Духтарони Самарканд

Киссаи 1
Холо мехохам хаммаатонро гич кунам. Хеле рахм кардам ба шумо, аммо дигар намекунам. Хамеша харфамро дар дилам пинхон нигах доштам то хеч яки шумо норохат нашавад. Хонаводаам ки он кадар ба ман сахтгир нестанд, мушкили ман шумо мардуми бегона вале дар айни хол ба хама кори ман сарукор доштед. Хобатон намеомад, агар ягон рузи ман ё ягон рафтори бади маро тахлил накарда монед. Охир одам бо ин хама бадноми боз чи гуна дар миёни шумо хубон чой ва рох меёбад намедонам.
Киссаи маро аз худи ман бишнавед, магар бештар лаззат надорад?


То ба ин фикр кардам зиндагиам осонтар шуд ва кам-кам дидам, ки часорати аз пушти шумо гайбатгуён туф хам мекардаги шудам.
Ачаб, хатто худам хам боварам намешавад, аммо дуруст аст ин хама чизе ки мегуям.
Медонед кай аз шумо канда будам? Замоне, ки бори аввал ба худам бо диккат ба оина нигаристам, ба хамон оинаи бузург, ки падапам барои хохарам оварда буд то муйхои сиёх ва дарози худро шона кунад ва аз ман ибрат гирифта кокулонашро кутох набурад. Ба худам нигаристам ва зиндагиам, зехнам ва хатто орзухоям низ якбора иваз шуд. Шояд он кадар хам бузург набудам, ё шояд ба зиндагии хуб ва акидахои худ он кадар хам арзиш коил набудам. Барке ба сарам зада буд ва ман иваз шуда будам. Яку якбора. Модарам баъдан гуфт ки бузург шояд шудаам он вакт. Вай мегуфт одамон ба тарзхои гуногун бузург мешаванд.
Ман ба худам нигаристам ва бузург шудам. дар оина аз зону поинтарам намудор набуд ва ман каме дуртар рафтам. Боз хам як ду вачаб аз поям нонамоён буд.
Курси овардам ва болои он баромадам. Дар танам либосхое буд, ки хеч вакт дуст намедоштам, зеро хамеша ба ман кухнахои хохарони бузурнам мерасид, ки маъмулан гулхояшон аз шустани зиёд камранг ва аммо ба чои он догхои аз газохои равганин боки монда буданд.
Охиста-охиста ба даровардани онон шуруъ кардам… Харакатам бо хаячон ва хеле суст буд. Худро дар ру ба руи оина лухти модарзод дидам.
Хаждах солам буд ва ман ин дафъаи аввал буд, ки ман гуё дар калби худ инкилобе анчом дода бошам.
Аз худам хеле хушам омад, мехостам лахзахои дароз он чо бачо бимонам.
Берун бахор буд ва пардахоро бод ба пасу пеш мебурд. Насим ба баданам даст дароз мекард ва калбам гуё мисли дарёхо соф ва равон мешуд. тасаввур кардам, ки чи гуна марде метавонад маро дар огуш бикашад ва бо нозуктарин харакот тамоми марзхои пустамро навозиш кунад ва ва ба ман бусиданро биёмузад. Дилам аз шиддати шарм ва хаё дао табу тоб буд ва худро номураттаб ба дару девори синаам мезад. Ман ошик мешудам. Ошик! Ошик! Ошики… Зиндаги! Ва омода будам хамаи зиндагиро тачруба кунам ва эхсос кунам.
Дастонамро ба муйхои кутохам дароз кардам ва камарамро нимадавр задам то битавонам пойхои сафеди худро аз пушт бибинам. Дидам ва дар хамон холат дастонам ба суи муйхоям баланд ва камарам нимадавр ва пистонхои сахт ва сафед ва нуктезам барчаста бародарамро дидам, ки бо чашмони аз косахонааш баромада бо вахшат ва газаб ба ман менигарист ва бо тезтарин харакоти Шаулинии худ, ки хамеша варзиш мекард то ман ва хохаронамро аз писарони дех химоят кунад, корди руи мизро бардошт ва ман фурсати аз курси поин омадан наёфта бозувонамро дар панчахои махками вай дидам ва гардамро нимабурида ва баданамро бо матои шаробиранги хуни ошиконаам пушида дидам. Хуни ишк либоси ман шуда буд.