НУРАЛИ НУРЗОД (Точикистон, Хучанд) ШЕРОЗУ БАЛХУ МАШХАДУ КОШОНАМ ОРЗУСТ… (Бардошту ёддоштхо аз ширкат дар нахустхамоиши «Чашмандози шехри муосири форси» дар Чумхурии Исломии Эрон) Эхсоси шинохти асолат аз нафаси огоз дар ниходи инсон бидуни огохии худи ба хайси фитрати азали буруз мекунад. Дар фосилаи муайяни фурсат кави мешавад, чун инсон тахрики зинахои такомули маърифатро дар худ таxриба месозад, то бирасад ба фаросeи макосид ва ахдофи хеш. Шинохти асолат хам ба зоти худ тафсири эхсоси ишк аст, ишк ба асл, ба худ ва мунтахо ба Худои худ. Ва хамин эхсос танхо кодир аст, то моро бубарад бо худ то дурихои дур, то манзили хуршеду нуру саодат ва интихои маънихои будани худ дар xахони омадшуд. …Вакте аз рахгузори тафаккури хеш ба зехни таърих сафар мекунему дар Эрони бостон ва каламрави асотиру фархангу он, кишвархои ормониву шахрхои тамаддунофараш тафарруx менамоем, хиёли меъроx дар ин зодбуми асолати будани миллати мо ба xилва меояду мухаббати хамсафари дар xодаи тайи марохили хафтгонаи хонхои Рустаму Исфандиёр, убур аз канори тахти Xамшеду накши Рустам, мусофират дар харобахои Мадойин авx мегирад. Мо дар каламрави дониш ва хотироти хеш мерасем ба минтакахое, ки таърих бо номи кишвардории Сосониёну Сомониён маъруфашон кардаву марзхои Хуросону Варорудро мустакар кардааст. Пушти ин марзхо Рeдакиву Фирдавси, Низомиву Хокони, Аттору Санои, Мавлавию Саъди, Хофизу Хочу ва хазорхои дигар зиндаги кардаанд, то номи худу марзхои худро ба абадият ракам зананд. Бузургони бемисле таърихро бо шохкорихову аъмоли эхсонбори хеш гановати маънави бахшидаанд, то имрeз мо алами тафохур барафрозем, ки эронинажодем аз нажоди тоxдор ва тоxики бонангу ор… Ва таърих пушти xангу исёну талошхои хеш дар идомаи рахгузорхо миёни Хуросону Варорудро марзе фарохам гузошту ними мо дар он суи ормонхову ними дигар дар мо кисмат шуд. Аммо хиёли пайвастан ба асолат хамеша xазабаи ишкро ба он он суи ормонхо кудрат мебахшид. -Шояд рeзе мо хам аз рахгузори андешаву ормонхои хеш ба асолати дидану шунидану шамидан сафар кунему тафарруче дар гулгашти Мусалло ва шамидани хавои муаттари Боги Ирам ва нeшидани оби мусаффои Чашмаи Саъди ва… насиб гардад… Вакте ман аз сафари хотирахои хеш бармегаштам, эхсоси ишк ба ин асолат ва нерeманди дар ман xилваи зебое мерехт. Аммо ханeз зиндагиям дар навори хотирахои тасаввури ва бардоштхои таърихиву маърифати фардоро меофарид…. *** ДАР КОШОНАИ ШИНОХТИ ШЕЪР …. Ширкати мо дар нахустин хамоиши «Чашмандози шеъри муосири форси» бо даъвати Шурои густариши забон ва адабиёти форсии Вазорати фарханг ва иршоди исломи, Маркази густариши забон ва адабиёти форсии Созмони фарханг ва иртибототи исломии Чумхурии Исломии Эрон ва мусоидат Ройзании фархангии Чумхурии Исломии Эрон дар Точикистон, ки дар он ба тозаги чаноби окои Кахрамон Сулаймони ба хайси ройзан таъин шуда буд, сурат гирифт. Хайати Точикистонро дар ин хамоиш 10 нафар шоирон ва мунтакидон бо рохбарии академик Мухаммадчон Шакури намояндаги карданд. Хамзамон Шоири халкии Точикистон Фарзона, шоирон Шахрияи Атхамзод, Абдулло Кодири, мунаккидон ва устодони донишгоххои олии кишвар, докторони улуми филологи, Хуршеда Атахонова, Матлуба Хочаева, номзадхои улуми филологи, Шамсиддини Солех, Умар Сафар, Нурали Нурзод, Субхони Аъзамзод шомили ин хайат буданд. Дар чараёни баргузории хамоиш беш аз 60 маърузаи тахассуси рочеъ ба мухтассоти шеъри имрузи форси пешбини гардида буд. Матолиби мазкур дар шаш бахши тахассуси ва рочеъ ба масоили мухимтарини адабиёти имрузи форси ироа шуданд ва башхои тахассуси ановини зайл доштанд: 1. Чараёншиносии шеъри муосири форси, 2. Нигохе ба чугрофиёи шеъри муосири форси дар чахон, 3. Адабиёти татбики, 4. Накди адаби, забоншиноси ва таърихи адабиёт, 5. Зебоишиносии шеъри муосири форси, 6. Дин ирфон ва адабиёти инкилоби исломи. Хамоиш рузхои 11-13 октябри соли равон,мутобик ба 21-23 мехрмохи соли 1383-и шамси дар донишкадаи адабиёти донишгохи Техрон чараён пазируфт. Дар чаласаи ифтитохии хамоиш, ки санаи 12 октябр баргузор гардид, Раиси Мачлиси Шурои Исломии Чумхурии Исломии Эрон, доктор Гуломалии Хаддоди Одил, Вазири фарханг ва иршоди исломи ва Раиси Шурои густариши забон ва адабиёти форси чаноби окои Ахмад Масчиди Чоми, Раиси Донишгохи Техрон чаноби окои доктор Фарчии Доно, Раиси созмони фарханг ва иртибототи исломи хуччатулислом чаноби окои Махмуди Мухаммади ширкат ва суханрони намуда, хозирин ва мехмононро,ки аз кишвархои хамзамон ташриф оварда буданд, ба сарзамини ачдоди ва хам ба ин кошонаи шинохти шеъри имрузи форси хайрамакдам гуфтанд. Чаласаи ифтитохии нахустхамоиш бо хузури ин мехмонони арчманд ва шахсиятхои маъруфи кишвар шахомати хоса пайдо кард. Нуктаи чолиби таваччух он буд, ки баробари огози хамоиш дар солуни донишкадаи адабиёт ва улуми инсонии донишгохи Техрон намоиши мухташами китоб низ ба маърази тамошо ва бахрабардории мушорикин гузошта шуд, ки бахши аъзами кутуб ашъори шуарои муосири Эрон, кутуби марбут ба масоили накду баррасии шеъри имрузи форси ва монанди инро фаро мегирифтанд. Мо дар он фосилаи баргузории хамоиш аз вучуди ин хамоиш зиёда истифода кардем ва кутуби фаровоне хам рочеъ ба шеъри имрузиЭрону Афгонистон ба даст овардем. Ёдовари азин намоиш ба он хотир буд, ки аз тарики баргузории он низ барои шинохти вазъи адабиёти имрузи форси дар чахон бардошти зиёде бо худ доштем, ки то он фурсат надошта будем. Нуктаи чолиб он буд, ки дар накду сухансанчии имрузи Эрон рочеъ ба адабиёти муосири форсии кишвархои хамзамон, чун Точикистону Афгонистон осори зиёде ба калам омадааст. Ин амр худ аз кушишхои хуби шинохти адабиёти точику афгон дар каламрави Эрон мужда медихад, ки дар ин бора поёнтар ба тафсил сухбат хохам кард. Хамзамон он руз дар идомаи чаласаи ифтитохи як нишасти умумии хам доир гардид,ки «Нигохе ба чугрофиёи шеъри муосири форси дар чахон» унвон дошт. Дар чаласаи мазкур чанд гузорише буд, ки чараёнхои хоси чугрофиёи шеъри имрузи форсиро мавриди барраси карор медоданд. Нахуст устод Ахмади Самеи дар мавзуи «Чашмандози шеъри муосири форси» гузорищи хешро манзур сохт, ки вазъи умумии шеъри форсиро барраси мекард. Намояндаи кишвари Афгонистон Мухаммадкозими Козими ба унвони «Назар ба шеъри муосири форси дар Афгонистон» суханрони намуда, хозиринро ба холати такомули шеъри форси дар ин кишвар ошно сохт. Дар гузориши устод Мухаммадчон Шакури аз Точикистон тамоюлхои асосии шеъри имрузи точик матрах шуда буд. Хамзамон доктор Саид Али Мусавии Гарморуди низ дар мавриди шеъри имрузи Точикистон ба унвони «Нигохе ба шеъри муосири Точикистон» суханрони намуд. Гузориши доктор Иброхими Худоёр баррасии шеъри муосири форсии Узбакистонро фаро мегирифт ва «Аз Самарканди чу канд» унвон дошт. Ин нишасти умуми барои ширкаткунандагони хамоиш то андозае манзараи куллии вазъи шеъри форсиро дар кишвархои хамзабон чилвагар сохт. Дар нимаи дувуми хамон руз чаласахои тахассуси ба кори худ шуруъ намуданд ва ду руз кори хамоиш ба хамин сурат дар чаласахои тахассуси идома дошт. Чунонки каблан хам ишора кардам, дар ин шаш чаласаи тахассуси беш аз 60 маъруза шунида шуд, ки хар яке ба зоти худ самтхои мухталифи шеъри имрузи форсиро арзёби мекарданд. Вокеан, мухимтарин ва бузургтарин рисолати хамоиш хам дар хамин буд, ки дар канори муаррифии шеъри имрузи форси дар чахон барои накду баррасии он бо меъёрхои тозаву хоса ва хам муштарак рох кушод. Аз баргузории ин хамоиш рохи чадиди назари тахкик ва шинохти шеъри имрузи форси дар чахон огоз ёфт. Дар мавриди гузоришот суханро ба дарозо намекашам. Факат