Search
Close this search box.

ریگستان

نوشته‌های شهزاده سمرقندی

Сафари Ирон

Чанд вакт буд, ки Нурали мудири чадиди рузномаи “Точикони Дунё” бо хамрохии Фарзона хонум ба Ирон сафар карда буданд. Барои чашни шеъри форси ё чизе дар робита бо шеър ва адабиёт, ки ман иттилоъоти бештар аз ин надорам.

Хушхол будам, ки Фарзона хонум аз он мухити танги хонавода бо ин бахона то чанд муддат рахои меёбад.Чунон ки худаш вакте дар Хучанд дида будамаш мегуфт, сафар барояш мухим аст. Ман мегуям сафар барои хама мухим аст, агар талоши худшиноси ва дунёшиноси дар кор аст.

Имруз ки ба модар ба Самарканд занг задам, мегуфт Дилшода аз сафари Ирон баргаштааст. Худ ба худи бо ин хама иттилоъоти каме ки дар даст доштам ба худ фикр кардам, хатман барои хамин чаласа ва чамъомад даъват будааст.

Дилшодаро хеле дуст дорам барои хузни модарзодаш, барои табиати ором ва таслимияташ ба такдир. Барои талоши беандозааш ба шеъргуфтан ва офариниш.

Интизори номае аз ин дустон хастам, то тачрубахояшонро бо ман ба хам бинанд. Аз Ироне ки ман хануз бо чашми басар надидаам, бигуянд ва бинависанд.

Намедонам чаро ёди Самиро Махмалбоф кардам, ки мусохибаашро аз радиои Озоди бахши точики шунидам. Шояд таззоди байни дидори Дилшода аз Ирон ва дидори Самиро аз Точикистон аст. 

Ва ёди сафари Ахмади Дониш кардам, ки аз кохи императури Русия дидор мекунад ва дар шархи занони рус ба амири Бухоро ононро ба фариштагоне шабех мекунад ки шабхо бо либоси сафеди ба фаршхои чун оина мучалло овезон дар базми ашрофон пайдо мешуданд ва рузона аз назархо топадид мегаштанд… Аммо холо мо точиконро чизе ё чое нест ки ба ин хад дар хайрат ва тааччуб гузорад. 

Ба назарам мо точикон дар ин аср тамоми сифоти бихишти ва дузахвори хастиро тачруба кардем. Танхо чизе ки тачруба накардем осоиш ва оромиши зехни ва равони ва аклии мост.
Замони бедории мост ва шинохти дуруст ва пазириши хушёрона…