Имруз дар Точикистони Навин як бахси бисёр-бисёр зидди зан ва тувхиномезе доштам ва нихоятан он гурухро тарк кардам. Ин ба он маъно нест ки ман дигар барои ояндаи Точикон коре нахохам дошт. На балки бештар аз хар вакт барои ояндаи он нигарон шудаам ва фаъолтар хохам буд.
Чавоне вакех бо хамокати зиёд аз занон ба унвони инсони дарачаи хич сухбат мекард ва аз ман ки мехостам аз хакки занон дифоъ кунам мепурсид ки хичоб дорам ё на?
Мухим нест, аммо ман хам ним соате дар сатхи ин чавони мардсолори занситез пойин омадам ва бахс кардам ва асабони шудам ва кахр кардам ва рафтам. Хатост, бале медонам. Аммо вакте фард худро танхо мебинад ки тахти хучуми аблахе карор дорад эхсоси ачибест.
Масалаи мухиме ки маро водор кард инчо хам бинависам ин аст ки чаро дустоне ки гуруххои ичтимоъи рохандози мекунанд ба афроде ичоза медиханд ки вайронкори кунанд ва гурухро аз хам бипошонанд?
Дар кишвархои демокротик агар фарде дар чамъ даъво ва бехурмати мекунад уро аз чамъ берун мекунанд аммо ин гуруххои интернетии точики аммо махали фаххоши ва тахаммули афроди харобкор шудааст ва гардонандагони ин гуруххо хам бо чашму гуши баста ичоза медиханд ки афроди узви ин гурух бо чангу кашокашихо бо афроде ки хамдигарро намефахманд вакткуши кунанд ва неруйи созандаи худро аз даст диханд?
Ин мавзуъро дустон лутфан чидди бигиранд агар карор доранд хамаро аз хар гурух ва хар сатхи фахму дониш вориди хар гурух кунанд хеч бахсе дуруст ва солим шакл нахохад гирифт ва ба чое нахохем расид.
Чаро дар хар гурух ду се нафар вазифа дошта бошанд ки бар сари афроди сохибназар санг андозанд ва бакия дар сукут хонанда бошанд?
Оё аз тахкир шудани дигари лаззат мебаранд? На! Пас чи чиз онхоро водор мекунад ки ичоза бидиханд кор ба мушткори бирасад ва коре накунанд?
Ба назарам бояд як фикри асоси дар бораи ин кард вагарна хама боз ру ба танхойи худ меорад ва душмани Ватан хушхол мешавад ки боз пароканда шудем.
Дустони равшанфикре ки маро намешиносанд лунфан маро инчо бишносанд ва маро дар гуруххое ки ба хакки аввалияи зан ва озодии у эхтиром гузошта намешавад ва тахкир мешавад изофа накунанд ва лутфан гурухи чамъи ва ё маъракае рохандози накунанд ки хамаи афродро даъват кунанад ва идораи он аз дасташон хорич бошад.
Шабакахои интернети чойи чангу даъвохои бехуда нест. Мо ангор аз дур аз пушти масофахо далертар мешавем ва ба хамдигар рохаттар хамла мекунем ва носазо мегуем. Худи ман хам аз ин афрод чудо нестам. Зуд асабони мешавам аз ин ки адолат зери по шуда ва касе коре намекунад. Дар холе ки хама мачбур нест коре барои баркарории адолат кунад. Баъзехо канорагириро интихоб мекунанд ва инро бояд пазируфт. Интихоб хаки хар фард аст. Хатто интихоб накардан интихоб аст.
Аммо оё ин ба маънои он аст ки мо майдонро ба навчахои пурруйи бесаводу беадабе дихем ки хоки ватанро бо тарозуи ислом месанчанд ва хар чи одоб ва адаб астро зери по мегузоранд?
Навчахое ки на хукуки зан медонанд на хукуки адён ва на хукуки инсонии худро шинохтаанд чаро бояд дар гуруххои афроди тахсилкарда ва сохибназар карор бигиранд?
Ман ба дустон хохиш мекунам ки дар бораи афроди фаххош ва бадфикру тангбин шонси хузур доштае дар катори афрди хушдилу хушфикрро надиханд. Инсон бояд талоше барои дарки чизхои тоза дошта бошад то битавонад дар чамъ зохир шавад. Вагарна чамъхои мачози ба вазифаи асли намерасанд ва замони азизи худро бо тату пит бо баччахои бекитоб мегузаронанд.