таъкиди хамин нукта кофист, ки дар хамоиш аз шуаро ва мунаккидони маъруфи эрони, ки каблан нигоштахояшонро хонда будам, Ахмади Хотами, Зиёи Муваххид, Саид Зиёуддини Туроби, Абдулалии Дастгайб ширкат намуда, гузоришоти хешро манзур карданд. Аммо ба иллати ироаи гузориш дар чаласаи дигари тахассуси ба самъи суханронии мунаккиди шинохтаи имрузи Эрон Мухаммади Хукуки мушарраф нагардидам. Таассуф аз он дорам, ки дар мавриди андешаи бахсноки устод рочеъ ба шеъри имрузи Точикистону Афгонистон, ки дар сухбат бо хабаргузории ИЛНО изхор доштаанд, дертар огахи пайдо кардам. Вале фикр мекунам, ки дар маколаи ин чониб барои ин андеша посухе хам буд ва аз назари дигар накши шеъри имрузи Эрон барои эчоди самтхои тахаввулпазири шеъри точики дар мисли шеъри Сухроби Сипехри дар он тахлилу тахкик хам шуда, ки хамин нукта як чанбаи киёсии шеъри ин ду кишвари хамзабон аст. Аз суи дигар, агар шеъри имрузи точик дар макоми пешрафтхои тоза ва иртифоъи хунариву мавзуи карор надошта бошад, чи ниёзе буд, ки чанд нафар дустони сухансанчу суханшиноси эронии мо рочеъ ба шеъри имрузи точик расоиле чудогона хам таълиф намудаанд ва хам барои дифоъи рисолахои дуктури дар ин чода корхои тахкики мебаранд. Ман танхо ин чо аз нигоштаи яке аз дустони донишманди мо, шоир ва мунаккиди хуби Эрони Алиризои Казва ёдовар шудани хастам, ки рочеъ ба газали имрузи Точикистон навиштааст ва он ба хайси рисолаи дуктури дар махалли дифои он карор дорад. Хамзабон дар хамоиш аз чониби доктори Саид Али Мусавии Гарморуди-шоир ва мухаккики маъруфи Эрон ва Хасаналии Мухаммади рочеъ ба чанбахои хоси шеъри имрузи точик изхори назар шуд, ки ин амр аз таваччухи хоси накди адабии Эрон ба шеъри имрузи точик мужда медихад. Устод Алиасгари Шеърдуст хам каблан рочеъ ба шеъри имрузи точик як рисолаи хубе бо шинохт ва изхори назари вижа ба шеъри имрузи точик ба унвони «Чашмандози шеъри имрузи точик» навишта буданд, ки аз тахкикоти арзишманд дар пажухиши мухтассоти шеъри давраи нави точик аз чониби Эрон махсуб мешавад ва фикр мекунам, ки дар ин рахгузор аз ин асари пуразиш ёдовар шудан ба маврид аст. Мабохиси зиёде атрофи чараёнхои шеъри имрузи форси дар кишвархои хамзабон ва равобити адаби сурат гирифт. Нуктаи чолиб он хам буд, ки шеъри форси ва равандхои ташаккули он, вазъи адабиёт дар кишвархои хамзабон аз чониби мунаккидон ва шоирони хавзахои дигар низ барраси шуданд. Чунонки ёдовар шудам, чанд маърузаи тахкики рочеъ ба шеъри имрузи точик аз чониби мунтакидон ва шуарои имрузи Эрон манзур гардид. Хамчунин чанд маърузаи чолиб аз чониби мунтакидони ин кишвар дар мавриди шеъри Афгонистон ба маърази мухокима гузошта шуд. Аз мунтакидони точик доктор Умар Сафар рочеъ ба чилваи мазохири об дар шеъри Сухроби Сипехри ва доктор Субхони Аъзамзод дар мавриди шеъри имрузи точик дар накди адабии Эрон суханрони намуданд, ки нигохи хамзабонони точикро ба шеър ва накду сухансанчии муосири Эрон бозгуи мекунанд. Суханронии хонум Зиёда Гаффорова аз Узбакистон бошад, бахси тарчумаи шеъри имрузи Эронро ба забони узбаки фаро мегирифт ва ба нахве ифодаи интишори шеъри имрузи форси дар забонхои гайр низ махсуб мегардид. Харойина нуктаи чолиб он буд, ки имруз аз чониби шуарои узбак кушишхои мабсуте дар тарчумаи шеъри муосири форси, бавижа Эрон содир мешаванд, ки хонуми Зиёда аз тарчумаи ашъори Нимо, Сиёвуши Касрои, Фуруг ва дигарон ба забони узбаки ёдовар шуд. Дар чараёни баргузории хамоиш бо устод Мухаммад Абдулгафури Махзур аз мухаккикон ва шуарои имрузи Афгонистон ошнои пайдо намуда, ки дар маърифати ашъори Бедил ва тахкики мероси ин шоири мутабахири форсисаро корхои шоиста ба анчом расонидааст. Рости, ин ошноии хуб ба як чехраи рушани адабиёт ва илми Афгонистон ва хам дарачаи шинохтхои тозаи Бедил дар Афгонистон хам ба шарофати баргузории хамоиш бароям муяссар гардид, ки аз ин шукргузорам. То имруз дар мавриди корхои бедилшиносии Салохуддини Салчуки, Абдулхаки Бетоб, Холмухаммади Хаста, Мухаммади Асир дар Афгонистон ошнои доштам. Таксири равобити адабиву илми манзараро чунин муаррифи мекард, ки гуё баъд ин донишмандон ва сухансароён ва бар асари даргирихои маълуми сиёси дар Афгониистон Бедилшиноси бар кишвар ру ба инхидом оварда бошад. Аммо аз сухбат бо устод Махзур рушан гардид, ки чараёни шинохти Бедилро дар ин кишвар ягон монеа боздошта наметавонад. Мавсуф аз шархномахои падари хеш ёдовар шуд ва ваъда хам кард, ки баъди бозгашт ба Афгонистон хатман онхоро ба мо дастрас менамояд. Аз таълифоти худ дар мавриди Бедил китоберо ба унвони «Доги махруми» такдим намуд ва аз он муайян шуд, ки устод Махзури рочеъ ба Абулмаъони беш аз 10 таълифот дорад, ки аз онхо танхо се адад ба нашр расидаад. Хароина, вучуди ин тахкикот, ки танхо ба калами як нафар мутааликанд, бозгуи пешрафтхои тозаи бедилшиноси дар Афгонистон аст, ки ин амрро хам натичаи муфиди ширкат дар хамоиш мешуморам. Асадулло-шоири чавони Самарканди низ, ки хамрохи Дилшода омада буданд, китоби ашъори хеш «Намозгохи хуршед» ва чанд намунаи тозаи шеърхояшро бароям хадя кард, то онро дар Точикистон муаррифи намоям. Аз падидахои чолиб ва хушоянди хамоиш нашри китоби «Боги бисёрдарахт» буд, ки гузидаи шеъри муосири форсии Эрон, Афгонистон, Точикистон ва Узбакистонро фаро мегирад. Китоб ховии намунахои ашъори форсии 105 тан шуарои Эрон, 35 нафар аз Афгонистон, 31 нафар аз Точикистон ва 19 нафар аз Узбакистон мебошад. Чунонки дар пешгуфтори китоб аз чониби кумитаи илмии хамоиш таъкид шудааст, «шухрати шоири ва хузури муассир дар чараёнхои шеъри мухимтарин меъёри гузиниши номи шоирон дар ин мачмуа будааст. Талош шудааст, то шеъри интихобшуда намоёнгари сабки шоири низ бошад. Умед аст, ки дар хамоиши баъди тайфи васеътаре аз осори шоирони форсигуи Эрон ва чахон дар маърази диди хонандагон карор гирад». Доираи фарогирии ашъори шуаро як карни охир мебошад ва ин нукта низ дар мукаддимаи китоб зикр ёфтааст. Масалан шеъри Точикистон аз устод Айни шуруъ мешавад ва ба намояндаи насли чавони шеър Абдуллохи Рахнамо ихтитом мепазирад. Бароям ачиб он буд, ки шеъри форсии Узбакистон аз намунахои ашъори яке аз шуарои мактаби Бедил – Тамхиди Самарканди огоз ёфта. Аммо то чое ман огахи дорам, ин шоир аслан аз кухистони Фалгар аст ва дар айни камолот дар Самарканд сукунат ихтиёр кардааст. Кухистони Фалгар бошад аз навохии кухии водии Зарафшон мебошад. Устод Айни дар китоби «Намунаи адабиёти точик» уро Кори Масехо Мухаммад Солехи Фалгарии Похути (бо тахаллуси ТАМХИД ном бурда, ин нуктаро хам таъкид намудаанд: «Падар ва ачдоди Тамхид хама шоир ва ахли адаб, фалгари-ул-асл ва точики сирфанд.»