(Ёддошт барои роман)
101 яке аз утокхои 5000 утокаи хобгохи Донишгох аст, ки як дар, як панчара, як чевони либос ва як чевони китоб, як мизи кори, як мизи кучаке барои хурокхури ва чахор кати сими дорад. Маъмулан бо хамаи ин тачхизоте ки номбар намудам барои рохрафтан дар уток чои бахузуре намемонд. Хусусан вакте чахор курсии хурд аз зери катхо бароварда мешуд, дигар зада уфтонидани якдигар хеч буд. Панчара бузург ва сетабака буд, ки аз он ду табакаш ба рохати боз мешуд ва бо пардаи сафеди дарозе ки аз боз шудани дар хар дафъа ба сурати кас мечаспид ва уток ранги бемористонро ба худ мегирифт, гарчанд камтар пеш меомад, ки мисли бемористон ором ва сокит бошад. Панчараи ин уток ру ба дохили бог ва катхои катори дохили имороти хобгох боз буд. Агар каме сар аз он ба самти чап берун бароред панчарахои бузурги зали варзиширо низ ба рохати медидед. 101 дар табакаи саввум чойгир буд, ки дар бахору тобистон аз шаббодахои нарму муаттар бархурдор ме
намуд ва зимистон захри сарморо дар худ чамъ мекард. Хобгох рохравхои борике дошт, ки дар ду охири он ошпазхонаи мучахаззе барои хурокпухтан ва коса-табак шустан дошт. Маъмулан ошпазхона ва хочатхонаи хобгох аз шулугтарин ва сернавбаттарин бахшхои он буд. Мехмонхонаи он низ гохо шабхои охири хафта пур аз чавонон мешуд ва раксу суруд ва баъзан шеърхони хам мекарданд. Аммо бахши кироатхонаи он аз сокиттарин махали он махсуб мешуд. Ман хеле аз хилватии он истифода бурдаам.
Аз рузи аввал ду чизи ин хобгохро бад дида будам, яке дастшуи ва дигаре он ки хамаи факултахо дар як бино омехта буданд, ки боиси шулугтар гаштани он мешуд. Аслан мочарои ман хеле печида буд. Дар муддати як руз аз як духтари нозпарвар ки даст ба оби сард намезад ва хостааш то бегох фарохам мешуд ба як донишчуи пурхарф, шух ва аслан ба касе ки хеле аз асли ман мутафовит буд, мубаддал гашта будам. Харфи падарам ба ман кумак карда буд: хар чи онон хурдан мехури, хар чи пушидан мепуши ва хар чи пеш омад худат халлу фасл мекуни. Аммо хеч вакт ёдат наравад, ту донишчу хасти ва хамеша ва дар хама холат бояд аз паи дониш чустан боши. Ба назарам хеле аз худ гузаштаги кард то ин харфро ба ман гуфт. Аслан мисли хамаи духтарон ки падарашонро кахрамон хисоб мекунанд, ман хам чунин акида дорам, аммо вокеитар. Зеро падари ман вокеиян як кахрамоне буд дар замони худаш. Баръакси хамаи он харфхое ки модарам аз у мегуяд, ман уро аввалин касе медонам, ки ба решаи падарсолори ва мардпарасти теша зада бошад. Ёдам хаст ман хеле бачча будам ва модарам баъд аз таваллуди бародари бузургам дигар хама духтар таваллуд мекард, аммо падарам аслан беш аз як духтар намехост. Вале баъдхо тамоми талоши худро ба харч дод то духтаронашро сохибмаълумот ва сохибкасб ба воя расонад. Мегуфт духтар моли мардум аст ва маълус нест ба дасти чи касе издивоч мекунад ва дар пеш чи интизораш аст. Хамаи мо дар озодии тамом ва ноздона тарбият ёфтем.
Аз ин чост ки ман падарамро беш аз хама дуст дорам. Аз ин чост ки хеч вакт нахостам худро аз хеч чавоне камтар бинам. Аммо модарам мегуфт, ки падарам замоне тачдиди назар кард, ки вакте дар халкаи дустонаш маст нишаста буд ва аз он менолид, ки ин хама сарвату дустони зиёд дорад, аммо як писар ва ин хама «моли мардум», яъне духтар. Падарам маро дуст медошт, ман духтари аввалаш будам, яъне ба ман замоне дил баст ки аз доштани духтари зиёд хануз кимоб нашуда буд. Модарам мегуфт ман аз сари зонуяш частам ва поин омадам ва бо бо гардани борик ва ба осмон кашида ба хондани шеъре шуруъ кардам. Он шеър ин буд:
Машав навмед агар духтар бизоди,
Ки аз духтар бувад пайваста шоди,
Басо духтар ки сохибточ гардад,
Ба пешаш сад писар мухточ гардад.
