A story of love, Books and revolution. by Azar Nafisi New York 2003 “Лолитахони дар Техрон” мешавад тарчумаи номи ин китоб ва Лолита кахрамони китоби маъруфи Набаков нависандаи табъидии рус аст, ки дар Урупо ба шухрати беандоза сохиб шудааст. Лолита духтари 11-12 солае хаст, ки падарандараш ба у ошик мешавад ва ин ишк боиси марги модари вай мегардад. Дар асос падарандари Лолита кахрамони филм хаст ва такдири хам Лолита ва хам модари уро худ бо хохишхои худ наздик дуруст мекунад. Дар чо-чои ин китоб ба назар мерасад, ки ин мард ба давлати Эрон ва ё рахбари он ва Лолита ба кулли занони эрони шабех дода шудаанд, ки бидуни дар назар доштани хости занон дар Эрони баъд аз инкилоб такдири ононро бо тарзи дилхохи хеш иваз кардаанд. Куллан “Лолитахони дар Техрон” тарчумаи хол ва торихчаи кутохи чаласахои махфии хонуми Нафиси хаст, ки он китобхои дар мавриди дарс дар Донишгох наметавонистанд барраси кунанд, дар хонаи у мехонданд ва рочеъ ба он бахсхои адаби мекарданд. Ин чаласахо ва хондани адабиёти хоричии дастнорас ба донишчуён мушкилоти нодории китоб ва шароити номусоиди донишчуёнро ки бештарашон аз хонаводахои мазхаби буданд ва пинхони аз падару модар ба ин чаласахои китобхонии доктур Нафиси меомаданд, то кисмате бартараф мекард. Ин китобро ба тозаги хонда ба охир овардам. Мисли одати бади хеш тамоми поваракхояшро бо калам навиштам. Зеро баъзе харфхоро бояд дар канори хамон чизхое овард ва гузошт ки дар пайдо шудани он фикр ё назар сабаб шуда бошанд. Холо намегуям ки ин кор хуб аст ё бад. Хонуми Озари Нафиси аз устодони адабиёти хорича дар Донишгохи Озоди Исломи ва Догишгохи Аллома Таботабои буд ва мисли хеле аз равшанфикрони дигари эрони ба Омрико панох овардааст.
Ман уро дар Ландан дида будам, ки чое дар хамин сахифахои “Самарканд” овардаам. Зани хеле ботамкин ва бо фазилатхои омехтаи шаркона ва гарбона ва хеле хам дилгарм ва ошно ба масоили сиёсати дохили ва адабиёти табъидии Шуравии собик аст, ки аз алокаи адабиётдустии ва догиши фарохи худ аз адабиёти хорича бо диккати том мутолиъа ва барраси кардааст. Набаковро, (яке аз нависандахои табъидии Рус, ки дар Гарб машхур аст) хеле дуст медорад ва дар катори дигар классикони гарби ва омрикои бо дарки хоси худ таълим медихад. Ман аз ин китоби у, ки мутаассифона аввалин навиштаи уст, ки ман кироат кардам, хеле чизхоро аз дунёи дируз ва имрузи Эрон омухтам ва дар зехнам фикрхои тоза ва омехтае аз андешахои навиштан ва тарзи навиштан ва баёни дунёи занона дар чомеаи мардсолорона овардааст. Ба назарам тачрубахои хонуми Озар Нафиси метавонад эътибори мо чавононро ба рохи халли мушкилоти таълим бирасонад, агар зиракона ва мушикофона ба он бингарем. Аммо чанд нуктае дорам, ки бояд дар ин чо биоварам. Дар ин китоби равшангуйе ки бар ман муассир буд, ба назарам дар он чо-чое чахон яктарафа дида шудааст ва гохо хулосахои нокисе ки аз бахси чавонон ба майдон меомад мунтакил мешуд ба хонанда ва хатто ба донишчуёни садокатманди худи хонуми Озар Нафиси. Тамоми бахсхо ва чаласахо беш аз хама бар худи Нафиси муассиртар буд ва гуё тамоми зиндагиаш дар хатти ин дарсхо ва ин кироатхои мамнуъ мегузашт, ки бештарин лаззати он кардани он корхое буд, ки дар чомеъаи исломи мамнуъ аст. Мисли занонаги ва озодии занон… Китоб аз аввал то охир аз кироати адабиёте мерафт, ки дар замони комилан ноороми сиёси бо исрори том ва шавк дар доираи донишчуёни эрони, ки умдатан дар чаласахои махфии он духтарон фаъолтар буданд. Ин омузиши адабиёти хорича, ки хеч чое барои адабиёти форсии мо надошт ба чуз як чое, ки аз лоилочи гуё шеъри Саъди ва Хофиз ва Руми мехонданд. Аммо дар кисми Аустин вакто харф аз ракс меомад, ба хотири ин ки устод Нафиси ритми баён ва ифодаи Аустинро бо ракс мукоиса мекунад, ки аз назари ман