(С. Айни. Намунаи адабиёти точик, сах. 242). Ба ин монанд дар ин кисмат Хабиб Юсуфи, Пайрав Сулаймони низ зикр шудаанд ва шояд доктор Иброхими Худоёр, ки дар гузиниши намунахои ашъори шуарои форсигуи хавзаи Узбакистон сахм гирифтаанд, авомили чугрофиёро асос карор дода бошанд. Нуктаи чолиби дигар он аст, ки дар ин кисмат намунахои ашъори насли чавони форсигуи Узбакистон дар мисоли Зафар Суфии Фаргони,Асадуллох, Шахзода, Хоча, Парисо муаррифи шудаанд. Дар назар аст, ки ин китоб ба таври муфассал рузхои наздик дар махфили адабии донишгохи Хучанд «Ганчи сухан» дар хузури асотид ва донишмандони адабпажух ва шуарову мунтакидон ба таври васеъ муаррифи карда шавад. Чаласаи ихтитомии хамоиш аз таъсиси Анчумани шуарои форсигуи чахон ва ба рохандозии сойти ин Анчуман муждагони дод. Иброхими Худоёр таассуф аз он хурд, ки бояд сойти ин Анчуман дар ин дакикахо муаррифи мешуд, вале ба ишколоти техники ин кор ба анчом нарасид. Вале мухим он буд, ки он таъсис ёфт ва дигар шуарои форсигуи саросари чахон имкон доранд, ки аз тарики он садо баланд кунанд ва харфхои хешро барои кулли хамзабонони хеш дар марзхои мухталифи чахон бозгуи кунанд. Таъсиси Анчуман фатхи кошонаи тозаи шинохти шеъри форсиро паём расонид. ДАР МУСАЛЛОИ ШЕЪР ВА ЗОЯНДАРУДИ АНДЕША Чу бо одами чуфт гардад пари, Нагуяд пари чуз ба лафзи дари. Унсури Ва шоми хамон руз дар Анчумани шуарои Эрон мулокоти шуарои Эрон, шоирони чавони Эрон бо иштирокчиёни хамоиш доир шуд. Ба нахве ин махфилро нахустинанчумани шуароии форсигу хам номзад кардан мумкин аст. Хузури шоирони маъруфи Эрон Мушфики Кошони, Кайсари Аминпур, Саид Али Мусавии Гарморуди ва дигарон, ки дар Точикистон аз шуарои шинохтаи насли нави шеъри Эрон махсуб мешаванд, барои мо гуворову чолиб буд. Шоистаи таъкид аст, ки хамоиши чашмандози шеъри муосири форси дар Техрон дар рузхое доир шуда буд, ки дар Анчумани шуарои Эрон кунгураи шеъри чавон доир мешуд. Дар ин мулокот ва махфили зебои шеъри хамдиливу хамзабони беш аз 200 нафар шоирони чавони кишвар ширкат доштанд, ки фардои пешрафтхои шеъри имрузи Эронро бозгу буданд. Хонум Фарзона- аз парчамбардорони шеъри имрузи точик ва шоир Абдулло Кодири шеъри точикро дар ин кошонаи шеър муаррифи карданд. Устод Партави Нодири, ки дар чаласаи илми кабл аз зухр аз шеъри имрузи Точикистон хеле дифоъ кард ва чое, ки ман мехостам дар мавриди мулозоти яке аз дустони эрони дар бораи шеъри имрузи точик посух мегуфтам, чавоби муфассал ва зебо гуфт, Абдулкаюми Кавим, устоди адабиёти донишгохи Кобул шеъри Афгонистонро манзур карданд. Вокеан, баргузории ин Анчумани шеър худ собити он буд, ки имрузи шеъри муосири форси ниёз ба хамин гуна махофили хамчоя дорад ва танхо ин ба хамаомаданхо ва хузури шеърборони мо хамдиливу хамзабониро таквият мебахшад. Аз чараёни баргузории ин махфил бардошти дигаре, ки доштам он буд, ки имруз дар Эрон бештару пештар ба шинохти Бедили Дехлави кадам мебардоранд. Хатто дар нигоштахои шоирони имрузи Эрон истикболи андеша ва сабки Бедил ба мушохида мерасад. Инро хатто худи дустони эрони ёдовар мешаванд ва дар мавриди баъзе аз намояндагони насли имрузи адабиёт ин нуктаро пайваста таъкид мекунанд: -Ба равиши Бедил газал месарояд. Барои ба чунин хулоса расидани ман ду санади дигар низ вучуд дошт. Аввал, ин дар Анчумани шуарои Эрон ба мо дар катори кутуби ашъор СД-и девони комили газалиёти Бедилро дар кироати устоди факид, шоир ва мунаккиди маъруф Хасани Хусайни эхдо намуданд. Вокеан, устод Хасан Хусайни аз мухаккикони дасти аввали Бедил дар Эрон буданд, ки китоби эшон «Бедил, Сипехри ва сабки хинди» дар кишвари мо низ шухрати хоса дорад. Сониян, хар китобфурушие, ки куллиёти сечилдаи Бедилро пурсидам, гуфтанд, тамом шудаааст. Хоса, дар китобфурушихои вокеъ дар маркази асосии фуруши китоби Эрон- майдони Инкилоб ин сечилдаро пайдо накардам. ДАР ЧУСТУЧУИ ХОНАИ ДУСТ Субхи рузи дигар-пушти ин хама таассуроти чолиб ва хотирарез моро сафари шахри ормонхо, макони валодати бузургмарде, ки вучуди андешаву каломаш, накши хомаи аржангофаринаш адаб ва фарханги форсиро то шохасори чанори шухрати воло иртифоъ бахшида буд, интизор буд. Аслан, аксари иродатмандон ва муътакидони шеъру шахсияти ин абармард- яъне Сухроби Сипехри имрузи форсиро бидуни у тасаввур карда наметавонанд. Вокеан, ба кавли устод Сируси Шамисо Сухроби Сипехри аз маъдуди шоироне аст, ки дастгохи мунсачими фикрии хоси худро доранд ва барои фахмидани шеъри эшон бояд бо калиди он сохтмони фикри бояд ошно буд. Аммо шояд хануз худи Сухроб дар зиндагияш гуфта буд, ки Ва чунон бетобам, ки дилам мехохад, бидавам то тахи дашт, биравам то сари кух. «дурхо овоест, ки маро мехонад», ин хамон дурдасти шеър ва андеша буд, ки ба он расидани хар кас амри мухол аст. Ва Сухроб тавонист, ки руи он кухи баланд бирасад, чойгохи худро дар он баландии хунар дарёбад ва фарёд кунад, ки «хой сабадхотон пури хоб, себ оварадам, себ»… Сафари мо ба тамошои шахри Кошон аз зиёрати мазори Хазрати Султон (а) ва Сухроби Сипехри ибтидо гирифт. Вакте утубус дар рохи миёни як дашт харакат мекард, гуё дарахтхову пахнои он ошно буданд, мисли ин ки замоне омада буданд ва аз атри алафхои дашт шамида. Он вакти мусофирати ман ба ин дашт гуё фасли бахор буд. Аммо намедонам чаро холо хазонрез асту ханузам буе аз атри алафхои дашт ба машом мерасад, мисли ин ки хамон фасли бахор аст. Мунтахо пушти ин хотирахову хаёлоти магшуш фаросуи калимот руи дашти андешахои ман касе ово мезанад: Даштхое чи фарох Куххое чи баланд. дар Гулистона чи буи алафе меояд, Ман дар ин ободи, пайи чизе мегаштам, пайи хобе шояд пайи нуре, ранге, лабханде… Аммо баъди тараннуми ин шеър эхсос мекунам, ки ман аз рахгузори шеъри Сухроб ин даштро тай карда будам то расам ба кухе, ки уро иртифоъ бахшида буд то осмони хунар ва шинохти асолат. Чугрофиёи шеъри Сухроб хеле бароям ошно менамуд. Гулистона- он маконе, ки Сухроб хамеша савори чипи хеш он мерафт, то хучраи танхоии хешро бисозад, буйи алафхоро бишамад, то сари кух бидавад, то тахи дашт бирасад ва пайванде бо табиат дарёбад. Чашмаи Искандари, ки аз он об менашуд ва фарёдаш начво мезанад, ки ин обро гил накунанд, шояд ин оби равон, меравад пои сапедоре, то фуру шуяд андухи диле. Хулоса ин хамаро гуё дубора мебинам ва хам мудири фарханг ва иршоди исломии шахри Кошон, огои Намаки дигарбора ин хамаро тавзех медихам ва бо ангушт ишорат мегуяд: – Ин аст хонаи Сухроб. Мо, ки ба чустучуи хонаи дуст рафтаем, онро пайдо мекунем. Хангоми зиёрати мазори Сухроб доктор Иброхими Худоёр хохиш мекунад, ки аз Сухроб шеъре бихонем. Аммо устод Абдулкавими Каюм аз Афгонистон як шеъри барои Сухроб бахшидаи хешро мехонад. Ва ман хам ин мухаббатномаи шеърии худро дар сари мазори Сухроб -он хонаи дуст хондам: ФУРСАТИ МЕЪРОXИ БЕДОРИСТ… Такдим ба Сухроби Сипехри Субх бо Сухроб зиндагии хобхоро мебарам то марг, мепарам аз домани олудагии шаб то канори хавзи хуршеди саодатрез. Рeшаниро мешавам лабрез. Фурсати меъроxи бедорист. Марги ранг шаб, xилваи субхи муборакпай, хандаи набзи гули хуршед, муждаи милоди Сухроб аст, Сухробе дар давоми рохи Сухроби Сипехри яъне, Сухроби Каёни… Аммо ба хамаи ин танхо санги мазори Сухроб посухи дили уро мегуяд: Ба суроги ман агар меоед, Нарму охиста биёед Мабодо, ки тарак бардорад Чини нозуки танхоии ман… Дар чараёни сафари Кошон боздиди мо аз боги Фин, хонаи Таботабои ва чанд муассисахои фархангии дигар, ки хамаги таърихи кадима доранд, сурат мегирад. Дар чойхонаи суннатии шахри Кошон Анчумани шуароии ин шахр бо хузури иштирокчиёни хамоиш барпо мегардад. Теъдоди зиёде аз шуарои чавони ин шахри шоирхез омадаанд. Устод Соими Кошони, ки дар бораи Сухроби Сипехри як китоби арзишманд бо номи «Хонаи дуст кучост» тахия кардааст, як шеър мехонад, ки барои Сухроб бахшида. Ва чанд нафари дигар хам хамин гуна ашъоре барои Сухроб мехонанд ва гуё махфили ёди Сухроб аст. Вокеан, насли чавони шахр ба Сухроб иродати зиёд доранд. Хар чо сухан аз шеър равад, сардафтари он сухан аз Сухроб аст. Доктор Ростгу, аз зумраи донишмандони кишвар шинохта шудааст ва таълифоти зиёде дар мавриди адабиёт ва фалсафаву ирфон дорад, сухбати чолибе дар мавриди истикболи Сухроб аз Хофиз мекунад. Аз Точикистон хонуми Шахрияи Атхамзод ва Абдулло Кодири намунахои ашъори хешро кироат мекунанд. Хамчунин шуарои Афгонистон ва Узбакистон шеърхони менамоянд. Чанд нафар аз Анчумани шеъри чавони Кошон хам порчахои шеъри манзур карданд. Эхсос кардам, ки шеъри нав миёни насли чавони шуарои Эрон бештар