Баъд аз он падарам маро шояд хатто бештар аз бародарам дуст дошт, зеро хар вакт ки мехост ва ба ман пул бидихад, мегуфт: мах, инро сигорпули кун.
Падарам хеч вакт сигор намекашид, аммо дар шаробхори ном баровардааст. Ман аз мастихои падарам хушам меомад, зеро хамаи киссахои ошикиаш ва тамоми вокеоти замони кудакиашро бароям мегуфт то замоне ки хобам бибарад.
Аммо он вактхо намефахмидам, ки ба худат хиёнат накун гуфтани у чи маъно дошт. Кас чи гуна метавонад ба худаш хиёнат кунад. Шахсияти хануз шаклнагирифтаи маро дуст медошт падар ва тамоми часорат ва итминонро бо харфхояш, бо киссахояш дар дили ман чой карда буд. Мегуфт хамеша ба чашми одамон бингар ва хамеша рост бош. Агар замоне аз чашми касе нигохи худро гурезонди духтари ман нести. Бачча будам ва моххо бедор мемондам то бифахмам, то ба худ равшан кунам, ки чаро ба чашм нигаристан ин кадар сахт бошад. Тамоми китобхои дустдоштаи падарамро оварда будам, ки агар вакт кардам бихонам. Мехостам падарамро бехтар бишиносам. Як марди идори ва чидди ва хеле хам кавокхои овезон ва тарсонанда дошт вакте хушёр буд. Аммо вакте каме нушида буд оламу одами дигар буд. Модарам мегуфт падарат ду нафат аст яке онест, ки дар хушёри баднигоху камхарф ва дигар оне ки мегуяду механдаду мераксад ва кудаконро сари зону мегирад ва хеч гохе барои хондани марксисму ленинизм вакт намегузорад. Яъне вакте каме нушидааст, зиндадил ва чавонмард ва шеъру адабдуст мешавад.
-Чаро ин хама китоби зиёд оварди. Кучо чо дорем инхоро гузорем, ъа, хой олима.- ба ман хитоб карда гуфт яке аз хамхонахо Пари.
-Зери кати хобам мегузорам,-гуфтан ман.
-Зери кат кафш, либоси зимистона ва хар кас курсии худро мегузорад, Ман боз ду курсии изофа мегирам, барои мехмонон хатман лозим дорем. Чашмони ман аз косахонааш берун омада буд. Мехмон? Ин чо чои кадам гузоштан нест, боз мехмони чи. Шаклу шамоилам, тарбиятам аз онхо комилан фарк мекард. Ман оромтарин нафари хона будам. Ману Мохин тоза хамин сол ба донишгох ворид шудем ман дар факултаи адабиёт ва у дар факултаи физик. Пари ва Бону хам адабиёт мехонданд, аммо онхо як сол кабл аз мо омада буданд. Пари чи кадар шух ва соф буд, хануз хам ки фикр мекунам, хеле дусташ дорам. Инсони нозанине буд. Холо кучо бошад.
Пари муйхояшро парешон карда буд ва болои панчара нишаста то чуфти чавононро ки поини панчараи мо бусу канор мекарданд масхара кунад. Чарогро хомуш карда будем ва хама аз панчара ба берун сар бароварда хомуш ба харфи онон гуш медодем. Духтар хеле шармин буд ва гардани худро ин кадар хам мекард, ки сурати писар хам ба руяш мерасид ва хам ба пистонхояш. Духтар хамчунон поинтар хам мешуд. Чаро накун намегуяд.- асабони шуда гуфт Пари.
-Хей агар нахохи даф шав гуй, агар мехохи чаро ин кадар букри зади!-дод зад у сабру токаташ аз даст рафта. Вой ман мурам, гуён аз чой чахида гурехт духтар. Чавон ба самти мо нигариста дашном доду аз паси духтар рафт. –Ту хеч вакт писареро бусидаи?- пурсидам ман аз Пари вакте мухокимаи он духтарро ба охиртар оварда будем. – Ман чаро бояд бусам, агар ба онхо лозим аст худашон бибусанд.
-Яъне ту бусиданат намеояд.- ба сухбат хамрох шуд Мохин.
Ба ногах ба фарки бузурги ин ду маъни гарк шудам. Бусидан ва бусида шудан.
Ман оё касеро бусидаам? Ба назарам бале бусидаам.
– Вакте лаб ба лаб расид, фаркаш чист ки ки мебусад. Бусидан як чизи муштарак аст.- гуфт Бону.
– Вале бусаи он ду нафар муштарак набуд.
Бале, ба назарам хар кадом часорат намуд ва аввал дархост буса моли хамон аст.- бо нози шармолуд гуфт Мохин.
