Search
Close this search box.

ریگستان

نوشته‌های شهزاده سمرقندی

“Номаи Наккош”

(идомаи романи “Аз Самарканд то Бухоро” Шарофат хамаи талошашро ба харч медод ки иттифокхои бади зиндагиашро фаромуш кунад ва дунёи пок ва тозаи худро бо берун ва мардуми ноошно олуда насозад. Дилу нодилон дафтари худро боз кард. Ба шахр нигарист, ки аз боло гамнок ва бидуни сабзаву дарахт ва камодам ба назар мерасид. Осмон хам тиратар аз пештара буд. Ба наккош нигарист ки саргарми кори худ буд ва гуё наздаш хеч касе набошад, хеле хам ором ва пур аз андеша ба наккошии худ машгул буд. Охирин сахифаи навиштаашро, ки бо аввалин талош боз шуда буд ба баланд хондан шуруъ кард: Гуфта будам… Бо сулфаи нозук гулуяшро тоза кард ва дубора шуруъ намуд.


Гуфта будам, Ё ба ман мегуфтанд Ки начот Орзуст Орзуи баланд Орзуи сафед Дар сиёхтарин шабхои зиндаги. Ёрони ман! Ёрони ночавони ман, Чои холии шумо маро Тихи мекунад Маро мегуронад дар хеш Агар дарахтон хам сабз набуданд Ман шояд бо дастони бесамари хеш Чашмонамро Ба пои абадияти шумо Мегузоштам Чашмонамро дуст медорам Чашмонамро дуст медорам Ки ин шахри гарибро Ягона бедорам. Ягона беморам. Наккош сар бардошт: -Дубора хон. -Чаро? -Дубора хон… Шарофат дубора хонд… **** *** “Номаи Наккош” Як мох аст, ки Шарофат туро надидаам. Намедонам чи ба ман асар кард, то туро ба Самарканд фиристодам. Чаро ман чуръати мард буданро надорам, чаро ман наметавонам ба ту марди зиндагиат бошам. Чаро орзухои туро наметавонам бароят осонрас кунам. Кош як марди одди ва кори мебудам, аммо ту медони ки чунин нест. Ба назарам бехтарин коре ки ман кардам ба ту издивоч карданам буд. Аммо на, фикр мекунам ин соддатарин коре буд, ки хар марди бешуур хам метавонад ба анчом расонад. Аммо чаро ман туро ба унвони зани худ пазируфта натавонистам. Хатто, хатто ягон дафъа хам ба ту наздики накардам… Ягон маротиба ба… ба пистонхоят даст набурдам… набусидам. Ту духтар шахомате дори, ки ман худро назди ту хамеша ночиз мебинам ва … баъзан ба он марде ки ба ту тачовуз кард… … чи тавр бигуям ки дуруг набошад ва ту хам наранчи… хавас мекунам, ман ба он мард ки туро дар огуш гирифта хавас мекунам, рашк мекунам. Ман, мане, ки чихил руз туро дар рахти хоби худам тамошо мекардам ва нигохамро ба чаридан дар гулзори бадани ту мефиристодам, чуръати як кадам наздиктар омадан накардам. Зеро фикр мекардам, ту рамида хохи шуд ва маро низ канори он мардхои дигар хохи гузошт ва тарк хохи кард. Ту зани оддие нести ва ман хамеша ба ту ба назари эхтиром нигаристаам. Шояд хазорон занро дида бошам, шояд бештар, аммо пеши ту чаро ин кадар заиф ва андешаманд хастам? Шояд дар чисми ту факат як зан, як зани маъсум ва бепанохро намебинам. Шояд туро дар хаёлхои худ тачалли додам. Ба буидани либоси ту, ба мутолиаи хазорон дафъаи дафтарони нотамоми ту худро конеъ мекунам. Маро бибахш, ки хануз хам ба он фохишахона меравам ва худро дар ихтиёри занони бегона месупорам. Ин харфхоро барои он менависам, ки медонам ба ман таваччухи зиёд надори ва ин ошкорбаёнии ман туро озор нахохад дод. Аммо агар туро дар ин сахна дидам… ё хатто ошики ягон марди дигар шуди… охх… намедонам поёни ин рох чи гуна аст. Ман хар чи пеш омад, дусти ту хастам. Шояд барои хамин хам нахостам, ки ба ту шавхар бошам, як шавхари содда ки хамаи мардон метавонанд бошанд. Медонам ту ба ин робитахо зиёд эътикод надори. Ман инсон буданро аз ту омухтам. Хатто хамон замоне ки хафтае як аз пеши макбараи Сомони мегузашти ва ба ман илхом ва неруи як моха мебахшиди. Аз он замон чизе аз ту дар дили ман меруйид ва ман ба бор меомадам. Меваи он хатман ширин хохад буд. Он китобхое, ки мехонди туро аз чомеъаи мо дур бурдааст ва туро имкон додааст, ки хазор кадам ба гузашта ва хазор кадам ба оянда сар бизани ва хузур дошта боши… Ман бо ту фахр мекунам! Аммо ба танхоии ту ва ба ин бадбахтии бузурги ту ба танхои мегирям… Ман шахомати торихи миллати точикро дар шахси ту мебинам. Ман туро … Азизи ман Шарофат, то замоне ки хамаи асрори худро пеши хам боз накарда бошем, мо наметавонем худро дусти хамдигар донем. Ман аз ин чо ба ошкор гуфтан шуруъ кардаам ва ту хам по ба пои ман биё то дустиро дар тарзи чадид ва нафари чадид имтихон кунем: “Ман медонам, ки байни ту ва Устод чихо гузашт. Ман медонам, ки он марди ба ту тачовуз карда кучост. Ман медонам, ки Парису дар чи хол аст. Ман медонам, ки “Офтоби Сугдиён” аз кучо “об” мехурад. Баъд аз ин хама икрор шояд фахмида боши ки ман аз тамоми тахаллусхои сохтаи ту барои нашри маколахои “урён” бохабарам.” Бо ман ошкор бош. Мунтазири номаи “урёни” ту мемонам, аммо ба одреси студиои наккошии ман бифирист на ба хона. Намехохам модарам ва дигарон аз олами талху ширини мо бохабар бошанд ва медонам ту хам мувофик хасти. Нигарони танхоии худ мабош ва фикр накун, ки ман туро бепуштибони хохам гузошт. На, аслан. Ту ягона савоби ман дар зиндаги хасти. Чи гуна метавонам ба ту хиёнат кунам. Агар баъд аз ин нома дигар дидани дидори маро надори, хисоби бонкии чадид боз кун ва ба ман бифирист. Ман таъмини молии туро то охири умри худ бар ухда хохам дошт. Чашмонатро мебусам, Ки барои ишк гиристаанд Наккоше ки бехтарин наккошихояш бадани зебои туст Бухоро, Октябри 1992 (идома дорад)