интишор дорад. Махфили шеър дар Кошон то дергох давом меёбад ва мо дергох ба Техрон бозмегардем бо таассуроти зиёд ва бардошти бешумор аз чустучу ва дарёфти хонаи Дуст. Сафари мо дар Эрон ду рузи дигар идома ёфт ва мо дар ин фосила бештар бо марказхои илмиву фарханги, китобфурушихои Техрон ошнои пайдо намудем. Ба рости аз ин сафар низ бардоршту ёддошти зиёде доштам, ки дар кулбори хотирахо мисли ганчхои шойгон махфуз хоханд монд. ЭЙ ОТАШИ АФРУХТА, ДАР БЕШАИ АНДЕШАХО… (БАЪД АЗ БОЗГАШТ) Адабиёти имрузи форси чи дар Эрон ва чи дар Точикистону Афгонистон ва дигар кишвархои махалли сукунати форсисароён ру ба пешрафт дорад. Бо он тайи ин чанд соли охир, вижа дах соли карни рафта ва чахор соли карни бистуяки милоди дар хаёти чамъиятии ин кишвархои хамзабон дигаргунихои сиёси ба вукуъ пайвастанд, вале тахаввули хамешагии шеър ба рушани эхсос мешуд. Ин амр ба таври махсус ба кишвари мо пайвастаги мегирад. Новобаста аз даргирихои сиёси ва низоъхои чори дар хаёти ичтимоии Точикистон дар интихои садаи ХХ адабиёт тамоюлхои тоза пайдо кард, шеъри нави точик дарунмояву шакли комилан чадиди касб намуд. Мархила ба мархила каволиби шеъри нави нимойи ва мудерн дар густураи адабиёти даврони истиклоли точик чойгохи худро дарёфтанд ва дар таъйини самтхои асосии шеъри имрузи точики накш гузоштанд. Бояд эътироф кард, ки дар ин рахгузори тахаввулот ва дигаргунихои кулли дар шеъри имрузи точики асар ва накши шеъри муосири Эрон,бахусус ашъори Фуруг, Сухроби Сипехри ва Ахмади Шомлу кобили таъкид аст ва чои тардид нест, ки чунин тахаввулоти шакливу маънавиро шеъри имрузи Эрон хеле барвакт дарёфта буд. Аз суи дигар, накду барраси ва шинохти шеъри имруз дар хавзахои фикриву фарханги ва адабиётшиносии Эрон низ барвакт тавсеа дошт ва интишори ин меъёрхои тозаи маърифати шеърро дар кишвархои дигар такозо мекард. Аммо тахаввулоти кунунии шеъри имруз дар хавзахои адабии кишвархои форсигуи моварои Эрон, чун Точикистону Афгонистон,Узбакистон ва амсоли ин ниёзи кушиш барои шинохти шеър дар мукобалаву киёс бо хавзахои адабиву хунарии кишвархои хамзабонро дар хар як минтака ё кишвари алохида ва хатто муштарак ба вучуд меоварад, ки нахустхамоиши «Чашмандози шеъри муосири форси»-ро аз аввалин чараёнхои эхтимоми хамчоя ва таваччухи муштаки шинохти шеъри форси метавон номзад кард. Хамоиш бо ташаббуси Шурои густариши забон ва адабиёти форсии Вазорати фарханг ва иршоди исломи ва Маркази густариши забон ва адабиёти форсии Сомони фарханг ва иртибототи исломии Чумхурии Исломии Эрон доир шуд ва бояд дигарбора икрор шавем, ки ин кушиши тоза низ дар вахдати назарот ва андешахо рочеъ ба шинохти вазъи тахаввули шеъри хамзабонон аз чониби шоирон ва мунтакидони эрони ба зухур расид ва баргузории хамоиш собит сохт, ки дар васати шуаро ва мунаккидони кишвархои дигари хамзабон истикболи хуб пайдо намуд. Шояд назароти низ вучуд доштанд, ки ё аз дуруст дарк накардани мохияти аслии даъвати ин нахустхамоиш берун омадаанд ё бар ин андеша хастанд, ки ниёзе дар баргузории ин гуна хамоишхо мавчуд нест. Тахлили ин казия ва андешахои мухталиф бахси дигар аст. Аммо назари ин чониб ин аст, ки вокеан холати кунунии шеъри форси ва тамоюлхои пешрафти он дар кишвархои хамзабон ниёзи афзуне барои таъсиси ин гуна хамоиши шеършинохт эчод карда буд. Ба назари ин чониб чанд авомиле мавчуд буданд, ки ин равандро суръат бахшиданд ва муассисони хамоиш низ ин майлонхо ва чараёнхои пешрафтро ба дурусти дарк хам кардаанд. Аввалан, чунонки каблан таъкид шуд, новобаста ба ишколоти сиёиву ичтимое, ки дар Точикистону Афгонистон вучуд дошт, адабиёт дар ин хавзахо ру ба инкишоф овард. Падидахои тозаи шеъри имрузи форси ва ниёзхои хоси шинохти асолату расолати он дар батну матни ашъори шуарои ин кишвархо рох ёфта, мархила ба мархила чавхари анвоъи адаби дар густураи адабиёти ин кишвахо гани гардид. Хоса, дар кишвари мо шуаро эхтимом дар он доштанд, ки меъёрхои шинохти куханро, ки дар андешаи аксари мунтакидони ватаниву хоричи чойгохи махсус дошт ва маърифати шеъри муосири точикро ба инхисори мафкураи сиёсии замони Шурави пайванд бахшида, ин навъи хунар ва адабиётро ба сурати шиор ё шеъри холи аз карихаи хунари ва берух муаррифи менамуд,мунхадим созанд ва фалаки тафаккури кухангаштаро бишкофанду тархи нави андешаи шеършиноси дарандозанд. Барои тарвичи ин раванди густариши шеър ва шинохти он аз чанд сарчашма об мехурд. Нахуст, таваччухи шоирони точик ба мероси кадима ва асолати адабиёти гузашта, ки дар замони Шурави ин имконон мунхасир ва махдуд буд. Дувум, истиклоли андеша, назар, тафаккур, сабк дар шеър ва мустакилияти комили шоир. Савум, огохии бештари шуарои точик аз адабиёти имрузи Эрон ва чараёнхои пешрафти он дар зовияи густариши муносиботи фарханги бо ин кишвар. Махсусан, агар дар даврони Шурави теъдоди ками намунахои ашъори шуарои имрузи Эрон дар рузномаву мачаллахои Точикистон ба нашр расида буданд ва китоби ашъори чанд нафар шоирон ба шакли алохида интишор ёфта буд, дар мархилаи истиклоли сиёси ин раванд низ суръат гирифт ва нашру иблоги ашъори шуарои хамзабон вусъати тоза пайдо намуд. Ин чараён низ барои тахаввули шаклу дарунмояи шеъри имрузи точик таъсири фаровон гузошт, ки дар ин маврид дар мисоли ашъори Сухроби Сипехри ва истикболи он аз чониби шуарои точик дар гузориши манзурнамудаам дар хамоиш изхори назар рафта буд. Аммо баргузории хамоиш собит сохт, ки хамингуна пешрафтхои хоса дар шеъри имрузи Точикистону хам Афгонистон ханузам ношинохта хастанд ва аз суи дигар дар кишвархои хамзабон рочеъ ба тамоюлхои шеъри хамдигар огохии комил надоранд. Махз, хамин вучуди хамоиш буд, ки мо аз тозатарин дастовардхои шеъри имрузи Эрону Афгонистон ва марзхои дигар ба шоистаги иттилоъ ба даст овардем ва пешрафтхои адабиёти хамзабононро бештару пештар бишнохтем. Вагарна, вокеан бояд икрор шавем, ки то ин мархила ончунонки бояд, аз ин масъаларо огахи надоштем ва холати мазкур дар кишвархои дигар хам ба хамин сурат буд. Пас, рисолати бузурги хамоиш хам дар хамин буд, ки равзанае барои шинохтанхои тозаи шеъри форси ва майлонхои он дар чахон ифтитох намуд ва барои тавхиди назароту андешахои шоирону мунтакидон дар мавриди тахкику пажухиши асолати шеъри имрузи форси ва рисолати он кошонаи бузурге барпо кард. Дигар аз авомил он буд, имруз дар кишвархои дигари махалли сукунати форсигуён ниёзмандии бузурге барои кумак дар шинохти шеъри форси вучуд дорад ва баргузории хамоиш чихати дастгирии шеъри форси дар марзхои фаросуи каламрави форси омили муассир хохад буд. Барои собити ин андеша мехохам танхо як нуктаро ёдовар шавам. Ба хамоиш аз Самарканд шоир ва хам мунаккиди чавон бо номи Дилшода омада буд. Дар чараёни сухбат изхор дошт, ки бар асари ноогохи аз равандхои накду баррасии адабиёти форси дар кишвархои хамзабон, хоса Точикистон се маротиба мавзуи рисолаи дуктурияшро иваз кардаанд. Тагири мавзуъ ба хотири он нест, ки аз масоили мавриди назар огахи надорад, балки иллати асли он аст, ки ин мавзуот дар кишвари хамсояи Точикистон аз чониби мунтакидони точик мавриди пажухиш карор гирифтаанд ва барои баъди ошнои бо ин тахкикот тозаги надорад. Танхо баъди сафар ба Точикистон ва сухбат бо устоди донишманди адабиёти Точикистон доктор Худои Шарифов мавзуи тахкикии худро дакик намуд ва айни хол рочеъ ба равандхои махсуси шеъри муосири точик, ки тахкик нашудаанд, рисола менависад. Холати мазбурро, ки шояд дар дигар кишвархои махалли сукунати форсисароён низ ба зухур расад, махз хамин гуна хамоишхо ва махофили муштараки шинохти шеъри муосири