Он чо дар азизтарин шахр барои ман дусттарин касеро дорам, ки хамеша дилам барои номахои ширин ва самимияш танг аст.
Дар фурсатхои ошнои бо у дидам, факат номаш Дилшода аст ва дили уро хеле хеле кам шод дидаам. Шодмонона хузн меварзад ва зиндагони мекунад.
Ва хар сари чанд барои модари дилтанги ман ки номаш Донагул аст, даста гулхои ноз меоварад ва аз зиндаги ва шодиву ношодихои он харф мезананд ва ёде хам аз ман мекунанд.
Шояд дар он шахри бузург хамин ду нафар аст, ки маро мешиносад ончунон ки манам ва бо неки ёд мекунанд гохе.
Дилшода.
Духтарест бо дили дарёи, ки ман ин чо дар дурии дур даст бар сохилаш мебарам ва софтарин об ба кафам меояд.
Дилам мехохад имшаб номаи тозае аз у дошта бошам ва сайри дунёи тозаи у ва шахри азизи хеш биравам по ба пои калимоташ ва лаби чашмаи Оби Рахмат дар субхи чахоршанбе “рахмати калон” бар хастии покаш бигуям ба даргохи Худой.