Муддатест аз дусте ноошно номае дарёфт кардаам ки хобу хурди маро ба хам задааст. Номае ки бисёр бо эътимод ва самимият навишта шудааст. Номае ки ман хам дар навчавони шабехи он номахое зиёд навиштаам ва дарёфти посух маро садхо баробар хушбахт ва садхо баробар кудратманд кардааст.
Харчанд чавоби ин дустро додаам аммо дар дил аз он рози нестам. Рози нестам чун медонам у хануз меваффак нашуда ва рохи дарозе дар пеш дорад. Ва медонам ки у танхо нест. Чавононе мисли у зиёд дорем ки намедонанд аз ки ва чи гуна бипурсанд.
Мутаассифона мо точикон вакте аз мо рахнамойи мехоханд ба панду насихат огоз мекунем ва асли максад ки рахнамойи барои мевафакият аст фаромуш мешавад. Ба хусус агар худамон ба кавли гузаштагон "харамон аз об гузашта бошад".
Вокеят ин аст бо сахти тавонистам хари худро аз гил берун кашам ва аз ин чост ки худро дар ин марз марзи камбагали ва зам доройи мебинам. Холо баъд аз бист сол.
Аммо намехохам ки дар ин рифох танхо бошам мехохам акида ва рози худро бо дигар хамватононе ки хануз дар марзи зери хати факр хастанд кисмат кунам.
Хулоса тасмим гирифтаам ки ба ин суол ки чавоби кутохе хам надорад, муфассал ва бо тамаркузи зиёд бинависам. Умедворам ки ба дарди камбагале бихурад ки мехохад дигар камбагарл набошад ва ру ба пешрафт дошта бошад.
Ин навишта маро ба ёди донишчуйи худам меорад ки бо шиками гурусна аммо либоси хубу хушшакл ба тан мекардам ва ба донишгох мерафтам ва сари худ хамеша баланд доштам. Зеро чизе ба ман гуфта буд ки хар ки дар зохир бехтар ангор дар ботин низ бехтар аст. Ва чунин хам бояд бошад. Чун вакте фарде хушлибос аст пас илми таррохи рангу спбки либосро омухтааст. Холо баъезехо истеъдоди худодод доранд аммо бархе дигар бояд биомузанд.
Пеш аз хама ба зохир бояд тавачух кард. Оне ки мегуянд зохиргаро набошед дигар дар ин даврони чахони шудан созгор нест ва бояд пеш аз хама ба зохир диккат кард. Бояд либосхои худро ба хонаги, хиёбони ва мехмони таксим кунем. Ва ё либосе бихарем ки миёнгин бошанд вале на хонаги. Мутаасифона хонаводахои нодори мо барои худ ва фарзандони худ либосхое мехаранд ки хонагист ва фарзандонро бо он ба мактаб ва ё хиёбон мефиристанд ки иштибох аст.
Тагоям ки холо дигар дар байни мо нест мегуфт мо он кадар пулдор нестем ки либосхои хонаги ва ё арзон бихарем. Либоси хонагиро танхо дар хона мешавад пушид ва либоси арзон зуд пора мешавад.
Хушбуйи шарт нест аммо бадбуйи кобили кабул нест.
Мо зарбулмасале дорем ки мегуяд камбагал буй дорад. Бале нодори инсонро афсурда мекунад ва афсурдаги пеш аз хама ба хисси шомма ва тавоноии буёйии мо низ таъсир мегузорад ва дар натича вокеан ташхис надихем ки дар натичаи шустушуйи кам баданамон буй пайдо кардааст.
Дандон шустан дар бисёре аз хонадонхо роич нест аммо мешавад дар сурати надоштани хамири дандон ва хатто мисвок ба кафи худ каме намакро бо об омехт ва 3-4 дакика дар дахон нигах дошт. Бо ин рох метавонем дандонхои худро тамиз ва буйи бади нафасамонро аз байн бибарем.