форси бархам мезанад. Аз ин ру, рисолати ин хамоиши нахустини маърифати шеъри имрузи форси низ дар канори бахамаоварии мунтакидону шоирон ва таъсиси Анчумани шуарои форси, ба корандозии сайти интернетии шоирони имруз дастгири ба пешрафти адабиёти форси дар ин гуна кишвархост. Аз сухбат бо шоирони чавони точик Дилшода ва Асадуллох- ки аз Узбакистон омада буданд, маълум шуд, ки бо ташнагии зиёде ба ин махфили ба таъбири Бедил «вахдатошён»-и шуарои форси омада буданд ва лабрезу саршор аз шеъру мухаббат ва ихлос мераванд. Зеро на танхо Точикону Точикистон рох пайдо карданд, балки эшон низ дар шинохти адабиёту вазъи адаби фаротар рафтанд ва аллакай ба адабиёти Эрону Афгонистон бештару пештар огохи пайдо намуда, роххаи иртиботи адабиву илмиро дарёфтанд. Ёдам намеравад, ки вакти видоъ Асадуллох бо шодии кудакон бастаи китоби Маснавии Маънавиро, ки аз китобфуруши харида буд, баровардаву буса кард ва мегуфт, ки барои хеле сол ба мутолиа ва бардошт мерасад. Мисли ин буд, ки гавхари нодири солхо дар чустучубудаи худро дарёфтааст. Албатта, Маснави ганчи шойгон ва шохкории беназири адабиёти форси аст, вале дар Точикистон хануз соли 1991 мачаллаи «Фарханг» ба нашри он шуруъ намуда буд. Аммо Асадуллохи Самарканди аз ин шодии худоёнаи вуруд ба кохи бузурги Маснави ба тозаги бахра ёфт ва ин хам ба шарофати нахустхамоиш ва бовари дорам, ки мархилахои баъдинаи хамоиш, чунонки дабири он Иброхими Худоёр низ таъкид кард, барои аз кишвархои дигар хам чалб намудани шуаро ва мунтакидони форсисаро имкон фаро меоварад ва дар доираи ин имконот хамзабонони дури мо дар маркази ин кошонаи тавхиди шеъри форси – Эрони бузург дидгох ва зовияи шинохтанхои хешро тавсеа бахшанд ва мисли Асадуллох ганчинахои солхо чуёи худро дарёбанду аз гулоби маънавият ва ирфон шодоб гарданд.
یک پاسخ
НУРАЛИ НУРЗОД
(Точикистон, Хучанд)
ШЕРОЗУ БАЛХУ МАШХАДУ КОШОНАМ ОРЗУСТ…
(Бардошту ёддоштхо аз ширкат дар нахустхамоиши «Чашмандози шехри муосири форси» дар Чумхурии Исломии Эрон)
Эхсоси шинохти асолат аз нафаси огоз дар ниходи инсон бидуни огохии худи ба хайси фитрати азали буруз мекунад. Дар фосилаи муайяни фурсат кави мешавад, чун инсон тахрики зинахои такомули маърифатро дар худ таxриба месозад, то бирасад ба фаросeи макосид ва ахдофи хеш.
Шинохти асолат хам ба зоти худ тафсири эхсоси ишк аст, ишк ба асл, ба худ ва мунтахо ба Худои худ. Ва хамин эхсос танхо кодир аст, то моро бубарад бо худ то дурихои дур, то манзили хуршеду нуру саодат ва интихои маънихои будани худ дар xахони омадшуд.
…Вакте аз рахгузори тафаккури хеш ба зехни таърих сафар мекунему дар Эрони бостон ва каламрави асотиру фархангу он, кишвархои ормониву шахрхои тамаддунофараш тафарруx менамоем, хиёли меъроx дар ин зодбуми асолати будани миллати мо ба xилва меояду мухаббати хамсафари дар xодаи тайи марохили хафтгонаи хонхои Рустаму Исфандиёр, убур аз канори тахти Xамшеду накши Рустам, мусофират дар харобахои Мадойин авx мегирад. Мо дар каламрави дониш ва хотироти хеш мерасем ба минтакахое, ки таърих бо номи кишвардории Сосониёну Сомониён маъруфашон кардаву марзхои Хуросону Варорудро мустакар кардааст. Пушти ин марзхо Рeдакиву Фирдавси, Низомиву Хокони, Аттору Санои, Мавлавию Саъди, Хофизу Хочу ва хазорхои дигар зиндаги кардаанд, то номи худу марзхои худро ба абадият ракам зананд. Бузургони бемисле таърихро бо шохкорихову аъмоли эхсонбори хеш гановати маънави бахшидаанд, то имрeз мо алами тафохур барафрозем, ки эронинажодем аз нажоди тоxдор ва тоxики бонангу ор…
Ва таърих пушти xангу исёну талошхои хеш дар идомаи рахгузорхо миёни Хуросону Варорудро марзе фарохам гузошту ними мо дар он суи ормонхову ними дигар дар мо кисмат шуд. Аммо хиёли пайвастан ба асолат хамеша xазабаи ишкро ба он он суи ормонхо кудрат мебахшид.
-Шояд рeзе мо хам аз рахгузори андешаву ормонхои хеш ба асолати дидану шунидану шамидан сафар кунему тафарруче дар гулгашти Мусалло ва шамидани хавои муаттари Боги Ирам ва нeшидани оби мусаффои Чашмаи Саъди ва… насиб гардад…
Вакте ман аз сафари хотирахои хеш бармегаштам, эхсоси ишк ба ин асолат ва нерeманди дар ман xилваи зебое мерехт. Аммо ханeз зиндагиям дар навори хотирахои тасаввури ва бардоштхои таърихиву маърифати фардоро меофарид….
***
ДАР КОШОНАИ ШИНОХТИ ШЕЪР
…. Ширкати мо дар нахустин хамоиши «Чашмандози шеъри муосири форси» бо даъвати Шурои густариши забон ва адабиёти форсии Вазорати фарханг ва иршоди исломи, Маркази густариши забон ва адабиёти форсии Созмони фарханг ва иртибототи исломии Чумхурии Исломии Эрон ва мусоидат Ройзании фархангии Чумхурии Исломии Эрон дар Точикистон, ки дар он ба тозаги чаноби окои Кахрамон Сулаймони ба хайси ройзан таъин шуда буд, сурат гирифт. Хайати Точикистонро дар ин хамоиш 10 нафар шоирон ва мунтакидон бо рохбарии академик Мухаммадчон Шакури намояндаги карданд. Хамзамон Шоири халкии Точикистон Фарзона, шоирон Шахрияи Атхамзод, Абдулло Кодири, мунаккидон ва устодони донишгоххои олии кишвар, докторони улуми филологи, Хуршеда Атахонова, Матлуба Хочаева, номзадхои улуми филологи, Шамсиддини Солех, Умар Сафар, Нурали Нурзод, Субхони Аъзамзод шомили ин хайат буданд. Дар чараёни баргузории хамоиш беш аз 60 маърузаи тахассуси рочеъ ба мухтассоти шеъри имрузи форси пешбини гардида буд. Матолиби мазкур дар шаш бахши тахассуси ва рочеъ ба масоили мухимтарини адабиёти имрузи форси ироа шуданд ва башхои тахассуси ановини зайл доштанд:
1. Чараёншиносии шеъри муосири форси,
2. Нигохе ба чугрофиёи шеъри муосири форси дар чахон,
3. Адабиёти татбики,
4. Накди адаби, забоншиноси ва таърихи адабиёт,
5. Зебоишиносии шеъри муосири форси,
6. Дин ирфон ва адабиёти инкилоби исломи.
Хамоиш рузхои 11-13 октябри соли равон,мутобик ба 21-23 мехрмохи соли 1383-и шамси дар донишкадаи адабиёти донишгохи Техрон чараён пазируфт. Дар чаласаи ифтитохии хамоиш, ки санаи 12 октябр баргузор гардид, Раиси Мачлиси Шурои Исломии Чумхурии Исломии Эрон, доктор Гуломалии Хаддоди Одил, Вазири фарханг ва иршоди исломи ва Раиси Шурои густариши забон ва адабиёти форси чаноби окои Ахмад Масчиди Чоми, Раиси Донишгохи Техрон чаноби окои доктор Фарчии Доно, Раиси созмони фарханг ва иртибототи исломи хуччатулислом чаноби окои Махмуди Мухаммади ширкат ва суханрони намуда, хозирин ва мехмононро,ки аз кишвархои хамзамон ташриф оварда буданд, ба сарзамини ачдоди ва хам ба ин кошонаи шинохти шеъри имрузи форси хайрамакдам гуфтанд. Чаласаи ифтитохии нахустхамоиш бо хузури ин мехмонони арчманд ва шахсиятхои маъруфи кишвар шахомати хоса пайдо кард. Нуктаи чолиби таваччух он буд, ки баробари огози хамоиш дар солуни донишкадаи адабиёт ва улуми инсонии донишгохи Техрон намоиши мухташами китоб низ ба маърази тамошо ва бахрабардории мушорикин гузошта шуд, ки бахши аъзами кутуб ашъори шуарои муосири Эрон, кутуби марбут ба масоили накду баррасии шеъри имрузи форси ва монанди инро фаро мегирифтанд. Мо дар он фосилаи баргузории хамоиш аз вучуди ин хамоиш зиёда истифода кардем ва кутуби фаровоне хам рочеъ ба шеъри имрузиЭрону Афгонистон ба даст овардем. Ёдовари азин намоиш ба он хотир буд, ки аз тарики баргузории он низ барои шинохти вазъи адабиёти имрузи форси дар чахон бардошти зиёде бо худ доштем, ки то он фурсат надошта будем. Нуктаи чолиб он буд, ки дар накду сухансанчии имрузи Эрон рочеъ ба адабиёти муосири форсии кишвархои хамзамон, чун Точикистону Афгонистон осори зиёде ба калам омадааст. Ин амр худ аз кушишхои хуби шинохти адабиёти точику афгон дар каламрави Эрон мужда медихад, ки дар ин бора поёнтар ба тафсил сухбат хохам кард.