Мохин занонатарин дар байни мо буд. Бо ронхои пахн ва пистонхои кулчаи ва муйхои дароз, ки хангоми рох рафтан кокулонашро аз як дунба ба дунбаи дигараш меандохт, дилбартарини мо буд. Пари хам муйхои мушкини кутох ва пусти сафеде дошт, ки бо холхои хуб уфтодааш нозхояшро муассиртар менамуд. Бону духтари кадкутох бо чашмони дурушти гиро ва муйхои халка-халка ва бо он ки усмаву сурмаи зиёд мекард, хеле хам чавонписанд буд. Ман. Ох, мани логари рангпарида бо муйхои кам ва зард ва чашмони кабуд мисли искелете мемондам, ки пуст кашида бошанд ва болои ин хама шохкорихои табиат руям пур аз догхои офтобхурдаги ва догхои хурд-хурди кунчитак буд. Яъне агар чавоне аз дар дохил мешуд дар навбати охир ба ман диккат мекард.
-Дусти мо Наташа аз Украина, як сол аст ин чо забони точики меомузад ва яке аз дустодорони ашаддии фарханги форсу точики аст.- маро ба дустписараш муаррифи кард Пари. Хама ба руи якдигар нигаристем ва сир бой надодем. Ман хам факат барои ин ки Пари вокеан ошики ин писар буд ва шабони дароз мегирист, ки у хеч алокае ба вай нишон надодааст ё бо дигарон нишастааст ё чизе мисли ин. Аммо холо ки муъчизае банохоси руй дода буд ва барои дидани Пари омада буд бо як даста садбарги сурх, мо хама мочароро чидди гирифтем ва лачоми сухбатро ба дасти Пари супоридем.
-Дар як сол ин кадар хуб харф заданро чи гуна ёд гирифтед.- бо таъаччуб аз ман пурсид чавон.
-мм.. –иштибохи худро дуруст кардани шуда ба миён даромад Пари- Наташа аз хонаводаи дустони падари ман аст ва такрибан аз кудаки тобистонхо хонаи мо меомад ва бо мо зиндаги мекард.-дубора дуругашро такмилтар кард. Хаёлаш аз русидонии ман ва аз ошноии ман бо Урупои Гарби ва хусусан кишвархои канори Днепр рохат буд, ки дигар ба ман бо ишораи он тарафашро зудат дуруст кун нигарист.
–Гори Лаврро хеле дуст дорам.- гуфт чавон. Чашмони Пари бузургтар аз аслаш шуда буд. Худаш намедонист, ки чаро ин дуругро шуруъ кард.
– Бале, ман хам. Такрибан дар сари рохи ман ба канори дарёст. Хеле чои зебост. Маро ба ёди Мадрасаи Тиллокории Самарканд меандозад.-гуфтам ман.
–Ачаб шумо ба фарханги мо ва мо ба фарханги шумо алокаманд хастем.
-Хар фарханг хубихои худро дорад…
-Хуб, шояд чое ё ягон шириние майл доред?- харфи маро бурида гуфт Пари ки аслан ин шухиаш ба фоидаи у нашуданашро дарк карда.
-Аз ин хомушак тарсидан даркор, чим-чимакон кариб буд, дустписарамро ба коми хеш бикашад,- гуфт Пари баъд аз рафтани мехмон.
-Хар беша гумон мабар ки холист…- оина ба даст гирифт Мохин, ки тамоми шаб чашмонаш пур аз орзу ба сухбати Пари ва дустписари хушкадду комати у менигарист.
–Хуб, дугонахо, баъд аз ин агар касе мехмон дорад, лутфан, бакия хашаротхои зиёдати утокро холи кунанд.- мисли хамеша коидаи наве чори кард Пари, ки ман хамеша аз кавонингузориаш хушам меомад, аммо на аз инаш. Мутмаин будам, ки дидани ман хеч кас намеояд, хадди акал бо дидани дустони онхо чахонбиниамро каме пур мекардам.
–Дустон бояд дар хама шароит бо хам бошанд ва хама хубию бадии рузгорашонро бо хам бинанд. Дуруст мегуям- ба самти Мохин ва Бону нигаристам. Онхо ки аз шунидани сухбати ин ду кабутар бадашон наомада буд, харфи маро бо ишорахои маънодор таъйид карданд.
– Эъ, агар мо бихобем, чи? Агар хостем танхои танхо бошем, чи?- мехост эътироз кунад Пари.
–Шояд оби тахорате, чойнамозе, оханге, кумаке…
Хама ба хандиданд.
