Кабл аз интихоботи Омрико, маъсумона ба хамкоронам гуфтам, ки агар Буш дубора райисчумхур гардад, дигар ба демокраси бовар нахохам дошт.
Холо ки боз Буш бар сари кудрат аст, ба маънои демокраси фикр мекунам, агар нодону ахмаки кишвар бештар аз ахли фахми он кишвар бошад, пас раъйгири чи маъное хохад дошт?
Дар кишвархои мо ки мардум саводи сиёсии зиёд надоранд ва касе мехохад ононро аз хамлаи чахони берун ва аз тасарруфи фарханги гайр эмин нигах дорад, зуд ба диктатори ном мебарорад ва аз камсаводи ва бепанохи аз чониби мардуми хеш шармандаи чахон мемонад. Ва кам-кам ба золиму чохил ва танхову ягона табдил меёбад.
Бояд пеши худ бисёр фикр кунам, ки оё чи фарке аст байни интихоботи давлати демократие ки бештари мардумаш чохилу тарафдори хунхоре хастанд ва давлате ки диктотури асту ахли фахми кишварро ки бештар аз нофахмони онанд саркуб мекунад.
Оё демоктарие ки бо дасти танбалону тарсухои бисёр сохта мешавад ва боиси мазаммат ва азияти маънавии ахли фахми он кишвар мегардад чи андоза арзиши вокеи дошта бошад?
Демокрасие ки назари 70% мардуми чахонро ба хеч баробар медонад ва бо 30% ки манфиатпарастони сиёисианд идомаи вучуд мекунад, маро ба тардид расонидааст.
Дилам ба мардуми орому сулхчуи чахон месузад, ба модарон, ба фариштагони хасти дилам месузад. Аммо хакикати зехнамро бояд бигуям:
ГАЛАБАИ ХИЗБИ ЧАНГЧУЁН ВА КОТИЛОН МУБОРАК!
ЭЙ МАРДУМИ МАЪСУМИ ЧАХОН, ОМОДАИ КУРБОНИХОИ ЧАДИД НИШАСТАЕД?