Хамзамон он руз дар идомаи чаласаи ифтитохи як нишасти умумии хам доир гардид,ки «Нигохе ба чугрофиёи шеъри муосири форси дар чахон» унвон дошт. Дар чаласаи мазкур чанд гузорише буд, ки чараёнхои хоси чугрофиёи шеъри имрузи форсиро мавриди барраси карор медоданд. Нахуст устод Ахмади Самеи дар мавзуи «Чашмандози шеъри муосири форси» гузорищи хешро манзур сохт, ки вазъи умумии шеъри форсиро барраси мекард. Намояндаи кишвари Афгонистон Мухаммадкозими Козими ба унвони «Назар ба шеъри муосири форси дар Афгонистон» суханрони намуда, хозиринро ба холати такомули шеъри форси дар ин кишвар ошно сохт. Дар гузориши устод Мухаммадчон Шакури аз Точикистон тамоюлхои асосии шеъри имрузи точик матрах шуда буд. Хамзамон доктор Саид Али Мусавии Гарморуди низ дар мавриди шеъри имрузи Точикистон ба унвони «Нигохе ба шеъри муосири Точикистон» суханрони намуд. Гузориши доктор Иброхими Худоёр баррасии шеъри муосири форсии Узбакистонро фаро мегирифт ва «Аз Самарканди чу канд» унвон дошт. Ин нишасти умуми барои ширкаткунандагони хамоиш то андозае манзараи куллии вазъи шеъри форсиро дар кишвархои хамзабон чилвагар сохт.
Дар нимаи дувуми хамон руз чаласахои тахассуси ба кори худ шуруъ намуданд ва ду руз кори хамоиш ба хамин сурат дар чаласахои тахассуси идома дошт. Чунонки каблан хам ишора кардам, дар ин шаш чаласаи тахассуси беш аз 60 маъруза шунида шуд, ки хар яке ба зоти худ самтхои мухталифи шеъри имрузи форсиро арзёби мекарданд. Вокеан, мухимтарин ва бузургтарин рисолати хамоиш хам дар хамин буд, ки дар канори муаррифии шеъри имрузи форси дар чахон барои накду баррасии он бо меъёрхои тозаву хоса ва хам муштарак рох кушод. Аз баргузории ин хамоиш рохи чадиди назари тахкик ва шинохти шеъри имрузи форси дар чахон огоз ёфт.
Дар мавриди гузоришот суханро ба дарозо намекашам. Факат таъкиди хамин нукта кофист, ки дар хамоиш аз шуаро ва мунаккидони маъруфи эрони, ки каблан нигоштахояшонро хонда будам, Ахмади Хотами, Зиёи Муваххид, Саид Зиёуддини Туроби, Абдулалии Дастгайб ширкат намуда, гузоришоти хешро манзур карданд. Аммо ба иллати ироаи гузориш дар чаласаи дигари тахассуси ба самъи суханронии мунаккиди шинохтаи имрузи Эрон Мухаммади Хукуки мушарраф нагардидам. Таассуф аз он дорам, ки дар мавриди андешаи бахсноки устод рочеъ ба шеъри имрузи Точикистону Афгонистон, ки дар сухбат бо хабаргузории ИЛНО изхор доштаанд, дертар огахи пайдо кардам. Вале фикр мекунам, ки дар маколаи ин чониб барои ин андеша посухе хам буд ва аз назари дигар накши шеъри имрузи Эрон барои эчоди самтхои тахаввулпазири шеъри точики дар мисли шеъри Сухроби Сипехри дар он тахлилу тахкик хам шуда, ки хамин нукта як чанбаи киёсии шеъри ин ду кишвари хамзабон аст. Аз суи дигар, агар шеъри имрузи точик дар макоми пешрафтхои тоза ва иртифоъи хунариву мавзуи карор надошта бошад, чи ниёзе буд, ки чанд нафар дустони сухансанчу суханшиноси эронии мо рочеъ ба шеъри имрузи точик расоиле чудогона хам таълиф намудаанд ва хам барои дифоъи рисолахои дуктури дар ин чода корхои тахкики мебаранд. Ман танхо ин чо аз нигоштаи яке аз дустони донишманди мо, шоир ва мунаккиди хуби Эрони Алиризои Казва ёдовар шудани хастам, ки рочеъ ба газали имрузи Точикистон навиштааст ва он ба хайси рисолаи дуктури дар махалли дифои он карор дорад. Хамзабон дар хамоиш аз чониби доктори Саид Али Мусавии Гарморуди-шоир ва мухаккики маъруфи Эрон ва Хасаналии Мухаммади рочеъ ба чанбахои хоси шеъри имрузи точик изхори назар шуд, ки ин амр аз таваччухи хоси накди адабии Эрон ба шеъри имрузи точик мужда медихад. Устод Алиасгари Шеърдуст хам каблан рочеъ ба шеъри имрузи точик як рисолаи хубе бо шинохт ва изхори назари вижа ба шеъри имрузи точик ба унвони «Чашмандози шеъри имрузи точик» навишта буданд, ки аз тахкикоти арзишманд дар пажухиши мухтассоти шеъри давраи нави точик аз чониби Эрон махсуб мешавад ва фикр мекунам, ки дар ин рахгузор аз ин асари пуразиш ёдовар шудан ба маврид аст.
Мабохиси зиёде атрофи чараёнхои шеъри имрузи форси дар кишвархои хамзабон ва равобити адаби сурат гирифт. Нуктаи чолиб он хам буд, ки шеъри форси ва равандхои ташаккули он, вазъи адабиёт дар кишвархои хамзабон аз чониби мунаккидон ва шоирони хавзахои дигар низ барраси шуданд. Чунонки ёдовар шудам, чанд маърузаи тахкики рочеъ ба шеъри имрузи точик аз чониби мунтакидон ва шуарои имрузи Эрон манзур гардид. Хамчунин чанд маърузаи чолиб аз чониби мунтакидони ин кишвар дар мавриди шеъри Афгонистон ба маърази мухокима гузошта шуд. Аз мунтакидони точик доктор Умар Сафар рочеъ ба чилваи мазохири об дар шеъри Сухроби Сипехри ва доктор Субхони Аъзамзод дар мавриди шеъри имрузи точик дар накди адабии Эрон суханрони намуданд, ки нигохи хамзабонони точикро ба шеър ва накду сухансанчии муосири Эрон бозгуи мекунанд.
Суханронии хонум Зиёда Гаффорова аз Узбакистон бошад, бахси тарчумаи шеъри имрузи Эронро ба забони узбаки фаро мегирифт ва ба нахве ифодаи интишори шеъри имрузи форси дар забонхои гайр низ махсуб мегардид. Харойина нуктаи чолиб он буд, ки имруз аз чониби шуарои узбак кушишхои мабсуте дар тарчумаи шеъри муосири форси, бавижа Эрон содир мешаванд, ки хонуми Зиёда аз тарчумаи ашъори Нимо, Сиёвуши Касрои, Фуруг ва дигарон ба забони узбаки ёдовар шуд.
Дар чараёни баргузории хамоиш бо устод Мухаммад Абдулгафури Махзур аз мухаккикон ва шуарои имрузи Афгонистон ошнои пайдо намуда, ки дар маърифати ашъори Бедил ва тахкики мероси ин шоири мутабахири форсисаро корхои шоиста ба анчом расонидааст. Рости, ин ошноии хуб ба як чехраи рушани адабиёт ва илми Афгонистон ва хам дарачаи шинохтхои тозаи Бедил дар Афгонистон хам ба шарофати баргузории хамоиш бароям муяссар гардид, ки аз ин шукргузорам. То имруз дар мавриди корхои бедилшиносии Салохуддини Салчуки, Абдулхаки Бетоб, Холмухаммади Хаста, Мухаммади Асир дар Афгонистон ошнои доштам. Таксири равобити адабиву илми манзараро чунин муаррифи мекард, ки гуё баъд ин донишмандон ва сухансароён ва бар асари даргирихои маълуми сиёси дар Афгониистон Бедилшиноси бар кишвар ру ба инхидом оварда бошад. Аммо аз сухбат бо устод Махзур рушан гардид, ки чараёни шинохти Бедилро дар ин кишвар ягон монеа боздошта наметавонад. Мавсуф аз шархномахои падари хеш ёдовар шуд ва ваъда хам кард, ки баъди бозгашт ба Афгонистон хатман онхоро ба мо дастрас менамояд. Аз таълифоти худ дар мавриди Бедил китоберо ба унвони «Доги махруми» такдим намуд ва аз он муайян шуд, ки устод Махзури рочеъ ба Абулмаъони беш аз 10 таълифот дорад, ки аз онхо танхо се адад ба нашр расидаад. Хароина, вучуди ин тахкикот, ки танхо ба калами як нафар мутааликанд, бозгуи пешрафтхои тозаи бедилшиноси дар Афгонистон аст, ки ин амрро хам натичаи муфиди ширкат дар хамоиш мешуморам.
