Худро ятим эхсос мекунам.
Худро ба шиддати дилхурона ятим ва танхо эхсос мекунам. Холо чашмони дилам боз аст, холо бовар мекунам, ки устод Маъсуми ва Раззок Гаффоров мисли даххо нафари дигар дар байни мо нестанд.
Солхои зиёде хатто лозим нашуд ки мо бидонем хануз ба сатхи шогирди низ нарасидаем ва хамаро ба деги башиддат чушони тачрубахои хом рехтем ва ба пасттарин маком овардем хам худро ва хам забони худро.
Холо мо касеро надорем, мисли устодони мо рузномахоро мурур кунад ва рузи дигар маколае бинвисад, ки “Хой, фикр накун ки ин забон сар ва сохиб надорад!” Ва тамоми иштибохоти имлои ва услубии мо нависандагон ва рузноманигорони чавонро ба руямон бикашанд ва рохи дуруст ва баёни шоёнро ба мо нишон бидиханд.
Холо шояд вакти мост ва хар чи дили мо хост бикунем, зеро дигар касе на кудрати истонидани моро дорад ва на хавсалаи ба ин масъала даргир шуданро. Хама сар ба сари худ дар сахрои худ мечарем ва забонро чун банди овезони гардани хеш аз русигарои ба Эронпарастии кур-курона мекашем.
Чаро мо дигар ба пои забони ниёгони худ ва лахчаи ширини точикии худ табархои тоза ва тезтар аз замони Рус мезанем ва хар чи зудтар мехохем аз бори точикии худ рахо гардем то зудтар ба лахчаи техрони мусаллат гардем. Магар мо насли чавони хамон падароне нестем, ки зуллисонайн буданд ва хатто бештар, аммо на бар киммати бохтани забони модарии худ.
Охир ки гуфт ки эрониён аз забони мо бегонаанд, на шояд точикии мо боиси мехр ва мухаббати онон мегардад ва хатто нуктахои пушидаи забони адабиёти кухани худро дар лахча ва талаффузи тозаи точиконаи мо дармеёбанд ва бештар алокаманд бар ошноии бештар бо мо мегарданд.
Хатто агар нагаштанд, магар аз даст додани забони модари ва имлои конунии мо ки забони моро дар ин 70 соли вахшиёнатарини торих барои мо начот дод ва аз марги ру дар ру мухосира кард, ба мо обруе хохад овард ё сарвате хохад дод, ки мо бо ин забон натавонем ба даст оварем???
Мушкили забони имрузии точик дар талаффуз нест, балки дар афзудани хаммаънохо ва шикастани сохтори русист. Мо бояд имконоти худро бияфзоем то бо ин забони самими ва ширини Рудаки дубора мусаллат бошем.
Мо хеч вакт бо гуфтан ва навиштани тарзи техронии ” микуним” ва “микунид” забонро ислох карда наметавонем, балки хок бар сараш мерезем ва ганчеро ки ачдодони мо барои мо бо коммати чони хеш мерос гузоштанд дар чанд мижжа задан аз даст хохем дод.
Хуб, агар бахона омодаги барои тагйири хат бар хатти форси хаст, хатто дар хамон мавкеъ хам мо бояд сари лахчаи худ боки бимонем то мардуми содики махаллии худро хам аз адабиёт чудо насозем ва хам аз забоне, ки у ба хеч киммат иваз нахохад кард.
Равшанфикрро хамеша касоне мешиносам, ки зуд аз сарчашмахои урфу одоти ниёгони худ нагзарад, билло замоне ки замона чихати дигар ва муфидтари онро исбот накунад.
Вакташ хаст, ки хар як касе ки даъвои нависандаги дорад, баргардад ва
китоби нобига Маъсуми “Хар сухан чоеву хар нукта макоме дорад” ро бихонад то кур-курона ва ноогохона сахттарин зарбаро бар сари забони ятим ва бепуштибони имрузии точик назанад.
“Ман худ киям ки дар ин миёна мекунам довари?!”
Оре, вале сад дар сад мутмаинам, ки агар устдам Раззок Гаффоров зинда мебуд, ин нуктахои ин чо омадаро бо устодонатарин ва арзишмандтарин тарзи баёни хеш матрах мекард ва ба хеч вачх наметавонист бар ин хама омехтагии зехнии мо ва забони мо ва тарзи баёни ноустувори мо чашм бандад.
Дуруст аст, чанг ва марг майдонро холи ва шансхои камтачрубагон ва каммутолиъагонро афзудааст, аммо биёед онро хатто бо гариза ва фаросат биороем ва ояндаи фарханги худро чидди бигирем.
Мутолиъа бикунем ва баъд биофарем!!!