(идомаи романи “Аз Самарканд то Бухоро”) Хеле дер буд, аммо Шарофат ба хобгох рафтан намехост. Аз он духтари пурхарфи хамхонааш ба дод омада буд. Чи кадр дилаш мехост дар чое бошад ки касе вайро нашиносад, хатто номашро хам иваз кунад. Аз худаш хаста шуда буд. Мантики одамони атрофашро намефхмид. Соат давоздахи шаб буд, аммо барои вай гуё замон деру зуд надошт. Нишаста буд канори сахнаи Регистон, ки пур аз мизхои нишастани барои мусофирон гузошта буданд. Чарогон атрофро равшан нигах медоштанд. Марди посбон аз тараф ба тарафи дигари мадрасахои ба хампайвасти Регистон кадам мезад ва гох-гох ба Шарофат менигарист. Шарофат руяшро ба тарафи дигар тоб дод ва гуё фахмонидани шуд, ки хавсалаи харф задан надорад ва посбон низ кадам задани худро идома дод. Чарогони хурду бузург ва сабзу зард дар панчарахои мадраса равшан буданд ва манзараро тамошобоб ва чаззоб намуда буданд. Ба назари Шарофат чунин намуд, ки занон бо либосхои шохии абрешим ва доманхои баланди худ дар он утокхои наккоши ва тарсимшуда дар рафту омаданд ва гуё чашне хохад баргузор шуд. Ногахон хисси ачибе дар синаи Шарофат ба ларзиш омад, ки чи кадар ин мадрасахоро дуст дорад, чи кадар бо ин бинохо ва ин панчарахо наздик аст. Гуё тамоми умр дар ин пушти деворхо зиндаги карда бошад, хисси сохиби дар вай бузург мешуд ва коматаш гуё хар сония як вачаб баландтар мегардид. Нигохаш тамоми мачмуаи Регистонро аз боло наззора мекард ва дар рохравхои болои боми он бо нигохаш кадам мезад ва посбонро мисли муре пайдо кард, ки гох ин тараф ва гох он тараф парвоз мекунад. “Бо ин зама ночизи чи вазифаи бошарафе дорад ин посбон”- андешид вай. Ман чи кораам. Ман дар зиндагии худ чи корро ба анчом расонидам. Барои худам, барои падару модарам ва хохаронам ва … мехост шавхарам гуяд, аммо забонаш нарафт ва…., барои Наккош, барои Устоди азизам чи хидмате намудам?…
-Салом,- ба у наздиктар омада гуфт посбон, ки аз нигохи дурударози Шарофат ба суи худ каме далетар шуда буд. -Салом. -Ин чо чаро нишастаи? Мунтазири касе хасти? -Мехохам дохили мадрасаро бинам. Майлаш-ми?- бо лахчаи самарканди гуфт Шарофат. -Мм… Майлаш. Лекин дида монанд, дарди сараш калон-да…-андешамандона чавоб дод посбон. -Факат дарди сар бошад, хеч гап набудааст-ку,- шухикунон дилбари кард Шарофат. Чи шуда буд ба вай намедонист, аммо ба хар киммат хозир буд тамоми утокхои дохили мадрасаро кадам занад ва ба деворхояш даст молад. Мисли зиёратхои модараш санги кабри авлиёро. Дилаш мехост мисли шохзодахо дар болои мадраса кадам занад ва дили афсурдаи худро аз ноумеди ва заъф начот дихад. Дилаш мехост гурурро, ифтихорро дар худаш тарбият кунад ва хамеша дар хама чо сарбаланд бошад. Мисли шохзодахо дар афсонахои модарбузургаш, мисли хобхои ширини худаш. Мехост то субх одами дигар бошад. Одами бехтар, одами комилтар ва расидатар бошад. -Рафтем?- бо сар ба рох ишора кард посбон. -Мхх.