Чуроби худро бо даст бишуем то нохунхоямон тамиз шавад.
Холо шояд бипурсед ки инхо чи рабте ба муваффакият дорад. Нуктаи мехими мувафакият ба даст овардани дустони зиёд аст ва ошнойи бо афроди чадид. Агар либоси бад ва дахони бадбуй дорем шояд ба ин мувафак нашавем ва мувафакияти худро махдуд кунем.
Аввал хеш баъд дарвеш
Мо точикон бо ин акида бор омадаем ки бояд азхудгузар буд ва аввал ба наздикон ва азизони худ расидаги кард ва баъд ба худ. Аммо ин галат аст. Инсон бояд пеш аз хама ба кадри худ бирасад он вакт метавонад ба кадри дигарон бехтар бирасад.
Мо омухтаем ки ба падару модар худ фикр кунем ва дар канори онхо бадбахтии онхоро шарик шавем. Аммо мешавад ба рохи худ дунболи орзухои худ рафт ва он вакт дасти дигаронро бехтар метавонем ба азизони худ ёри кунем.
Бедасту пойи мо боиси ношодии азизон аст, пас бояд барои мувафакият талоши бештаре дошта бошем.
Мо омухтаем кабл аз тачрубаи зиндаги ва лаззат ва хушбахти онро курбонии дигарон кунем. Моро омузондаанд ки бахшоянда бошем на афзоянда.
Шахри якчашма рафти якчашма бош
Шояд шумо низ ба ин фикр кардед ки чаро даршахрхои Русия ва ё хатто дар хорич пулис чилуи мо рост во меистад ва паспорт мепурсад, дар холе ки аз канори дигар мухочирон метавонад рад шавад ва пасспорт хам нахохад.
Ба ин нукта вакте дар Маскав будам тавачух кардам. Мо точикон дар ватанамон талош мекугем ки нишонахои милли худро хифз кунем ва бо хамин зехният хам ба кишвархои дигар сафар мекунем ва таъачуб мекунем ки ба мо ангушти ишора рост мекунанд.
Агар диккат карда бошед дигар миллатхо низ либоси милли доранд ва онро ба рухи дигарон дар чамъ ва дар кучаву хиёбонхо намешанд. Чаро мо инкорро мекунем? Оё мо вокеан боварамон шуда ки бехтарин либос ва нишонахои миллиро доро хастем? Оё то ин хад ба бартарии нажоди ориё боварамон шуда?
Мо бояд хамон тавр ки аждодони мо тавсеъа кардаанд дар шахри якчашмахо як чашмамонро бибандем то аз мутафовит ва бартар будани худ гардан дароз накарда бошем.
Чпро аз бартар будани точик танхо хамин токи ва либоси зарлор боки монда? Чаро мо бо тарзи гуфтор ва рафтори боэътимод надорем? Чаро мо забондон нестем?
Тамоми миллатхои дигари собик иттиходи шурави ба изофаи руси, англиси, олмони ва хам испониёлиро аз худ карданд ва мутахасисони худро тарбият каранд. Мо аммо хамин русиро ки забони дувуми мо буд фаромуш кардем.
Натанхо мардуми одди камбагал балки хатто равшанфикру сиёсатмадорони мо низ ин гунаанд. Чи ист амике дар ДНА точики ба вучуд омада ки ин кадар ором ва аслан рушд нопазир шудаем?
Мо ин кадар омиёна тарбият шудаем ки хатто аз нигохамон хам гохе мешавад ташхис дод ки мо точик хастем. Ин эроди як миллат нест. Аммо нуктаи куввти он низ нест.
Мо бояд омода бошем ки ба дасти сайди науфтем пас бояд бидонем ки чи гуна бояд ранг тагйир дихем ки аз назари душман ва ё саёд пушидаву мастур бимонем. Яъне мисли бакия рафтор кунем. Барои ин кор бояд худ наззоар кунем. Нишонашиноси яке аз нуктахои мухими рушди зехнии инсон аст. Инсон нигох мекунад. диккат мекунад ва ташхис медихад. Коре ки мутаасифона дар бисёре аз мо точикон дида намешавад.
