Собир хар чо ки хаст хаст ва сояаш бар сари забони точики поянда аст.  Рости гап ман на Мирзоёнро мешиносам ва на Ахмади Иброхимро аммо неки чавхаре дорад ки худро бо чаракае муаррифи мекунад. Аммо сиёсатхои галат танхо замон мебаранд ва раванди рушди забонро кунд мекунад ва мисли лашкари шарр дер ё зуд шикаст мехурад. Нигаронии хубон хуб аст агар пуштикор хам дошта бошад. 

دیدگاهتان را بنویسید

نشانی ایمیل شما منتشر نخواهد شد. بخش‌های موردنیاز علامت‌گذاری شده‌اند *