хеле дуруст ва ба чост, аз ракси эрони хам харф меравад, то эрони мераксанд ва духтарон хар ки ёд дошт бо ноз ва карашма дар халкаи танги дустонаи худ хушхоли мекунанд. Ин ягона чое хаст, ки чаласа ранги шод дошт. Ритми баёни китоб, баёни чахони аз дастрафтае хаст, ки хама аз он бо сабабхои ба хам муштарак дур афтодаанд, ягона рохи начот дошт ва он низ руз то руз ба табъид меовард ва ба тарки ватан. Яъне ин чо ягона чоест, ки ин гурух аз фарханги худ пуштибони мекунанд, зеро ритми насри Аустин бо ракси урупоии як-як-ду-се дуруст меомад, ки ритми валс аст, аммо духтарон ракси миллии худро балад буданд ва онро мераксиданд ва мавзуъро аз гарб ба эрон мекашонанд. Аммо дилам мехост, ки адабиёт низ бо хамин диди эрони ва назари форси будан таълим дода мешуд ва ё чо-чо аз он шохкорони ниёгонам низ оварда мешуд. Чун ба мо точикон адабиёти хоричаро дар мукоиса бо адабиёти рус меомухтанд ва мо бо устодонамон даст ба гиребон мешудем, ки адабиёти форсии мо низ чанд хазора чилутар аз ин нуктахо гарданбандхои антик дуруст кардааст, ки шумо устодони бо таълими руси аз онон хабари чандон надоред. Яъне бо хисси таслим кироат намекардем, балки талош мекардем бо хушу фаросат маълумот ба даст орем. Шояд шароити тадриси мо ва сохти таълим дар Шурави тафовутхои аз замин то осмон дошта бошад, намедонам. Дар ин чаласахои хонум Нафиси танхо аз достонхои “Хазору як шаб” ном оварда мешавад, ки дар Эрон хариду фуруши он ва хатто кироати он мамнуъ буд, мисли тамоми адабиёти хоричи, хусусан адабиёти омрико. Куллан хикояти талхест, ки давлати имрузии Эрон баъд аз инкилоб ин хама равшанфикрро ба олам пахн карда, ки ба назар мерасад, гуё ба куввахои мукобили худ нерухои тоза ва кавитар фиристода бошад. Ба худамон фикр кардам, ба точикон. Ба мо ки ин хама зулм шуд, аммо чохое, ки метавонистем истодаги кунем, мисли хамин хонуми Озари махфилхои худро дар зери махкамтарин тахдидхо намебастем ва харфхои ширини худро раддубадал мекардем аз ишк аз шеър аз адабиёт… Бахора Хуррамова ки аз зебошиноси ва Дилбар Олимова ки аз адабиёти хорича ба мо дарс медоданд, каме аз кисмат маро ёди ин махфилхои махфиёнаи хонуми Озар меоваранд, аммо боз хам дар хамаи онхо чизе гум шуда буд, чизе ками мекард. Хатто ин рузхо худам хис мекунам, ки чизе аз ман кам-кам кам мешавад. There is something missing gradually and slowly everywhere I look at…
4 پاسخ
Hi it’s me again. I am curious then. was this book originally written in persian?
Salom Babak,
Na in kitob hamon tavre ke dar avvale navishta amadaast, ba zabone inglisi ast va dar New York ba tab’ rasida. Ba fikram agar az tariqe Google /Reading Lolita in Tehran/ bizani site ustod Ozar Nafisi-ra nishon medihad yo site kitobro, chun yodam hast onho varaqayi pahn mekardand ke az site va az jam’avariyi nazarote javonon meguftand. On varaqa ke hajme khurde dosht va faqat adrese interneti dar on darj bud, man joyi guzoshtaam ke holo nametavonam paydo kunam. Vagarna hamin injo ba tu mefiristodam. Shoyad baroi tu jolib boshad.
Khele khushholam ke bisyore az ironiyon tozagi cyrilickhoni mekunand va mebinand ke tojiki hamon forsii Rudakist. Agar dust doshti ba mo binavis ke chi chizhoro ba tojiki khondi.
bo ehtirom,
shahzoda
Salam Shahzoda,
Kheyli moteshakkeram baraaye paasokhi ke daadid. Tajiki guyeshe besyaar shirini ast. In kheyli qamangiz ast ke ertebaat beyne Faarsi zabaanaan ziyaad nist. Man har hafte saayte shomaa raa mikhaanam Hameye she’rhaa va daastaanhaa raa talaash mikonam ke bekhaanam harchand ke kami sakht ast.
Baa dorud,
By the way you can participate in forum about persian language in http://www.unipers.com clikc on forum. There are many people from Iranians and tajiks taking part.
I have read that book it was realy good.