Вакте расона расона нест

Ин рузхо бо бахонаи 100 солагии "Бухорои Шариф" ки аввалин рузномаи форсизабон дар Осиёи Миёна буд дар Точикистон бахсу гуфтугухо ва тадбирхои зиёде барпост.

Аз тачлили 100 солагии рузноманигори гирифта то интихоби 10 рузноманигори бартари точик ва хам пурхонандатарин веблоги точики.

Бо сипоси фаровон аз дустоне ки аз банда низ ба унвони аввалин веблогнависи точик ёд мекунанд ва дигар дустонро низ дар чараён мегузоранд ки веблоги Самарканд Малакут аввалин веблоги точикист.

Дар Фейсбук байни дустони точик низ як мавзуъ матрах аст ки дуст дорам ба он на ба шакли сатхи ва ба унвони як кутохнавиштаи Фейсбуки балки ба унвони як навиштаи ба дил наздики веблоги посух дихам.

Вокеъият ин аст ки худуди 15 сол аст ки рузноманигори хирфайи хастам. Рузноманигори хирфайи ба маънои ин ки аз тарики рузноманигори харчи зиндагиамро дармеоварам ва на ба унвони ин ки рузноманигори хубу оли ва кордурустам. На хеч вакт ин хисро надоштаам. Чун касби рузноманигори иттилоърасонист ва хам иттилоъе ки дар тули ин хама сол талош доштам аз хар тарике ба мардум бирасонам нарасидааст ва борхо мачбур шудаам борхо ва борхо як мавзуъро мавриди накду барраси карор дихам ки ба мухотаб бирасад ва нарасидааст.
Бо фосилае ки аз мухотаби худ аз номувафактарини рузноманигоронам.

Аммо вокеъият мутаасифона ин аст ки барои мо хануз зуд аст ки рузноманигори муваффак интихоб кунем. Ва агар карор бошад интихоб шавад бояд мардум интихоб кунад на худи хабарнигорон.

Ба назари ман дар тули ин 100 сол рузноманигори дар чомеъаи точик баландихои каме доштааст ва пастихои зиёд ва пасти ба маънои сукут ва тарсуйи.



Мо рузноманигорони точик ки мутаасифона теъдоди каме дорем хануз муваффак нашудаем байни мардум эътимодсози кунем ва хануз ба кудрати расона ба хуби пай набурдаем.

Рузноманигории точик танхо як сол дар замони интишори Бухорои Шариф барои мардум ва барои боло бурдани дарку андешаи мардуми одди  ба таври систематик ва барномарезишуда будааст ва барои омузиши мардум кушидааст на ба кашидани мардум ба самти акидаи хоссе. Баъд аз он рузномахо хама дар хидмати давлат ва ё пеш бурдани акида ва ё сиёсати гуруххо будааст.

Аммо агар ба расолати рузнома пай бурда бошем рузноманигорони мо будааст ки дар акамондагии мардум хамрох будаанд ва танхо як кадам ва гохе хеч кадаме хам аз мардуми худ чилавтар набудаанд.

Рузноманигорони мо бо чони худ бози кардаанд то ба акидахои худ бирасанд ва ба унвони як рузноманигори мустакил дар чомеъа муассир бошанд  ва кабл аз ин ки муваффак шаванд аз байн рафтаанд.

Рузноманигорони муваффак кушта шудаанд ва мо рузноманигори насли баъди сахт тарсидаем. Дар тарси мардум шарик хастем ва мардумро гохе метарсонем.

Бо хар навишта аз марудми фосила мегирем ва дар мардум панох мебарем.

Хатто дар хорич низ.

Мутаасифам ки инхоро менависам. Аммо имшаб дар худ ин часоратро мебинам ки вокъиятро бинависам.

Вокеъиятро бинависам ки рузноманигории точик маххали боки мондааст ва по ба пойи мардуми худ хануз дар холи кашф кардан аст.