Асадулло-шоири чавони Самарканди низ, ки хамрохи Дилшода омада буданд, китоби ашъори хеш «Намозгохи хуршед» ва чанд намунаи тозаи шеърхояшро бароям хадя кард, то онро дар Точикистон муаррифи намоям.
Аз падидахои чолиб ва хушоянди хамоиш нашри китоби «Боги бисёрдарахт» буд, ки гузидаи шеъри муосири форсии Эрон, Афгонистон, Точикистон ва Узбакистонро фаро мегирад. Китоб ховии намунахои ашъори форсии 105 тан шуарои Эрон, 35 нафар аз Афгонистон, 31 нафар аз Точикистон ва 19 нафар аз Узбакистон мебошад. Чунонки дар пешгуфтори китоб аз чониби кумитаи илмии хамоиш таъкид шудааст, «шухрати шоири ва хузури муассир дар чараёнхои шеъри мухимтарин меъёри гузиниши номи шоирон дар ин мачмуа будааст. Талош шудааст, то шеъри интихобшуда намоёнгари сабки шоири низ бошад. Умед аст, ки дар хамоиши баъди тайфи васеътаре аз осори шоирони форсигуи Эрон ва чахон дар маърази диди хонандагон карор гирад». Доираи фарогирии ашъори шуаро як карни охир мебошад ва ин нукта низ дар мукаддимаи китоб зикр ёфтааст. Масалан шеъри Точикистон аз устод Айни шуруъ мешавад ва ба намояндаи насли чавони шеър Абдуллохи Рахнамо ихтитом мепазирад. Бароям ачиб он буд, ки шеъри форсии Узбакистон аз намунахои ашъори яке аз шуарои мактаби Бедил – Тамхиди Самарканди огоз ёфта. Аммо то чое ман огахи дорам, ин шоир аслан аз кухистони Фалгар аст ва дар айни камолот дар Самарканд сукунат ихтиёр кардааст. Кухистони Фалгар бошад аз навохии кухии водии Зарафшон мебошад. Устод Айни дар китоби «Намунаи адабиёти точик» уро Кори Масехо Мухаммад Солехи Фалгарии Похути (бо тахаллуси ТАМХИД ном бурда, ин нуктаро хам таъкид намудаанд:
«Падар ва ачдоди Тамхид хама шоир ва ахли адаб, фалгари-ул-асл ва точики сирфанд.»(С. Айни. Намунаи адабиёти точик, сах. 242).
Ба ин монанд дар ин кисмат Хабиб Юсуфи, Пайрав Сулаймони низ зикр шудаанд ва шояд доктор Иброхими Худоёр, ки дар гузиниши намунахои ашъори шуарои форсигуи хавзаи Узбакистон сахм гирифтаанд, авомили чугрофиёро асос карор дода бошанд. Нуктаи чолиби дигар он аст, ки дар ин кисмат намунахои ашъори насли чавони форсигуи Узбакистон дар мисоли Зафар Суфии Фаргони,Асадуллох, Шахзода, Хоча, Парисо муаррифи шудаанд.
Дар назар аст, ки ин китоб ба таври муфассал рузхои наздик дар махфили адабии донишгохи Хучанд «Ганчи сухан» дар хузури асотид ва донишмандони адабпажух ва шуарову мунтакидон ба таври васеъ муаррифи карда шавад.
Чаласаи ихтитомии хамоиш аз таъсиси Анчумани шуарои форсигуи чахон ва ба рохандозии сойти ин Анчуман муждагони дод. Иброхими Худоёр таассуф аз он хурд, ки бояд сойти ин Анчуман дар ин дакикахо муаррифи мешуд, вале ба ишколоти техники ин кор ба анчом нарасид. Вале мухим он буд, ки он таъсис ёфт ва дигар шуарои форсигуи саросари чахон имкон доранд, ки аз тарики он садо баланд кунанд ва харфхои хешро барои кулли хамзабонони хеш дар марзхои мухталифи чахон бозгуи кунанд. Таъсиси Анчуман фатхи кошонаи тозаи шинохти шеъри форсиро паём расонид.
ДАР МУСАЛЛОИ ШЕЪР ВА ЗОЯНДАРУДИ АНДЕША
Чу бо одами чуфт гардад пари,
Нагуяд пари чуз ба лафзи дари.
Унсури
Ва шоми хамон руз дар Анчумани шуарои Эрон мулокоти шуарои Эрон, шоирони чавони Эрон бо иштирокчиёни хамоиш доир шуд. Ба нахве ин махфилро нахустинанчумани шуароии форсигу хам номзад кардан мумкин аст. Хузури шоирони маъруфи Эрон Мушфики Кошони, Кайсари Аминпур, Саид Али Мусавии Гарморуди ва дигарон, ки дар Точикистон аз шуарои шинохтаи насли нави шеъри Эрон махсуб мешаванд, барои мо гуворову чолиб буд. Шоистаи таъкид аст, ки хамоиши чашмандози шеъри муосири форси дар Техрон дар рузхое доир шуда буд, ки дар Анчумани шуарои Эрон кунгураи шеъри чавон доир мешуд. Дар ин мулокот ва махфили зебои шеъри хамдиливу хамзабони беш аз 200 нафар шоирони чавони кишвар ширкат доштанд, ки фардои пешрафтхои шеъри имрузи Эронро бозгу буданд. Хонум Фарзона- аз парчамбардорони шеъри имрузи точик ва шоир Абдулло Кодири шеъри точикро дар ин кошонаи шеър муаррифи карданд. Устод Партави Нодири, ки дар чаласаи илми кабл аз зухр аз шеъри имрузи Точикистон хеле дифоъ кард ва чое, ки ман мехостам дар мавриди мулозоти яке аз дустони эрони дар бораи шеъри имрузи точик посух мегуфтам, чавоби муфассал ва зебо гуфт, Абдулкаюми Кавим, устоди адабиёти донишгохи Кобул шеъри Афгонистонро манзур карданд. Вокеан, баргузории ин Анчумани шеър худ собити он буд, ки имрузи шеъри муосири форси ниёз ба хамин гуна махофили хамчоя дорад ва танхо ин ба хамаомаданхо ва хузури шеърборони мо хамдиливу хамзабониро таквият мебахшад.
Аз чараёни баргузории ин махфил бардошти дигаре, ки доштам он буд, ки имруз дар Эрон бештару пештар ба шинохти Бедили Дехлави кадам мебардоранд. Хатто дар нигоштахои шоирони имрузи Эрон истикболи андеша ва сабки Бедил ба мушохида мерасад. Инро хатто худи дустони эрони ёдовар мешаванд ва дар мавриди баъзе аз намояндагони насли имрузи адабиёт ин нуктаро пайваста таъкид мекунанд: -Ба равиши Бедил газал месарояд.
Барои ба чунин хулоса расидани ман ду санади дигар низ вучуд дошт. Аввал, ин дар Анчумани шуарои Эрон ба мо дар катори кутуби ашъор СД-и девони комили газалиёти Бедилро дар кироати устоди факид, шоир ва мунаккиди маъруф Хасани Хусайни эхдо намуданд. Вокеан, устод Хасан Хусайни аз мухаккикони дасти аввали Бедил дар Эрон буданд, ки китоби эшон «Бедил, Сипехри ва сабки хинди» дар кишвари мо низ шухрати хоса дорад.
Сониян, хар китобфурушие, ки куллиёти сечилдаи Бедилро пурсидам, гуфтанд, тамом шудаааст. Хоса, дар китобфурушихои вокеъ дар маркази асосии фуруши китоби Эрон- майдони Инкилоб ин сечилдаро пайдо накардам.
ДАР ЧУСТУЧУИ ХОНАИ ДУСТ
Субхи рузи дигар-пушти ин хама таассуроти чолиб ва хотирарез моро сафари шахри ормонхо, макони валодати бузургмарде, ки вучуди андешаву каломаш, накши хомаи аржангофаринаш адаб ва фарханги форсиро то шохасори чанори шухрати воло иртифоъ бахшида буд, интизор буд. Аслан, аксари иродатмандон ва муътакидони шеъру шахсияти ин абармард- яъне Сухроби Сипехри имрузи форсиро бидуни у тасаввур карда наметавонанд. Вокеан, ба кавли устод Сируси Шамисо Сухроби Сипехри аз маъдуди шоироне аст, ки дастгохи мунсачими фикрии хоси худро доранд ва барои фахмидани шеъри эшон бояд бо калиди он сохтмони фикри бояд ошно буд.
Аммо шояд хануз худи Сухроб дар зиндагияш гуфта буд, ки
Ва чунон бетобам, ки дилам мехохад,
бидавам то тахи дашт, биравам то сари кух.
«дурхо овоест, ки маро мехонад»,
ин хамон дурдасти шеър ва андеша буд, ки ба он расидани хар кас амри мухол аст. Ва Сухроб тавонист, ки руи он кухи баланд бирасад, чойгохи худро дар он баландии хунар дарёбад ва фарёд кунад, ки «хой сабадхотон пури хоб, себ оварадам, себ»…
Сафари мо ба тамошои шахри Кошон аз зиёрати мазори Хазрати Султон (а) ва Сухроби Сипехри ибтидо гирифт. Вакте утубус дар рохи миёни як дашт харакат мекард, гуё дарахтхову пахнои он ошно буданд, мисли ин ки замоне омада буданд ва аз атри алафхои дашт шамида. Он вакти мусофирати ман ба ин дашт гуё фасли бахор буд. Аммо намедонам чаро холо хазонрез асту ханузам буе аз атри алафхои дашт ба машом мерасад, мисли ин ки хамон фасли бахор аст. Мунтахо пушти ин хотирахову хаёлоти магшуш фаросуи калимот руи дашти андешахои ман касе ово мезанад:
Даштхое чи фарох
Куххое чи баланд.
