Аввал аз хама, эй хонандаи азиз бибахш ки бо ин хати вакеан бепадару модар ки хатто на дум дорад ва на абруву гушвор менависам ва дигар ин ки ин хама дер.
Аммо хамаи ин рузхо ба марди озодае фикр кардам ки руйи тахти бемористон хобидааст ва синааш чок-чок аз рузгор.
Ин хама масоили руз боис шуд ки то ин руз дар бораи Додочон Атоулло коре накунам. Имруз дубора баргаштам ин мавзуъро дубора аз Замона матрах кардам. Ин мавзуъ то замоне нав аст ки мучрим ва далели хамлаи у рушан нашавад ва адолат баркарор нагардад.
Аммо ин рузноманигори кушои точик хамчунон бо дили захмин ва синаи чок-чок дар бемористоне дар шахри миллионхо гариб бистарист. Бистарист ва шояд дар холи рузшумори ки ин рузхои бетахаррукаш поён ёбад ва баргадад сари кору муборизахои худ барои ояндаи бехтари чомеъа худ.
Модарбузургам даврони кудаки достони чавони нотарс ва саркашеро кисса мекард ки ошики духтаре зебо дар рустои хамсоя буд ва хар бор ки барои дидани у вориди он русто мешуд уро латту куб мекарданд ва хуншору ниммачон берунаш меандохтанд. Аммо ин чавони захми ва латту пор шуда хамчунон бо лахчаи махаллии худ месуруда: Яррахом ба наррам, нагз шавам бо мерам!
Яъне тамоми баданам захмист аммо шифо ёбам боз хамон хохам кард.
Холо достони Додохон Атоулло маро ба ёди ин чавони ошик меандозад. Чавони ошике ки таъм ва маззаи ишку озодиро чашидааст ва медонад ки меарзад дар ин рох чон бохт. Атоулло аз зумраи афродест ки тилисми тарсро шикастааст ва худро ба осмони озодагон расондааст. Осмоне ки мутаасифона хануз болои сари Точикистон халват аст ва озодагонаш ангуштшумор.
Аммо дили озодагон асроре дорад ки давлатхои саркубгар ва тарсу мутавачехи он нестанд. Яке аз он асрор ин аст ки вакте хуни як озода банохак рехта мешавад аз он садхо хазорон озодаи дигар ба дунё меояд. Хуни банохак шак бар дилхо меандозад ва афроди маъмулиро ба равшанфикр табдил мекунад ки ба руйдоде ки тамоми умр онро тахаммул кардаанд шак кунанд ва бипурсанд. Барои аввалин бор бипурсанд ЧАРО БОЯД ЧУНИН БОШАД? ОЁ ОДИЛОНААСТ КИ ЧУНИН БОШАД?
Ин суолхо калиди дархои бастаи чомеъаи мост. Ин суол бедори ва бош шудани афкори инсонии мост ва рахоии мо аз гами нону об ки набояд масалаи аслии чомеъа асри 21 бошад. Нону об масалаи чомеъаи ибтидойи ва хануз инкишоф наёфтааст. барои хамин аст ки мо аз диктотурхо ташакур мекунем. онхоро месозем ва менозем аз хузурашон. Чун бидуни онхо эхсоси хатар хохем дошт. Тарс моро хохад ларзонд ки агар ин мардони зургу ва золим набошанд хамсояхо моро зери по хоханд кард.
Ин афкори акабмондаи чомеъаи дур аз тавсеъа аст ки давлатхо худ онро байни мардум мустахкам мекунанд ки ангор бидуни онхо хубихову хушихо поён хохад ёфт.
Тилисми тарс кудрати давлатхои саркубгар аст ва хар ки нотарс ва ростгу ва ошкорбаён аст рохи шикасти ин тилисми хазорсолаи тарсро дар дилхои мардум пайдо кардааст мехохад оно бишканад ва ононро озод кунад. Коре ик хушоянди давлатхои чахони саввум нест.
Ба хар хол умри ин тилисм ба поён расидааст ва асрори он назди мардум фош шудааст. Он деве ки намир асту чонаш дар сандуке дар каъри кухе махфист паёдо шудааст.
Он дев тарс асту калиди он сандук саволхои мост ки деворхои тарсро мешиканад ва дев баъд аз хазорон сол мемирад ва мардуми балегую даст ба сина ва сар ба зери мо низ комат баланд мекунад ва эътимоди ба нафси худро дубора эхсос мекунад ва деви тарси дилашро мешиканад ва худро озод мекунад.
Карни бисту як карни шикастани ин тилисм аст. Аммо оё сиёхлашкарони ин деви тарс ва саркубгар мехоханд хуни так-таки тилисмшикастагонро бирезанд? Ба гумонам на. Бади тахрибгар аст ва нихоятан хатто худи офаринандаи худро тахриб мекунад. На, наметавонанд хамаи озодагонро аз бафн бибаранд чун дер ё зуд мебинад ки вокеан аз хуни як фарди озод садхо нафари дигар ба по мехезад. Ва ин деви сиёх рохи дигаре надорад ба чуз ин ки рузе худ низ сафед шавад ва байни озодагон кадам занад, бигуяду бихандад ва рафторашро тагйир дихад то битавонад бо мардуми озода хамзисти кунад.