Мо бо ин ки фикр мекунем бартарин миллати олам хастем вале мунтазир мемонем ки ба мо бигуянд то анчом дихем.
Чуянда ёбанда аст
Чустучу дигар бидуни хамсухбати ва каломи варзида ва одоби калом имеон пазир нест. Магар ки дар чангал чустучуйи ганче бошем.
Пас бояд гуфт "бипурс то бидони". Пурсидан аз дониш аст ва напурсидан аз бехабари ва бетавачухи.
Мо як хислати бад дорем суол намекунем ки як-як надонистахои худро ёд бигирем. Метарсем аз суол кардан метарсем хатто бидуни фахмидани вазифа онро мепазирем. Метарсем бигуем ки ман ин корро каблан анчом надодаам.
Ду чизро мо нобачо ба кор мебарем. Шарм ба хангоми суол ва касби дониш ва дигар тарс аз нодонии худ.
Ба мо ёд додаанд ки вонамуд кунем хама чизи оламро медонем ва ин бар мо тарсеро ба ыучуд меорад ки бипурсед. Шояд мустакиман чунин тарбият надодаанд аммо факте суол кардем ба мо гуфтаанд "Хаминро хам намедони-ми?!" ва ё чизе аз ин бадтар ки ин комилан аз бесаводии онхо буда. Ва ин бархурди галат дар мо хона гирията ва ба рагу пайи мо чори шудааст.
Мо точикон дар хонаводахое бузург шудаем ки хафт хашт фарзанд доштаанд ва ин нишони онро додрад ки шаст дарсади суолхои мо мечавоб мондааст ва бояд бояд бигуям ки хеч вакт барои пурсидани ин саволхо дер нест. Хеч вакт барои омухтан дер нест.
Ман 27 сол доштам ва дар Ландан бояд аз сохибхонаам мепурсидам ки чи гуна бояд мошини зарфшуйиро роз андозам ин дафэаи аввадам хаст. Ва у низ мо шавк бароям мефахмонд ва ё дар мавриди кирояи мохона. Хар чи кадар суол мекардам хамон кадар ба у наздиктар мешудам.
Аммо дусте доштам дар хамон мадраса бо ман мехонд вале ба ман аз киссахои хоробкории худ мегуфт ки бояд хонаи дигар пайдо кунад. чун мошини либосшуйи сохибхонаро зароб кардааст.
Танхо ба хотири шарм ва напурсидани дастури кори мошин мачбур буд дар зимистон бехона шавад.
Мо намепурсем ва омодаи сарзаниш мешавем. Ин яке аз одатхои мост. Мо шино балад нестем вале намегуем аммо омодаи гаркшудан хастем. Ин рох ба мувафакият намебарад.
Мо набояд аз шахри дигар ба дусти худ занг бизанем ва одрес бигирем. Мо бояд харитаи шахр дастамон бошад ва аз нафари рахгузар бо эътимод ба нафс аз одреси мавриди назар биперсем. Тамоми миллат ва тамоми мардум ин корро мекунанд аммо мо шарм медорем. Ачиб аст на?
Мо хануз кабилайи фикр мекунем ва кабилаи зиндаги мекунем. Гурухи дар чомеъа эхсоси амният мекунем ки иштибох нест аммо дигар мешавад роххои дигар ва имрузиро низ рафт. Мешавад комат рост кард ва бо эътимод ба худ ва худои худ ру ба ояндаи мавриди назар рафт ва ба орзухо даст ёфт.
Чашмбаста оре гуфтан хиёнат аст
Оне ки намепурсад ва бо чашми баста масъулият мепазирад хеч вакт мувафак намешавад ва корфармо низ ба у эътимод нахохад кард чун инсони окил медонад ки хама чиз барои хама фахмо ошно нест. Ин ба мантик намегунчад.