Рангам парида ва чашмонам фуру рафта буд. Хама ба ман механдиданд. Ин кадар хандидан ва вазъи маро чидди нагирифтанд, ки ман низ мачбур шудам бихандам. Аз Донишгох бармегаштам ва дар хиёбони серодами он охиста-охиста кадам мезадам ва тамоми дарсхоро талош мекардам ба ёд биоварам. Ба ногах сари худро боло кардам ва мардеро дидам, ки болои кундаи тозауфтодаи дарахте нишастааст ва олати мардонаи худро бароварда бо он бози мекунад ва бо хандаи девонавор ба ман ва ба дигар заноне ки аз канораш рад мешуданд менигарад. Беист бо худ бози мекунад. Хама гурехтанд ва ман чашмамро аз у наканда пуштноки калон-калон кадам мегузоштам, ки поям ба чизе дармонд ва бо пушт уфтодам. Мард хамчунон дар чои худ нишаста буд ва хеч нишонае аз шарм ё акл дар у дида намешуд. Мариз буд. Намедонам чи маризие. Чавоне маро кумак кард, ки аз чоям бархезам. Чунон аз у тарсидам, ки дастамро кашида гирифтам, аммо он чавонмардона холати маро дарк карда буд ва аз харакоти ман наранчида маро аз дастам гирифт ва ду се кадам бо ман омад. Ман бидуни ташаккур аз у дур шудам ва надонистам ки чи гуна то хона омадам ва ба духтарон гуфтам. Хатто баъзе аз онхо мехостанд он чо биёянд ва бибинанд, ки чи чизест он мояи гурури мардон. Ба ман бо шухи мегуфтанд, ки бояд ба у ташаккур кунам, ки маччони ба ман нишон додааст. –Масъала факат дидан нест,- ман шармзада ва хатто пеши худ заиф менамудам. Ман интизорашро надоштам.
Хама бокира будем. Хеч кадоме аз мо аз мард тасаввури дуруст надоштем ва дар бофтахои афсонавии худ ошик мешудем ва фориг, ошик мешудем ва чудо. Хануз ба он маъно занона ва вокеъбинона тачрубае надоштем. Ман холо баъд аз он мочаро чизе медонистам, ки дигар хамхонагихоям намедонистанд. Шаб буд. Шаби гарме ва панчара боз буд. Пари канори кати ман омад ва хам шуд. –Медонам, хоб нести, ба ман бигу, ба хеч кас намегуям. Ба худо касам… Ман гарчанд дар хонаводае ба воя расидаам, ки 80 дарсад занонро ташкил медод, аммо тарбиятам комилан мардона буд. Шояд ба он хотир ки ба падарам алокаи беш доштам ва дунёро аз нигохи у дидаам. Хамеша бо писарон бехтар дусти мекардам то бо духтарон. Хеч вакт натавонистам аз он чи дидам ба дигар духтарон бигуям. Хандаам омад ва сарамро зери курпа кашидам. Хама дубора хандиданд ва он шаб нахобидем.
Хеле шабхоро намехобидем. То субх киссахои кудакии худро, тачрубахои чолиби зиндагии хешро ба якдигар мегуфтем. Хусусан тобистонхо, ки боз ду се нафари дигар аз дустон низ ба мо хамрох мешуданд ва мо барои онон дар руи фарш чойи хоб меандохтем, шабхои мо пур аз зиндаги ва пур аз афсонахои вокеи мегардид.
101. Хамаи донишчуён ин утокро бад медиданд. Мо намегузоштем ки хамсояхо бихобанд, ё дарс кунанд, ё хатто дар рохрав бо хамдигар сухбат кунанд. Зеро хамеша хавфи онро дошт ки касе аз утоки мо бо шаст худро ба берун занад ва ба онхо бархурад, ё сатили обе иштибохан ба руяшон пош хурад ва гайра. Аммо мо факат як дунёе пур аз шухихои кудакона доштем ва баъзан талошхое хам мекардем, ки адои духтарони болиг ва расидаро дарбиёрем. Алабатта ин вакте буд, агар чавоне ё устоде ё падару модари касе аз мо омада бошад.
Хуб мебозидем, хуб зиндаги мекардем ва хуб мехондем.
Дарро боз кардам. Оре ин утоки кории хамон наккоше буд, ки сурогаш омада будам. Пушт ба ман саргарми кораш буд. Дар тоблуе наккоши мекард накши зани зебое даромехта бо марде тануманд сар то по офтобхурдае буд. Аз он ки хеле саргарм буд ва додаи кораш ки аз ворид шуданам пай набурданаш худро рохаттар ба тамошо чалб кардам. Рангхое ки интихоб карда буд, пардае ки хамранги пусти латифи занона буд, фазоро хеле хам хилват ва чаззоб намуда буд. Наккоши наздик ба итмом буд: Хуб, барои имруз кофи.-гуфт наккош ва сар аз кор бардошту чашмаш ба ман афтод. Хамзамон аз он гушаи уток ки ман каблан ба он тараф таваччух накарда будам, духтаре аз рахт сар бардошт ва хамон марде ки дар наккоши медидам. Хар ду аз бехаракатии дарозмуддат як харакати хамёзамонанде карданд то маро диданд. Духтар чиг кашид ва пистонхояшро бо дастонаш панох кард. Махин буд. Ман хам аз рузнома хонда будам, ки наккоше мехохад аз бадани касонеро наккоши кунад, бидуни ин ки шахси тарафро ошкор созад ва дар иваз наккоши омузонад. Дарсхои наккоши яке аз гаронтаринхо буд, ки на хар орзуманд матавонист аз паси пардохташ барояд.
