Имруз бо яке аз дустонам дидор доштам. Хушхол шудам барояш, чаро ки гранте 10 хазор дуллора бурдааст аз давлати Омрико, кишваре, ки худ тобеъияти онро дорад вале аслан фарзанди Ирон аст. Проекти у як тахкики фарохест рочеъ ба муштаракоти фарханги Ирони Афгони ва Точики, ки бояд дар тули 2 сол ба анчом расонад. Хушхол шудам ва назархои худро гуфтам ва чанд китобу маколахои нотамом ва мусохибахои худро ки аз равшанфикрони Самарканду Бухоро бо худ оварда будам ваъда кардам. Мавзуъи чолиб аст вале аслан тоза нест. Мавзухест, ки шояд аз огози бунёди кишвари Бузурги Сосиолистии Русия вирди забонхои мо форсизабонон ва фарханги ориёи матрах будааст. Дарвокеъ аввал дуруст мутавачех нашудам, ки кадом муштаракот ва аз кадом назар, назари торихи, сиёси ё иктисоди ё чугрофи ва ё урфу одат ва ё робитахо ва ё … ууууххх хеле чизхо. Гуфт метавонад хамаи инхо бошад.
Хатман тахкикоти доманадоре хохад буд. Ба хар хол хушхолу сарфароз аз он ки он дустам Жанд гуфт дар бахши точикии он ба кумаки ман ниёз дорад, хона омадам. Чи ачаб давлате ки худ хуб хамаи муштаракот ва хамаи ин мушкилоти равобити мо форсизабононро медонад ва баробари чанд кишвари дигари Урупои ва Русия бар хар чи бештар аз хам чудо кардани мо даст дароз кардааст ва барномахои тулонии дигаре хам дорад, дар фикри ба хам пайвасти моро хам хаст. Оё хаст? Намедонам. Ё боз хам сиёсати кадимист, ки мегуфт, хар чи бештар донисти хамон кадар махкамтар зарба зади”.
Дарвокеъ одам гич мешавад аз ин сиёсати печ дар печ ва дарун ба даруни омрикои. Аз тарафе барои тахкикоти доманадор рочеъ ба фарханги кадими мо гронтхои беш аз пеш масраф мекунад ва аз тарафе бар истисмор ва мазлум шудани он дар Самарканду Бухоро ва Фаргона тамошо мекунад ва тарафи боз дигаре бар сари мо бомбхои гаронвазнтарини дунёро меандозад.
Ман ки холо замони хомуши ва сукутам расида чандест ба хеч чизе назар намедихам ва хеч чизе умед намебандам, кори аз дасти худ меомадаро мекунам ва интизори рузи худ ва рузи мо хастам. Хамоне буд барои химоя ва дифои фарханги ориёи дар Самарканду Бухоро аз Ирон дасти кумак мечустам, албатта он вакто хеле кучак ё хатто кудак будам, баъдан вакте донишчу шудам, дигар аз Ирон даст бардоштам, дидам бо дину мазхаби худ хеле машгул ва хатто гирифтор аст. Ва хатто то сафорати Ирон дар Тошканд арз кардем то дастони моро ки аз китоби дилхохмон холи каарда буданд, чизе бигузоранд, чизе то бо забони ноби форси бошад. Гузоштанд албатта, вале ба дарди мо намехурд, зеро чанд китоби Куръон буд, Хофиз буд ва торихи шеъри муосири Ирон. Мо хамаи инхоро дуст доштем ва хондем. Аммо дарди мо дигар буд ва дар кутуб пайдо намешуд. Мо рохи халли худро бояд худ мечстем, зеро Ирон аз он бегона буд. 70 соли шурави моро ин кадр дур карда буд, ки вакте ба мо Ирон мегуфти мо ташнагони фарханги ориёи хамон Ирон кадим ва бузургро мефахмидем ва чашми умед мебастем. Фикр мекардем Рустами он чост ва дер ё зуд хохад расид. Хайхот ин хама идомаи афсонахои ширини кудакона буд.
