Нигохе ба номахои Фуруг

Нашри китоби тозае аз номахои Фуруги Фаррухзод ба хамсараш Парвизи Шопур ки ба кушиши писари у Комёри Шопур ва Умрон Салохи бо унвони “Аввалин тапишхои ошиконаи калбам” дар Эрон даромад (Техрон: Марворид, 1381), дерест ки зехнамро машгул кардааст.
Барои ман ин номахои Фуруг дар замоне расид, ки фикрхои худро ва хукмхои худро гуё аз Фуруг сохта будам ва тасвири хаёлии уро дар зехни худ бофта будам. Алокаманди бар шеъри у ва ташнаги бар ошнои бо рузгори у маро ва хеле аз хонандагони точики уро зудбовар карда буд.
Холо аввалин тапишхои ошиконаи калбаш баъд аз 38 сол аз марги у ба мо расида ва харфхоеро аз забони ширин ва маъсумонаи Фуруг мегуяд ва бовархои шишаии каблии маро зарра-зарра намудааст ва аз он заррахо шаклхои тоза ва пурчилои дигаре сохтааст. Аммо ман ки холо мефахмам дунёи Фуруг дунёе бо меъёрхои маъмул нест.
(Идомаи ин матлабро дар сахфаи Би-Би-Си Форси бихонед.)