Search
Close this search box.

ریگستان

نوشته‌های شهزاده سمرقندی

Хадя -шоираи Бухорои

Хадя шоираи Бухорои вакте охирин дафъа дар Бухоро дидамаш мехмонаш будам. Дар хонааш хеле точикона маро пешвоз гирифт ва хеле хам самими харф мезад. Аммо шавхараш хамеша хузур дошт ва намегузошташ ки дар мавзуъхои мавриди алокаи хар дутоимон харф бизанем. Нигарони он буд, ки баъд аз рафтани ман ки ба унвони хабарнигори Би-Би-Си рафта будам. Вале ба шавхараш сар нафаровард ва хар чи дилаш мехост ва медонист ба ман бигуфт, ки ман кавли махфи доштани онро хануз пеши у дорам. Аммо харчанд чойхои зиёд аз он гуфтам вале аз номи худ ё касе махфи.


Ин чо мехохам яке аз газалхои Хадяро биоварам, ки бароям дар берунрав дуртар аз шавхараш ва дигар хама бароям кироат кард ва ман онро сабт кардам. Хеле бо дард бароям суруд ва гиряхои хомушашро ва харфхои дардоварашро ки мегуфт танхост ва хеч кас дар Бухоро на шеъри уро мехонанд ва на чизи дигаре ба забони точики, хануз дар ёд дорам. Магар мешавад хонумеро ки мардонавор дар майдони хама номардии рузгор мечангад, фаромуш кард? Аз Хадя: Нишон аз кучахои бостони Чу калъа кунчи калъа ёдгор монд. Ба гирди чую чуйбор бозихою Чавонии пирони бешумор монд Бихушкид обу чуйбор бенишон рафт, Зи гулдастони калъа дасти хор монд. Зи дарвоза карокул ному мехроб Хамон хам бепаноху хору зор монд. Зи даври ту ба ман мерос модар Факат шукронаи ин рузгор монд. Он вакт ин шоира ба ман гуфта буд, ки аз муборизахои бемаъни хастааст, мардум дигар дар доми факр ва чахл мондаанд ва дигар харф, забон, фарханг маънои он вактаи худро бохтааст, уро натавониста будам дарк кунам. Фикр кардам, ки бо фарзандони худ андармон аст ва факти зиёде барои ин сохаи мардум надорад ва хулосахои махдуд меоварад. Аммо у хак буд, вакте мегуфт, ки охирин рузнома низ дер ё зуд баста хохад шуд вассалом. Шуд. Дакикан хамон гуфтаи у шуд. Рузномаи “Бухорои Шариф” низ мисли садхо мадрасахои точики дар Бухоро баста шуд ва ба забони узбаки баргашт. Аммо дилам намехохад ва наметавонад бигуяд вассалом. Хамеша умедворам, хамеша дилам барои ояндаи шодоб ва шодони фарханги точики дар Самарканду Бухоро умед меварзад ва хушбинам. Агар мардум аз факр ва чахл берун част ва дунболи баркарории решахои худ наомад, он вакт шояд бовар кунам, ки “дар Бухоро бухор гардидем”. Аммо бояд чун Лоик дар фикри китоб ва таъмини маънавии мардуми точикзабони Самарканд ва Бухоро буд, вагарна мотамсарои осон аст. Бемордори кунем ва ба захмхои ин ду гахвораи фарханги форси давое бирасонем, шифо хохад ёфт, эхё хохад шуд. Бояд гофилтарин мардуми торих бошем агар барои начоти Бухоро даст начунбонем. Бухороро душманон тороч накардааст, балки бепарво ва нопуштибон будани мо заъиф кардааст.

یک پاسخ