Search
Close this search box.

ریگستان

نوشته‌های شهزاده سمرقندی

Боз хам диктотурхои дигар месозем?

Ин рузхо мутмайинам ки хамаи он хамватаноне ки дар даврони шурави ба сар бурдаанд аз дидани сахнаи марги рахбари Куреи Шимоли дучори дугонагии амиканд.

Ин сахнахо барои мо ошност. Хатто мое ки на даврони Ленин зинда будем ва на дар даврони Исталин. Аммо замон кард аз марг онхо норохат ва афсус мехурдем. Афсус мехурдем ки дар он даврони шукуфойи бархаёт набудем. Дер ба дунё омадем.
 
Ёдам хаст ки вакте хатто филме аз марг Ленин ва Сталин медидам, аз андух ва гами мардум гиря ба чашмонам мечархид.

Ин рузхо аз рузманигорони собик иттиходи шурави интизоп меравад ки ин масаларо бо истифода аз ин фурсате мардуми Куреи Шимоли дар ихтиёри мо гузоштаанд истифода кунанд ва барои мардуми худ бо соддатарин ва гуётарин шева бифахмонанд ки диктотурхо зодаи тарс ва ё зодаи тахаюлоти мардумонанд. Мардумоне ки хеч рохе барои бадбахтихои худ надоранд ва ё аслан мутавачехи тафовути бахт ва бадбахти нестанд.

Мо хам аз мардуми Куреи Шимоли фарке надорем ва аз марги диктотурхои худ норохат мешавам ва боз бо сахти ва гирифторихои зиёд нафари баъдиро тарбият мекунем то вакте харф мезанад битрасем ва мисли худо бипарастем.

Мо мардумони мехр надида ва осоигтаниро нашнохта хастем ва аз ин чост ки дар хукумаки сиёсатмадоре нармху хоби рохат нахохем дошт. Мо одат дорем ки зур болои сарамон бошад. Мо одат дорем ки тахкир шавем ва сар ба зер дошта бошем вагарна эхсоси оромиш нахохем дошт.

Мо аз ин ки мавчи диктотури дар мантака ру ба кохиш аст метарсем ва нигарон хастем ки чи кор хохем кард вакте мардони худогунаи мо бимиранд.

Аммо вакте хамаи диктотурхо мемиранд боз мавчи дигаре аз сиёсатмадороне хоханд омад ки бо мизони рахбароин кадими санчида мешаванд. Дакикан мисли ин ки рахбарони имрузро бо рахбарони дахсолахои пеш мукоиса мекунем ва натичаи мусоиде ба даст намеорем.

Дакикан мисли ин ки аз фурупошии шурави амикан таассуф мехурем ва неъматхои имрузро намебинем.

Мо то худ тагйир накунем шароит зисту зинлагии мо тагйир нахохад кард.

Рохи хали рпхойи аз диктотури марги дуктотурхои мавчуд нест. балки тагйир так-таки мост ки дигар болои сари худ диктотурхои хурду бузург насозем то баъд аз дасташон нола кунем ва хар чи бадбахти хаст таксири онон донем.

Инро тамоми чахон фахмидааст ба чуз аз мардуми диктотурпарвари мо ки бадбахтона теъдодшон хам кам нест.

دیدگاهتان را بنویسید

نشانی ایمیل شما منتشر نخواهد شد. بخش‌های موردنیاز علامت‌گذاری شده‌اند *