- сар такон дод духтар ва аз чой баланд шуд. Мадрасаи Шердор аз замони кудакиаш ин чониб таваччухи уро ба худ чалб карда буд. “Чаро Шердор?” хамеша мепурсид вай аз падараш. Аммо холо ки аз манори тангу тори он боло мерафт ва дилаш мисли шер далер ва калбаш мисли офтоби канори шер тарсимшуда гарму дог мешуд. Зина ба зина, кадам ба кадам, нигох ба нигох, даст ба даст ламси девор, давр-даври манора каси тозае чизи тозае дар вай месабзид. Куввае дар вай чамъ мешуд ва коматашро рост, рост ва росттар мекард. Магрур мешуд ва холи аз тарс, фикру тардид ва нигарони мешуд… -Камтар дам гирем, монда шудам. Чароги вазнинро гирифтаам надониста.- дунёи Шарофатро парешон кард посбон. -Шумо истирохат кунед, ман худам меравам.- беэътиноёна чавоб дод вай. -Торик аст, наметарси? -Ман аз орзухои худ наметарсам. -Мисли ин харф мезани ки ин чоро харидани омада боши, ту духтар. Аз кучо хасти аслан?- нафаси худро бо сахти бароварда сухбатро шуруъ кард посбон. -Харидани наомадаам, хонаи худам омадаам. -Зудтар мегуфти, мехмонхонае, чои муносибтаре пайдо мекардам.- кунчковона мисли одати хамешагии худ, ки гох-гох занони хиёбониро ба мадраса рох медод, сари сухбатро боз кардани шуд посбон. -Амак, шумо аз хадди худатон нагузаред. Вале барои ман бехтар аз ин чо чое дар чахон нест.- аз охирин зинаи манор кадам бардошта худро ба болои бом гирифт Шарофат ва коматашро рост кунон дар рохравхои тори он кадам зад ва ба шахри азизи хуфтаашро дар торикии шаб зери нури зарду сурху сабзи Регистон тамошо мекард. Насими ширини шабонгохиро култ-култ мехурд ва ба домони ба чахор тараф парешони худ парвое намедод. Дастонашро боз карда буд ва гуё мехост мисли лак-лакхои сафед ба самти Бухоро парвоз кунад ва дар огуши Наккоши азизам фуруд ояд. Посбон аз ин холати мастонаи у ба вачд омада буд ва охиста хилвати уро вайрон накарда аз пушт уро ба огуш кашид ва муйхои сиёху парешони уро буйид. Шарофат чашмонаш аз манзараи Самарканди нимашаб наканда дар хамон холати парвоз ин мисраъхоро канда-канда ва ба хам бо эхтиёт васл кунон ба забон меовард: Эй шахри махзун! Эй шахри гамхои талхи ман! Эй шахри сангу сангу санг, Эй гури зебои фарханг! Имруз пайгамбарат кист? Имруз пайгамбарат кист? Посбон дастони худро аз камари духтар рахо карда як кадам аз вай дуртар чахид ва бо чашмони тарсида, ки гуё арвох дида бошад ба вай нигарон монд. Шарофат дар олами талхи худ чуёи орзухои ширин мегашт, то Наккоши азизи худро чи гуна хушбахт созад ва санги ноошнои дилашро бар дасти мехрубони у бисупорад. Дилаш он кадр хушунат ва озор дида буд, ки касоне мисли посбонро хатто намедид ва ё парвои ононро надошт. Чомеъаро ва тафаккури онро хуб шинохта ва омухта буд ва мисли мохи дар обхои гандида шино мекард. Чизе дар у бедор шуда буд, ки гох сарду сангин, гох догу хашмгин ва гох нарму нозуку ошик мешуд. Дар боми Самарканд бо дастони чун бол боз ва бо муйхои дар боди нарм парешону ларзон ва бо домане чун ливои Тачаддуд афшон дубора ба оламу одам нигарист ва онро дар рангу буйи дигаре пайдо кард ва ошомид. (идома дорад)
2 پاسخ
Hi!i’m mohsen from iran
if you are an uzbek please send me a mail
i have some question about your country
oh!by the way! can you speak persian?
i wait.
by!
Hello, I am also an Iranian. it is so funny they don’t know what you’ve written is in Persian.
I have recently have learnt to read tajiki. it is great.