Аммо веблог чист? Оё ин хам расона аст? Расонаи хусуси аст ва шояд хам аз навъи самими ва содиконааш. Аммо хамзамон бо ин ки аз афзоиши теъдоди веблогнависон шодмони мекунам мутаассифам ки ин веблогнависон хамон рузноманигорони махаллие хастанд ки холо дар холи навиштани дафтари хотирон дар фазо фарохтари интернет машгуланд.

Кош донишчуе доштем ки хар руз аз дидахо тачруба кардахои худ дар донишгох менавишт. Ва ва… Кош самимияти мо хатто бо исми мустаъор хам бошад гул мекард ва шукуфо мешуд.

Мо чунин фидоъйиро хануз надорем ки дар сатхи милли биандешад.

Бисёре аз мо бо исми асл барои ба даст овардани шухрат ва маъруф шуда ва харфхои умуми задан ва хару харгушро дар як кафас андохтан машгул хастем.

Касе намегуяд ки чаро имруз норохат аст ва ё чаро имруз шод аст. Муносибатнависи дар байни мо точикон зиёд аст. Мо мавзуъро дар зехн намепарварем то рузхо руйи он фикр кунем ва маколаи тахлилии омузанда мунташир кунем. Мо дар дониши худ чудо чудо гарк шудаем.

Рузноманигори мисли дигар касбу корхо коида ва равия дорад. Аммо рузноманигории точик пур аст аз истиснохое ки кори моро хунсо мекунад.

Рузноманигори ва омузгори ба хам робитаи наздик доранд ва ин ду кори хамдигарро номумкин ва сахт кардаанд. Чун сад сол аст ки хар дуи ин касб дар чомеъаи точик дар тасарруфи давлатхои худхох буда ки хамеша талош доштааст мардумро бесавод ва беакида ба бор оранд.

Бисёре аз рузноманигории мо бо рахнамойии омузгоронашон дар хидмати давлатхо будаанд ва муваффак нашудаанд ки чомеъаро аз зовияе бибинанд ки мардум намебинад ва давлат онро пинхон мекунад.

Рузноманигори фидойи будан аст ва нон пухтану ба Дачла андохтан ки шояд гуруснае ба он даст ёбад ё нишон додани рохе ки ба ноневу маънавияте бирасонад. На пунду насихат кардани насли чавон ва халки авом.

Аммо рузноманигорони точик ба гушнагон ва чашмбастагон достону кисса мегуянд ва дунболи хат кашидан байни хубу неканд ва ё сиёсатмадоранд ва ё додхоху додгустару казоватгар.

Рузноманигор ба маънои демократ ва бетараф мо хануз надорем! Чаро ин гуна бо катъият мегуям? Барои ин ки мо хануз мардуме надорем ки рузномаеро танхо ба хотири бетарафии он бихарад ва рузноманигоре надорем бениёзона ва бетарс аз фочеъаи чомеъа бинависад.

Рузноманигориро сахлу содда гирифтани мо худ далели он аст ки 100 сол кофи нест ки фархансози кунем ва рузноманигориро чидди бигирем. Мо точикон ними аз ин сад солро бо чангу чидол гузарондаем ва ними дигарашро бо фахрфуруши ва такя кардан ба номи баланди гузаштагонмон.

Вокеъан оё мешавад гуфт ки рузноманигории точик муфаввак буда ки холо бишавад рузноманигори муваффак интихоб кард?

Оё рузномае дорем ки ба дасти хадди аккал 30 дарсади чомеъа бирасад? Мо гурухе аз нависандагони эхсосотие дорем ки барои худ менависанд ва аз дидгохе менависанд танхо байни халкаи худашон фахмост ва хеч гох аслану абадан барои кулли миллат фахо нест ки битавонад расонаи он миллат бошад.

Вакте расонае чунин нест мешавад рузноманигоре чунин дошт?

Инхоро менависам аммо эхтироми зиёде дар дил дорам барои хамкасбоне ки бо ин хама сахтихо хамчунон калам мезананд…

(Идома дорад)

 

دیدگاهتان را بنویسید

نشانی ایمیل شما منتشر نخواهد شد. بخش‌های موردنیاز علامت‌گذاری شده‌اند *