Ман мехостам он марди дар хиёбон дидаамро наккоши кунам ва зехнамро аз киёфаи тарсноки у коли ва билохира бо ин рох тачрубаи худро бо духтарон таксим кунам. Дар ин масоил онхо хама аз ман ошкорбаёнтар ва камрутар буданд. Ба кадом мавзуъ алокаманд хасти. Ба хазору як шаб.- гуфтам ба наккош ки мехост рангомезиро ба мо омузад. Махин хам чизе нагуфт гуё он хам мувофик буд. Наккош аз чевони болои сакф як даста когазхои формати мухталифро берун кашид ва пеши мо боз кард. Корхои у аз хазору як шаб буд.
Дар кироатхона танхои танхо нишаста будам ва хатто бехабар монда будам ки субх наздик аст. Ба охирин сатри сахифа дубора нигаристам: Шахрзод то ба ин чо расид субх шуд ва лаб аз кисса баст… Дар мизхои канори хам катор чидаи кироатхона дароз кашида будам. Дастонамро баланд бардоштам ва китобро болои сари худ такон додам. Хисси шоди ва сабукие дар дилам чой гирифта буд. Аз боло сар аз панчара ба берун нигаристам. Посбон намедонам ки кай ончо пушти панчара омада буд ва ба ман менигарист. Чизе намегуфт. Факат менигарист. Дар боз шуд ва марде дохил омад. Ин хамон чавоне буд ки дар хиёбон вакте аз вахшат уфтода будам кумак ба бархостан кард. Зуд аз чой баланд шудам ва китобро зери ронхоям пинхон кардам. Ачаб, боз чаро ин чавон. Боз чаро хазору як шаб дар ин дервакт. Вай устоди навбатдор дар хобгох буд. Аз устодони чавоне ки дар Урупо адабиёти хорич хонда буд. Инро баъдтар соли дуввум ки адабиёти хорич гузаштем фахмидам ва чанд боре хам бо хам хуроки нисфирузи хурдем. Аммо он шаб аз пахлуяш мисли бод рад шудам ва ба самти 101 давидам.
Махин хеле дар наккоши пешрави нишон медод ва наккошихояшро ба наккош мебурд то назари уро дар интихоби рангхо бипурсад. Аммо наккошихои ман хамеша нотамом мемонд. Наккош мегуфт ки мавзуъхои бештар аз тавонамро интихоб кардаам. Дилам мехост хобхоямро наккоши кунам. Панчарахоро боз гузошта будем ва хар шаш лухт зери порчаи нафисе хобамон бурда буд. Ман чашм бар мох будам ва дидам море болдор парвоз карда омад ва лаби панчараи мо нишаст. Болхояш гайб заданд ва охиста аз панчара ба дохил хазид ва аз боло он ду нафаре ки руи фарш хобида буданд рад шуд ва ба самти ман омад. Аз тарс шах шуда будам. Ва ба чашмони мор менигаристам. Аз ман чашм канд ва аз сари китфонам ба зери пустам рафт. Аз дард арак карда будам, аммо метарсидам харакате кунам ва мор захр бизанад. Аз мирдани ба ин бемаънои хеч омода набудам. Мор то миёнам омада буд, аммо хануз думашро медидам. Хатто замоне ки аз китфи дигарам сар баровард, думашро дар китфи дигарам медидам…
Ин яъне чи. Наккош талош мекард аз он наккошии ман маъное пайдо кунад. Зери варак навишта будам «Хоб».
Он шабе ки ин хобро дида будам хануз дар хонаи худамон будам ва чахордах солам буд. Руи «Шохнома» уфтода хобам бурда буд ва ду тарафи сахти китоб ба ду китфам халида. Дастонамро фишурда будам ва суратамро ин кадар ба болиш панох карда будам ки тамоми баданам дар оби баданам тар буд. Аввалин мохонаамро ингуна пешвоз гирифта будам.
Чаро доги сабз ва чаро исмашро гузошти «Бакорат». Боз маро саволборон мекард наккош. Ду чавони нозукандом ба хам печида дар рахти хоби сафеде ишк меварзиданд ва дар чойхобашон доги сабзе аз ранги сабзи равшан рехта. «Бакорат» буд унвони наккоши.