Мо аввал аз хама бояд суол кунем ва охир аз хама низ суол кунем.
Чи дар пазируфтани масъулият ва чи хангоми пардохт ва касби маош.
Ин нукоти аввалия мувафакият аст аммо ин хамаи он нест.
Шояд дар рузхои янда боз ба ин мавзуъ баргардам ва шояд камбагалоне ки аз бас шармин ва фурутан хастанд ва аз пурсидан ва аз касби кардан мехаросанд кумаке карда бошам.
Дигар ин ки камбагали хусн нест ва шарм ва фурутани ва камхарфии ночо ва хам гардан кач доштан ба хангоми кору фаъолияти чамъи айб ва нуксонест ки дар мо точикон зиёд аст ва моро аз дигар мардум мутамоиз мекунад.
Ва мо таачуб мекунем ки чаро дар фурудгоххои русия махз точиконро боздошт мекунанд на киргиз ва казокро.
Мо точикон самимитарин мардуми Осиёи Миёна хастем, аммо асри чадид дигар ин сифатхоро мисли кадим намепарастад. Мо бояд бо интихобхои котеъи худ аз пайи орзухои худ равем. Падарон ва модарони мо ин шароит ва ин роххои бозро надоштанд ва холо низ шояд нохудогох чилугири пешрафт ва мувафакияти мо шаванд. Агар хатто барои расидан ба орзуи худ мачбур ба сарпечи аз панду насихати падарон ва модарони худ шавед эхсоси бад ва ё гунох надота бошед. Хамеша ин гуна буда ки насли болотар девори баланди дар пеши рохи насли оянда будаанд. Аммо агар мо ба харфу пушниходи онхо тавачух кунем мисли онхо дар армон хохем зист ва хеч вакт ба орзухои худ нахохем расид.
Бояд рохи чадид интихоб кард то асри чадид дар мо шуруъ шавад. Рохи тахкир ва ё бартар бонистан ва ё донотароши гузаштааст. Асри мардумони покдил ва руйрост расидааст ва ниёз ва донишхои сангини кадими ва ё кухан хам нест. Бояд баруз ва имрузи ва хамхон бо ниёзи асри хеш зиндаги кунем ки асли он арзиш гузоштан ба инсон аст.
Ва хеч инсоне набояд умри худро фидои инсоне дигар кунад. Кадур арзишхо баробаранд ва набояд байни зану мард ва ё хурду бузург ва ё окилу доно таксим кард.
Мо хама баробарем ва хама хаки расидан ба орзу ва нияти худро дорем.
Ман рушди охиста вале боэхтиётро дар насли худ мебинам. аммо мутаасифона фосилахо байни дех ва шахр зиёд аст ва байни доро ва нодор руз то руз бештар мешавад.
Ба худ ичоза надихед ки фарханги гуломиро ба хотири нодори бипазиред. Бо нодори бичангед ва сари худро хамеша баланд нигах доред.
Аз доро бипурсед ки чи коре карда ки мо накардем. Худро аз дороён ва доноён дур накунем. Бо онхо хамфирк шавем то хамкадам шавем.
Хонатаконии фикри бояд кард барои шуруъи тоза барои мувафакият.
Дил ба ноумеди надихем ва худро аз умки чох берун кашем. Мо метавонем. Мо хеч камие аз дигарон надорем. Аммо бояд дуруст рахнамойи шавем ва савол кунем ва посух гирем ва пешрафт кунем.
Ио качу фалач ва ё камакл нестем ки шарму хаё хусни мо бошад. Иг тарбият дар мо аз даврони феодали монда ки хусни гулом дар шарм ва камхарфии у буд.
Мо мехохем аз ин фарханги фалачкунандаи суннати озод шавем ва пеш аз ин ки миллати бартар бошем фарди бехтар бошем.
یک پاسخ
Salom,
tashakur az navishtayi jolib. Koshki dar rasonahoyi dokhili muntashir meshud.
Yo dar Rusiya.