Устод Салим Аюбзод, нависандаи номи точик ва хам навис як мавзуъи мухиммеро матрах кардаанд ки хостам назари худамро дар ин бора бинависам.
Аввал ба навиштаи устод диккат кунед ки дар сафхаи веблогнависони точик дар Фейсбук овардаанд:
Дуруд бар блогнависони тоҷик! Сабаб чист, ки вақтҳои охир кам менависем? Шояд яке аз сабабҳо Фейсбук аст. Шумо андешаҳои худро ин ҷо порча-порча мерезед ва шиддате, ки барои навишта шудани як блог чамъ омадааст, ба ҳаво мераваду дар натиҷа торнигори Шумо на намешавад. Шояд сабабҳои дигаре дар миён аст? Чаро насли нави блогнависон ҳеч нест, ки зода шавад? Эҳтимол як табодули таҷриба ё омӯзише зарур аст? Онҳое, ки блогнавис шудан мехоҳанд, лутфан наҳаросед. Кори мушкиле нест. Гурӯҳ ба якояки Шумо ёрӣ медиҳад, агар дарвоқеъ чунин орзуе доред. Бинависед. (Салим Аюбзод)
Дар бораи бахши аввали ин навишта ки марбут ба веблогнависони мавчуд аст метавонам инро бигуям ки ба назарам хар касе бахонахои хурду кучаки худро дорад аммо ба ин маъно нест ки веблогнависи ахамияти худро аз даст дода бошад. На ба хеч вачх. Ин расонаи шахси макоми худро аз даст нахохад дод балки сайкал хохад ёфт.
Аммо дар бораи ин ки чаро веблогнависони тоза вориди майдон намешаванд метавонам ба чанд чиз ишора кунам. Ба назарам як далели он метавонад ин бошад ки тавачухи шояд ва бояд ба веблогнависон накардаем. Масалан нагуфтаем ки "нависандаи фалон веблог" ва ё аслан "веблогнависи точик" муаррифи кардани ин афрод дар расонахои чараёни асли ба веблогнависи арзиши афзуда ворид мекунад ва ё бознашр шудани мукаррари постхои веблоги ба хусус маро ба унвони нависандаи ин веблог хушбин мекунад ки садои ман дар дохили кишвар низ шунида мешавад. Ва аслан ихтисос додани як сафхаи рузномахои дохили ба гулчине аз веблогхо хам мухотаби веблогхоро афзоиш медихад ва хам веблогнавис ташфик мешавад ки бинависад.
Бо ин гуна вазъе ки мо дорем дар айни хол, яъне хар нависанда барои мухотаби махдуде менависад, мутаасифона ташвикгари дигар афод намешавад.
Худи ман низ борхо ба ин фикр кардаам ки бахши назаргузориро бибандам, аммо нихоятан ин корро накардаам. Ба хотири ин ки гох гудоре аз хонандаи тозае на назар балки нома дарёфт мекунам ки як рохи иртиботи ман аст бо хонандаест ки мехохад махфи бимонад ва суоли шахси бипурсад. Мисли ие ки чигуна дар хорич дарс хонд, чигуна ба Самарканду Бухоро сафар кард ва ва ва ва …
Вакте ба веблогнависи шуруъ карда будам аз Точикистон ва Узбакистон ва хатто аз Русия низ хонандае надоштам ва андухи амике аз ин бобат эхсос мекардам. Аммо холо вакте мебинам агар хадди аккал бист нафар дар руз ин веблогро хондаанд ва дах нафари он ё аз Точикистон ва ё аз Русия аст, хушхол мешавам ва ташвик ки бинависам. Хонандахое дорам ки дар сукут ва бесадо навиштахои маро дунбол мекунанд.
Нигарони ин нестам веблогнависи аз байн хохад рафт аммо нигарони ин хастам ки хонандахо аз даст хоханд рафт. Чун хонандаи точик хануз наомухта ки аз хоста ва ниёзхои худ бинависад. Дар натича веблогнависии точики низ мисли адабиёти точик нихоятан масири яктарафа пайдо хохад кард. Яъне нависанда аз он ниёзе менависам ки худ ташхис додааст ва на аз он ки чомеъа ва дар вокеъ хонанда хостааст.
Ё нависанда тард шудааст ва дур аз мардум ва ё мардум дигар ба навишта он арзишеро намегузорад ки интизор меравад.
Вакте муътабартарин китобхо дар панчсад нусхаи интишор махдуд мешаванд набояд норохат бошем ки веблоге панчох бор дар руз хонда шавад. Чун ин ракам руйихамрафта то охири сол ба хазорон мерасад ва паём харчанд ки кунд аммо мунтакил шудааст.
Дуст дорам зикр кунам ки икдоми родиои Озоди дар бознашри постхои веблоги дар торнамои худ мардумитарин харакат аст. Чун майдон ба садохое медихад ки харфе барои задан доранд аммо шояд шинохта ва маъруф нестанд.
Ман худ барои расонае кор мекунам ки тамоми озодихои эчодиро барои ман фарохам карда аммо боз лаззати веблог навиштан, бо лахни самимитаре харф задан чизи дигар аст.
Аммо эсос мекунам ки чизе хаст ки хонанда дар навиштахои ман пайдо намекунад. Бояд онро пайдо кунам ки он мавзуъи мавриди алокаи веблогхон чист. Нигохи сарсари ба руйдодхои руз ё назари шахси ман ва ё пешниход ё тархи мушкил?
Вакте хонанда аз алока ва нигаронихои худ наменависад андешаи веблогнавис низ байни ин хама руйдодхои хушу нохуш сарсону саргардон мемонад ва лочарам сар аз Файсбук дармеораду тамоми вакти худро ончо мегузаронад. Чун он чо робитахо бехтар баркарор мешаванд. Хеч кадом аз ин шабакахо зидди хам нестанд аммо хайф ки на хамеша дастгири хамдигаранд.