Хамеша ба худ меандешидам ки ин бакорат чи ранге дорад. Аслан дар наккошиам мехостам онро сафед гузорам, аммо ин кадар ки ранги сабз ба чашм мехурад намехурд. Сабз. Оре, бакорат метавонад сабз бошад, сафед бошад ва оби ва хатто сиёх ё кабуд бошад. Асабони шудам ман аз он ки чаро ин наккош андешахои маро дуруст дарк карда наметавонад. Рузи дигар рафта будам худамро хафтахо дар утоки кироат зиндон карда будам то субххо як наккошии дигар кашидам ва ба худ гуфтам ин охирин наккошии ман аст. Наккош ба ман нигарист ва гуфт ту набояд мунтазир боши ки ман наккошихои туро кабул кунам ва аз онхо хуб гуям ва хатто барои фурушаш кумак кунам. Ин охирин дидор бо у буд.
Духтаре дар оташи сурх месухт ва аз миёни мардум охиста рох мерафт. Чашмони хама аз хайрат ва вахшат. Осмон оби ва мох сиёх буд. Зери он навишта будам. «Бокира набуд».
-Чаро ин кадар ба ин мавзуъ часпиди?- гуфт Мохин баъд аз нигохи дуру дароз ба наккошии хануз хоми ман ки тасмим гирифта будам бештар аз он ба он ранге ё чизе илова кунам.
-Ба назарат мухим нест.
-Чаро мухим аст, аммо …
Дар боз шуд ва Пари бо садои баланд гиря кунон вориди уток шуд ва худро ру ба болиш ба кат андохт. Дустписарашро бо як духтари харчоие дида буд.
«Ман ки наметавонам то замони издивоч сабр кунам- гуфта буд чавон баъдан вакте бо хам ошти карданд. Ман хам ки намехостам кабл аз издивоч хеч робитаи чинсие дошта бошам,-мегуфт Пари аз гиря гулугир шуда». Шояд хамаи мо ин барнома ё ин интизоротро аз худ дошта будем, аммо бовучудии ин махдуди намехостем худро камтар аз хар чавоне бидонем. Ин мавзуъи маъмули ва обшустае буд барои хамаи мо. Аслан мегуфти моро аз гили эътироз сиришта бошанд. Бо хар чи ба махдуди мебурд ба тарзи худ мечангидем ва аз хилофкори лаззат мебурдем. Як дусти шаттохе доштам, ки муборизаи худро дар баробарии марду зан дар шармсор кардани чавонон медид ва аз паси ин кор хеле хуб бармеомад. Дар хазл гуфтану ночиз кардани чавонон хамто надошт ва хеле хам беруёна бо онхо бархурд мекард. Хатто дустписари худро низ рахм намекард. Сайид аз кухистони дурдасте буд ва дар хонаводаи суннати ба воя расида буд. Хеле хам чидди ва хеле хам мардсолор ва хеле хам сарбаланд буд, ки гохе хатто чавонон низ аз у безор буданд. Дари утоки моро зад ва бо абрухои ба хам баста ва бо садои баланд гуфт, ки лутфан садои мусикиамонро «хомуш» кунем ва «бихобем». На ин ки паст, балки хомуш ва чаро бихобем намедонам. Шояд фикр карда буд бо хохарони хурдакаш ру ба ру аст. Ба бадбахтии у он дусти мо хозир буд ва аз чой бархост: «Мо ин чо танхо шумо он чо танхо бихобем то кай! Чонакам шаф-шаф нагу, биё шафтолу хам хамин чост, себу анор…»-аз шеърхои ошиконаи мо адабиётчихо хамзамон масхара кард ва чашмони чавонро хато карда даст ба камарбандаш бурд. Кохкохи духтарон ба фалак бархост.
Баъзан ин хандахо ба гиря меанчомид. Пари ва Бону ки аз мо бузургтар буданд такрибан бештари авкот хандаашон ба гиря хатм мешуд. Аз ояндаи худ мутмаин набуданд. Холо ки мебинам, аз ояндаи худ огох будаанд. Муаллимаи серфарзанд ва каммаоше дар зодгохи хеш. Тамоми орзухо ва талошхояшонро дар дафтари хотироти хеш гурондаанд ва гохе сари он зиёрат мекунанд, то дили чавонпирашон сабук созанд. Бону хамеша васати шухихояш аз худо мехост, ки ба у шавхаре бидихад, ки вакте гуфт Фирдавсиро дуст дорам, аз рашк талок надихад. Он вактхо механдидем, аммо холо ки мебинам шавхараш тамоми китобхо ва коссетхои дустдоштаашро дур андохтааст, фикр мекунам, мочаро хеле амик ва хусуси буд, ки хусусан ман аз нозукихои он огох набудам. Яъне баъзан ба назарам мерасад, ки мо хар кадом такдири худро ба хар самте ки рохат будем ё мехостем ё майл доштем бурдем, баъзе хатто инон ба дасти касоне доданд, ки аслан бо хости дилашон ошно набуд. Аммо хама кабл аз ин харфхо даххо маротиба ошик шуда будем ва талошхое барои канда шудан аз хатти таъиншудаи такдири хеш карда будем. Ба чое расид ки намехостем ва ё аслан ба чое нарасид.
