Бозор Собир ва муштокони хайрони у

Имруз дар сайти точикии радиои Озоди гузорише аз баргашти Бозор Собир ба Омрикоро шунидам ва хостам онро ин чо биоварам то шумо низ бишнавед. Руи хамон хати сурхтоб нохун занед, то бишнавед. Чолиб аст. Мисли хар суханронихои Бозор бозорист.

Аммо умедворам, ки дар Точикистон мурданам хайф гуфтанаш тарки у ё ба истилох ругардонии у аз ватанаш набошад. Устод шеър хуб мегуянд, аммо бехуда дар пои сиёсат ва торих мепечанд, зеро худо ин ду хунарро ба эшон надодааст. Дар Душанбе ки будам, маколахояшонро дар рузномахо мехондам ва афсус мехурдам. Холо ин чо на, дар ягон мавриди дигар шояд дар хузури эшон рочеъ ба сабк ва усули маколанависии эшон сухбат мекунам. Сабки хоссе аст албатта. Ман онро суистифода аз озодии баён меномам.

Ин танзро ин чо бадохатан пас аз навиштани он сатрхои болои навиштам, шояд то рузи дигар онро дасткори кунам ё аслан аз ин чо бардорам, аммо холо дилам мехохад ин чо бошад:
(Танзе холис аз назароти сиёси ё хар гуна хусуси барои сафари  Бозор Собир ба Омрико ва мусохибаи у бо радиои Озоди.)

Боз мерави
Ва шиоре* бар гардани хеш гузоштаи 
Ошиконатро куштаи
Тушаат* як бухча* чамок*
Мерави аз ин кишлок*
Бар лабат нест чуз  ин паём
Ку дилором, ку дилором?
Каъбаам  бахри Ором*
Каъбаам бахри Ором…
____________________________________
*чамок дар лахчаи чануби яъне чахормагз
*Бозор Собир Точикистонро кишлок мегуяд
*бухча яъне баста, банди сафар
*туша яъне банди сафар, дастовез
*Бозор Собир гуфтааст, ки барояш мурдан дар укёнуси Ором бештар шараф дорад, то дар Точикистон-“Чое ки гирам ором-Укёнуси Ором”-ибора аз Бозор Собир

2 پاسخ

  1. Mutaassifona imkoni shunidani guzorishi nomburdaro nadoram, vale az matolibi pur az ehsosi ustod Bozor Sobir pay mebaram.
    Ba gumoni in jonib, hamesha meboyad bayni holathoi ruhi va sistemi aqoidi ustod Bozor farq guzosht. On matlabe (malomate), ki eshon zimni suhbat bo khabarnigor ibroz kardaand, itminon doram, ehsosoti lahzaii ustodand, na nazarashon ba mavzu’i Vatan.
    Dar tuli ta’rikhi mo, tojikho, shoironi vatanduste ba misli Bozor Sobir ziyod budand, ki zindagi onhoro yo dar domi ghurbat andokht va yo bo dili ranjida tarki Vatan guftand. Vale chunin buzurgmardoni ehsosi ba misli ustod Bozor dar ghurbat hamesha dar yodi Vatan sukhtaand va harfi “vatan” dar lab chasm pushidaand.
    Ohi jigarsuzi mavlonoi Rumi, ki az qa’ri qarnho merasad, hoki az in ast:
    HARCHI DIL AZ SANGI KHORO MEKUNAM,
    BOZ RU SUYI BUKHORO MEKUNAM.

  2. Мирсаиди азиз,
    таачуб мекунам, ки чаро садоро шунида натавониста бошед. Агар мушкил ин будааст, ки бо мусикии худи сайт омехта шуда бошад, пас метавонед онро бо фишор ба тугмаи стоп бартараф кунед, то суруди дилрабои “Буи Чуи Мулиён” катъ гардад ва садои гузориш шунида шавад ва дафъатан бо фишори дигар садои мусикиро мешавад дубора баркарор кард. Фикр мекунам ки дигар хеч мушкили текникие набошад. Ба хар хол аз назари шумо хеле мамнунам ва хамфикри шумоям, аммо хеле дилам мехохад ки дилсузони ватан дар ватан бимонанд ва зуд аз сафархои худ баргарданд вагарна сафари равшанфикр набояд бебозгашт бошад. Агар бебозгашт аст пас ба категорияхои дигари “равшанфикри” мансуб мешавад. Дар замони Руми ва хатто кабл аз ону баъд аз он донишмандон сафар мекарданд ва дунёдида бармегаштанд ва инрузхо мисли ин ки баракси он аст.
    Аммо дилам бар ватан месузад, метарсам, ки танхотар аз ин бимонад. Шояд ба он хотир аст, ки замони зиёд аз он дур будаам, такрибан 6 мох. То шаш мохи дигар муштоктар аз ин худро ба дидори шахри азиз ва мардуми покдилу соддадили хеш бирасонам. Ман хамеша чониби мардуми одди ва камсаводам, то чониби ашхоси мутаккабири нисбатан босавод. Холо, бисёр гилагузори накунам, албатта дили шоир бо дарди миллати хеш зиндааст. Дури аз ватан бештар ба шоир зарба мерасонад то ба ватан. Шоирони бисёр дорем, ки мардум аз онхо ранчидаанд, аммо Бозор Собир аз маъдуд шоиронест, ки аз мардум ранчидааст.
    Дар панохи худо бошед,