Хулоса ноумед аз Ирон ба домони Омрико часпидем ва хама гала-гала дунболи омрикоихои миссионер мегаштем ва бо дахони боз ба маърузахои динии онхо гуш медодем. Ба харфи мо хам гуш мекарданд. Хамдарди мекарданд ва боз хидоят мекарданд ба суи худ ва фарханги худ ва дини худ. Фикр мекарданд мо ки мусалмони комил нестем, яъне рузаву намоз намедорем иваз кардани дид ва акидаи мо осонтар аст. На 70 соли шурави моро ин кадр тарсонда ва пушаймон карда буд, ки дигар ба осони бовар намекардем ва беозортарин ва сёамимитарин дини исломеро барои худ сохта будем ва бар ивази хеч фарогате намехостем аз он бигзарем. Ман худ хамеша ба суроги онон барои китобхои рангобарангашон мерафтам ва хамеша аз норасоии китоб ва нобуд кардани китобхои м адорис ва кутубхонахои буругтарини кишвар харф мезадам. Хамеша ба дасти китобе медоданд ё киссаи Масех буд ё омузиши забони инглиси. Боз хам ба дарди ман намехурд. Дарди мо мисли ин ки ба хама бегона буд ва орзухои мо шояд ба назари онон нокис ё гайриимкон мерасид.
Бале чун онон хама мушохида мекунанд ва ин киштии мост ки дар васати дарёст ва бишкаста. Мо талоши начот дорем ва то охирин нафас умеди зиндаги.
Дигарон мушохида хоханд кард ва мекунанд ва бархе махоричи бештар аз онеро ки метавонад ними киштии моро начот дихад ба гурухи хамкавми медихад то тахкик кунад, ки вокеъ чаро рух медихад.
Ачиб аст, холо фикр мекунам ин мавзуи интихоб кардаи дусти аслан кухна нест. Ин мавзуъ тозатарин ва мухимтари аст барои ман, аммо на барои тахкики илми, балки барои даст ба хам додан ва ба суи хам дубора баъд аз хазорон соли дури гоме чанд гузоштан.
Вале сахт аст, аз сахттарин ва ношуданитарин корхост масусан дар ин асри тозаогоз. Чаро боз лахнам иваз шуд? Зеро ёдам аз сухбатхои худ бо чанд олими Ирони омад ки дар Ин чо дар Лондон дида будам ва ё хонуми бисёртачрубае аз дафтари БиБиСи, ки мегуфтанд оё баъд аз хамлаи Омрико бар Толибон зиндаги дар Самарканд рохаттар шудааст. Ё замони толибон хам дарс мехонди? Гиряолуд механдидам бар чавобашон. Азизон Самарканд дар Афгонистон нест. Самарканд дар Узбакистон аст ва мо толибоне надоштем моро аз рафтани ба мадрасёа мамнуъ каунанд. Мо касонеро дорем, ки хазорон бадтар аз т олибон аст. Онон мадрасахоро ва китобхоро аз байн мебаранд факат ба хотири ин ки мо форсизабонем. Э. шумо форсизабонед? форси мехонед?..
Ва хатто хар хоричие ки агар фахмид мусалмонам мепурсад оё дар ватан чодур ба сар мегаштам. На дини мо зандуст ва зебоипараст аст, вале сиёсати мо душмани фарханг.
Хулоса баъзан ин фосилахоро ин кадр дур мебинам ки фикр мекунам мо форсизабонон дигар як чизи муштараке дорем ки дигар киммати ончунонии худро аз даст додааст. Ва он хам Шохнома аст.
Хохиш мекунам ба ман бигуед, ки аслан ин тавр нест ва ман боз ба чахони ширини умедвори баргардам ва ин киштии нима дар гаркро ба сохили умед бирасонам.
4 پاسخ
با سلام از سايت شما ديدن كردم خيلي جالب بود
سلام سايت شما را ديدم خواهشمند است عكس هايي از استاد را برايم پست كنيد متشكرم
Бародари азиз! исми ман Кутбиддин ва аз Точикистон хастам. Маколаи Шуморо ман хондам ва ба ман бисер маъкул шуд. Агар бе малоло бошад аз Шумо мепурсам, ки шахрванди кадом давлат хастед?
Дар худи Маколаи Шумо ягон чои гап нест!
Бародари азиз! исми ман Кутбиддин ва аз Точикистон хастам. Маколаи Шуморо ман хондам ва ба ман бисер маъкул шуд. Агар бе малол бошад аз Шумо мепурсам, ки шахрванди кадом давлат хастед?
Дар худи Маколаи Шумо ягон чои гап нест!