Он шаб хамаи духтарон берун барои кадам задан рафта буданд. Ман танхо дар уток мегиристам. Аз китоб хондан ва аз он китобхои музахрафи бисёр ки бояд мехондам хаста шуда будам, дилам тозагие, равшание мехост. Берун рафтам. Дастшуиро дафъаи аввал дар тули зиндагонии худ дар хобгох бидуни навбат дидам, сар задам. Дар рохрави холи бо хузури тамом кадам задам ва ба хама шумораи дархо як назар андохтам. 111. Ин чо чахор чавони курси боло зиндаги мекарданд, ки хар чор дар шеъргуи ва хушовози ном доштанд. Пушти дари онон истодам. Дилам мехост хатто як бор дар умр шохиди сухбати онон бошам. На дар киёфаи як духтар, балки хамчун хамчинс бо хамчинс бидуни парда, хамчунон ки мо духтарон бо хам самимонатар хастем. Дар нимабоз буд ва садои сухбати нотасфидае аз пушти он меомад. Яке гуфт: Кош ин парда домани фариштае мебуд. Дигаре: аз фаришта ба мо чи расад, домани як зеборуе бошад бас.
Ман аз кудаки ба шалворпуши одат доштам. Ингуна худро бо бародарам баробар медидам ва бо у субххо медавидам ва хатто муштзани мекардам. То замоне ки мохона шудам ва модарам дигар ичозат надод. Хеле дилам мехост писар бошам. Такрибан то хаждахсолаги мехостам аз падарам пули зиёде карз бигирам ва дар Москов тагйири чинс кунам. Он вактхо тоза муд шуда буд ва дар рузномахо огахи нашр мекарданд ва аввалин тачрубахои тибби анчом мешуд. Хеле мехостам бо бародарам ба хизмати харби равам. Дилам мехост халабон бошам. Падарам мегуфт орзу занона ва мардона надорад. Чизеро мехохи ва аз пасаш мерави ба хамон мераси. Комунист буд он ваутхо ва такдирро дар дасти худи инсон медид, ки сохта мешуд ва вайрон. Ба хамин осони? Аз часорати Терешкова дахонам боз монда буд, вакте бори аввал шунидам. Пас падарам факат барои дилбардории ман ин харфхоро намегуяд, ба худ меандешидам. Аммо барои ба фазо париданам каме дер шуда буд, шунида будам, бояд аз кудаки дар хавои кам ва бо таквияти бахусусе ба воя расида боши то ба Донишгохи фазонаварди кабул шави. Бародам вакте аз Рига, чое ки хизмати харбии худро ба итмом мерасонид, аз ман пурсида буд, ки чи мехохам бароям биёрад. Гуфтам либоси харбиатро. Хандааш пушти телефон хануз дар гушам садо медихад: Фикр мекардам бузург шуда боши. Ду сол пас фурсати кофи набудааст.
Ба хона ки расид, ба хама савготихояшро таксим кард ва ба ман чизе боки нагузошт. То хама каме аз дидораш сер шудем ва уро ба холи худ гузоштем. Рафт утокаш ва бо либоси маъмули берун омад. Форми аскариашро ба дасти ман дод бо ду покети шоколотмонанди сабз. Ба даст гирифтам. Шоколот? На. Атр? Карта? Харчи ба назарам мерасид гуфтам, аммо наёфтам. Гуфт дар Гарб занон аз ин сигорхо мекашанд, ки таъми наъно дорад ва ба чои буи бади монанда атри хосс ва камзараре. Медонистам, ки вакте мегуфтам сигорамро дар ошпазхона равшан карда биёр, хамеша ду-се пуфе мекашиди то ба дасти ман баргардони. Ман гунохкорона табассум кардам. Гуфт ин моли туст. Хостам хушхолат кунам ва чизе биёрам, ки ин чо пайдо нашавад. Хеч вакт мисли он руз хушхол нашуда будам. Холо кам-кам зиндаги ба ман меомухт ки кас метавонад духтар бошад ва хам озод бошад ва хам хушбахт. Чи кадар хушбахти даргири чизхои хурд-хурди ночиз аст ва дар ин миёнхо ранги аслиаш нодида мемонад ё эхсос намешавад.
