Духтаре хамеша 5-сола

(Барои Шарифаи ширин ки
хадс мезанам,
дунёяшро хуб мешиносам)
Бузургсолон нестанд,
Дар хона танхоям
Фурсат аст шояд
Каламро
Бо оби дахон тар кунам
Ва лолахои маъюси кухистони хешро
Рангинтар кунам
Фонуси равшане биншонам
Дар шохи дарахт
Ва дар пои варак бинвисам:
“Хадс бояд зад,
Оре, хадс бояд зад
Ки чанд мурги шабхон
Хаст пинхон
Дар меги манзури соддаи ман”