Дар махали мо зане буд ронандаги мекард ва тамоми бори рузгорро мекашид. Аммо хамчун зан хеч вакт озод набуд. Баъзан хатто гуё зан набуд. Ман мехостам бо баробари он ки зан боки монам тамоми такрубахои мардонро низ дошта бошам. Ба назарам хеле осон ва одди буд, мисли ин ки исрор мекардам то ба синамои бузургон биравем ва хамеша аз боло аз чое ки як русзани пир аз ошнохои падарам, оре аз хамон суроххои нурбор ки филм аз он чо пахш мешуд намоишро бибинам. Хеле мехостам бо синамо ва харакати тасвир ошно бошам. Чи гуна одам метавонад назди гурухи филмсозон урён шавад ва хатто бо марде бихобад. Вахшат мекардам, аммо боз хам баъзан мехостам накши Мерлин Монровро бози кунам. Гарчанд аз бозидани занони часури сурхпуст бештар лаззат мепурдам. Аслан то хаждахсолаги ду хис, хисси занона ва хисси мардона дар ман мечанчид. Боло поинхои зиёде боштам. Дилам мехост баробари хифз кардани зарофати духтаронаи хеш озодии мардонро дошта бошам. Дар хона дар панохи падар доштам, аммо хар чи кадар дуртар аз хона ва падар мешудам, ин баробариро бештар аз даст медодам. Падарам дар мачлисхои Хизби Шурави тарбият гирифта буд ва ман аз у, аммо беруни дар, мухити махалли як чизи комилан мутафовит аз он буд. Ман гуё аз киштии хонавода ба бодбони хурдаки метачрубаи худ дар бахри пурталотум пиёда шуда будам. Хеч фикри баргаште дар сарам набуд. Хатто баъди он ки бояд хобгохро тарк мекардам, гайри интизори падар дилам мехост утоки худро дар маркази шахр дошта бошам ва ба хона барнагардам. Он солхо аз хазор нафар донишчу дах нафар идомаи тахсил мекард ва бо ин рох ба мухити хонаводаги ки хамеша ё модаре ё падаре ва ё бародаре ва ё модарбузургу падарбузурге, вобаста ба мувафаккияте ки дар тули умр ба даст оварда буданд, идора мешуд. Аввалин далели аспирант шуданам ин буд.
Дар хобгохи духтаронаи мактаби махали, ки мо донишчуёни факултаи адабиёт он чо дар сахро ба гунучини пахта кумак мекардем, танхо монда будам. Аз панчара ба берун нигаристам, чавоне сари ошдон дар деги бузурге барои шом чизе мепухт. Аз чавононе ки корро ба занона ва мардона таксим намекарданд хушам меомад ва худ хамеша тарчех медодам, ки корхои писарона анчом дихам. Ин гуна худро кодиртар ва бениёзтар эхсос мекардам. Салом. Сигор дори, пурсидам дар чавоб. Ба самти ман омад. Дари утокро аз дохил баста будам то касе бехабар ба дохил наояд ва ба панчара такя карда сигор мекашидам. Чавон машгули кори хеш баъзан аз ман чизе мепурсид ва ман хам чавоби кутохе медодам. Намехостам худро хеле хам мадюн ё сипосгузор вонамуд кунам. Аслан чаро ин кадар худро асрордори ман медонад. Хуб хелехо сигор мекашанд, аммо пинхони. Ба танхои мехостам одоти атрофиёнро шиканам, ки на хамеша муваффак мешудам ва хатто бештари авкот мазаммат.
Хафтае чунин гузашт ва ман дигар уро нодида мегирифтам ва хеле сард бархурд мекардам. То шабе баъд аз шом ва раксу суруд даври гулхан хама хаста баргашта будем ба уток то бихобем ва фардо субхи содик бояд ба сахро биравем. Духтарон боло болои катхои сафарии худ росту нишаста мегуфтанд ва механдиданд ва гохе гар касе либосе мехост иваз кунад, чанд нафар ба сараш мепариданд то ба пистону камараш даст зананд ки боиси чирросу фарёди зиёде мешуд. Ба ногах хама хомуш шуд. Аз берун аз майдони варзиши садои фарёди девонаворе баланд шуда буд: Хой, хой мардуми дунё. Маро мешунавед!!! Хама мисли сели малах ба самти панчара чахидем. Чавоне ру ба осмон дод мезад. Хой! Хой! Агар… Агар осмон ситора намедошт! Ман чашмони худро ситора мекардам!… Духтарон ба пич-пичу ханда мегуфтанд: Наср нест? Оре, Наср аст. Хой!..
Номи маро мебурд. Медонам маро мешунави. Медонам маро мебини, хар руз, хар лахза дар фикри мани! Ранги ман иваз шуда буд. Ман чашмонамро ситора хохам кард, то рохи ту хамеша равшан бошад ва хеч гаме надошта боши!
Хабар ба падарам расида буд. Падарам рузи баъд омада буд дидани ман. Бо дастовезхои бисёр, ки хуб медонист дар сахро ба донишчуён хурдании хуб ва меносибе намедиханд. Хуби? Аз ман пурсид. Ман хамаро фахмида будам. Падарамро дар факулта хама мешинохт ва шояд ба хотири хамин хам ман ин кадар рохат будам. Гуфтам хубам ва у баргашт. Модарам наомада буд, мутмаинам, ба у чм/textarea>