дар Гулистона чи буи алафе меояд,
Ман дар ин ободи, пайи чизе мегаштам,
пайи хобе шояд
пайи нуре, ранге, лабханде…
Аммо баъди тараннуми ин шеър эхсос мекунам, ки ман аз рахгузори шеъри Сухроб ин даштро тай карда будам то расам ба кухе, ки уро иртифоъ бахшида буд то осмони хунар ва шинохти асолат. Чугрофиёи шеъри Сухроб хеле бароям ошно менамуд. Гулистона- он маконе, ки Сухроб хамеша савори чипи хеш он мерафт, то хучраи танхоии хешро бисозад, буйи алафхоро бишамад, то сари кух бидавад, то тахи дашт бирасад ва пайванде бо табиат дарёбад. Чашмаи Искандари, ки аз он об менашуд ва фарёдаш начво мезанад, ки ин обро гил накунанд, шояд ин оби равон, меравад пои сапедоре, то фуру шуяд андухи диле. Хулоса ин хамаро гуё дубора мебинам ва хам мудири фарханг ва иршоди исломии шахри Кошон, огои Намаки дигарбора ин хамаро тавзех медихам ва бо ангушт ишорат мегуяд: – Ин аст хонаи Сухроб. Мо, ки ба чустучуи хонаи дуст рафтаем, онро пайдо мекунем.
Хангоми зиёрати мазори Сухроб доктор Иброхими Худоёр хохиш мекунад, ки аз Сухроб шеъре бихонем. Аммо устод Абдулкавими Каюм аз Афгонистон як шеъри барои Сухроб бахшидаи хешро мехонад. Ва ман хам ин мухаббатномаи шеърии худро дар сари мазори Сухроб -он хонаи дуст хондам:
ФУРСАТИ МЕЪРОXИ БЕДОРИСТ…
Такдим ба Сухроби Сипехри
Субх
бо Сухроб
зиндагии хобхоро мебарам то марг,
мепарам аз домани олудагии шаб
то канори хавзи хуршеди саодатрез.
Рeшаниро мешавам лабрез.
Фурсати меъроxи бедорист.
Марги ранг шаб,
xилваи субхи муборакпай,
хандаи набзи гули хуршед,
муждаи милоди Сухроб аст,
Сухробе
дар давоми рохи Сухроби Сипехри
яъне, Сухроби Каёни…
Аммо ба хамаи ин танхо санги мазори Сухроб посухи дили уро мегуяд:
Ба суроги ман агар меоед,
Нарму охиста биёед
Мабодо, ки тарак бардорад
Чини нозуки танхоии ман…
Дар чараёни сафари Кошон боздиди мо аз боги Фин, хонаи Таботабои ва чанд муассисахои фархангии дигар, ки хамаги таърихи кадима доранд, сурат мегирад. Дар чойхонаи суннатии шахри Кошон Анчумани шуароии ин шахр бо хузури иштирокчиёни хамоиш барпо мегардад. Теъдоди зиёде аз шуарои чавони ин шахри шоирхез омадаанд. Устод Соими Кошони, ки дар бораи Сухроби Сипехри як китоби арзишманд бо номи «Хонаи дуст кучост» тахия кардааст, як шеър мехонад, ки барои Сухроб бахшида. Ва чанд нафари дигар хам хамин гуна ашъоре барои Сухроб мехонанд ва гуё махфили ёди Сухроб аст. Вокеан, насли чавони шахр ба Сухроб иродати зиёд доранд. Хар чо сухан аз шеър равад, сардафтари он сухан аз Сухроб аст.
Доктор Ростгу, аз зумраи донишмандони кишвар шинохта шудааст ва таълифоти зиёде дар мавриди адабиёт ва фалсафаву ирфон дорад, сухбати чолибе дар мавриди истикболи Сухроб аз Хофиз мекунад. Аз Точикистон хонуми Шахрияи Атхамзод ва Абдулло Кодири намунахои ашъори хешро кироат мекунанд. Хамчунин шуарои Афгонистон ва Узбакистон шеърхони менамоянд. Чанд нафар аз Анчумани шеъри чавони Кошон хам порчахои шеъри манзур карданд. Эхсос кардам, ки шеъри нав миёни насли чавони шуарои Эрон бештар интишор дорад.
Махфили шеър дар Кошон то дергох давом меёбад ва мо дергох ба Техрон бозмегардем бо таассуроти зиёд ва бардошти бешумор аз чустучу ва дарёфти хонаи Дуст.
Сафари мо дар Эрон ду рузи дигар идома ёфт ва мо дар ин фосила бештар бо марказхои илмиву фарханги, китобфурушихои Техрон ошнои пайдо намудем.
Ба рости аз ин сафар низ бардоршту ёддошти зиёде доштам, ки дар кулбори хотирахо мисли ганчхои шойгон махфуз хоханд монд.
ЭЙ ОТАШИ АФРУХТА, ДАР БЕШАИ АНДЕШАХО…
(БАЪД АЗ БОЗГАШТ)
Адабиёти имрузи форси чи дар Эрон ва чи дар Точикистону Афгонистон ва дигар кишвархои махалли сукунати форсисароён ру ба пешрафт дорад. Бо он тайи ин чанд соли охир, вижа дах соли карни рафта ва чахор соли карни бистуяки милоди дар хаёти чамъиятии ин кишвархои хамзабон дигаргунихои сиёси ба вукуъ пайвастанд, вале тахаввули хамешагии шеър ба рушани эхсос мешуд. Ин амр ба таври махсус ба кишвари мо пайвастаги мегирад. Новобаста аз даргирихои сиёси ва низоъхои чори дар хаёти ичтимоии Точикистон дар интихои садаи ХХ адабиёт тамоюлхои тоза пайдо кард, шеъри нави точик дарунмояву шакли комилан чадиди касб намуд. Мархила ба мархила каволиби шеъри нави нимойи ва мудерн дар густураи адабиёти даврони истиклоли точик чойгохи худро дарёфтанд ва дар таъйини самтхои асосии шеъри имрузи точики накш гузоштанд. Бояд эътироф кард, ки дар ин рахгузори тахаввулот ва дигаргунихои кулли дар шеъри имрузи точики асар ва накши шеъри муосири Эрон,бахусус ашъори Фуруг, Сухроби Сипехри ва Ахмади Шомлу кобили таъкид аст ва чои тардид нест, ки чунин тахаввулоти шакливу маънавиро шеъри имрузи Эрон хеле барвакт дарёфта буд. Аз суи дигар, накду барраси ва шинохти шеъри имруз дар хавзахои фикриву фарханги ва адабиётшиносии Эрон низ барвакт тавсеа дошт ва интишори ин меъёрхои тозаи маърифати шеърро дар кишвархои дигар такозо мекард. Аммо тахаввулоти кунунии шеъри имруз дар хавзахои адабии кишвархои форсигуи моварои Эрон, чун Точикистону Афгонистон,Узбакистон ва амсоли ин ниёзи кушиш барои шинохти шеър дар мукобалаву киёс бо хавзахои адабиву хунарии кишвархои хамзабонро дар хар як минтака ё кишвари алохида ва хатто муштарак ба вучуд меоварад, ки нахустхамоиши «Чашмандози шеъри муосири форси»-ро аз аввалин чараёнхои эхтимоми хамчоя ва таваччухи муштаки шинохти шеъри форси метавон номзад кард. Хамоиш бо ташаббуси Шурои густариши забон ва адабиёти форсии Вазорати фарханг ва иршоди исломи ва Маркази густариши забон ва адабиёти форсии Сомони фарханг ва иртибототи исломии Чумхурии Исломии Эрон доир шуд ва бояд дигарбора икрор шавем, ки ин кушиши тоза низ дар вахдати назарот ва андешахо рочеъ ба шинохти вазъи тахаввули шеъри хамзабонон аз чониби шоирон ва мунтакидони эрони ба зухур расид ва баргузории хамоиш собит сохт, ки дар васати шуаро ва мунаккидони кишвархои дигари хамзабон истикболи хуб пайдо намуд. Шояд назароти низ вучуд доштанд, ки ё аз дуруст дарк накардани мохияти аслии даъвати ин нахустхамоиш берун омадаанд ё бар ин андеша хастанд, ки ниёзе дар баргузории ин гуна хамоишхо мавчуд нест. Тахлили ин казия ва андешахои мухталиф бахси дигар аст. Аммо назари ин чониб ин аст, ки вокеан холати кунунии шеъри форси ва тамоюлхои пешрафти он дар кишвархои хамзабон ниёзи афзуне барои таъсиси ин гуна хамоиши шеършинохт эчод карда буд. Ба назари ин чониб чанд авомиле мавчуд буданд, ки ин равандро суръат бахшиданд ва муассисони хамоиш низ ин майлонхо ва чараёнхои пешрафтро ба дурусти дарк хам кардаанд.
Аввалан, чунонки каблан таъкид шуд, новобаста ба ишколоти сиёиву ичтимое, ки дар Точикистону Афгонистон вучуд дошт, адабиёт дар ин хавзахо ру ба инкишоф овард. Падидахои тозаи шеъри имрузи форси ва ниёзхои хоси шинохти асолату расолати он дар батну матни ашъори шуарои ин кишвархо рох ёфта, мархила ба мархила чавхари анвоъи адаби дар густураи адабиёти ин кишвахо гани гардид. Хоса, дар кишвари мо шуаро эхтимом дар он доштанд, ки меъёрхои шинохти куханро, ки дар андешаи аксари мунтакидони ватаниву хоричи чойгохи махсус дошт ва маърифати шеъри муосири точикро ба инхисори мафкураи сиёсии замони Шурави пайванд бахшида, ин навъи хунар ва адабиётро ба сурати шиор ё шеъри холи аз карихаи хунари ва берух муаррифи менамуд,мунхадим созанд ва фалаки тафаккури кухангаштаро бишкофанду тархи нави андешаи шеършиноси дарандозанд. Барои тарвичи ин раванди густариши шеър ва шинохти он аз чанд сарчашма об мехурд. Нахуст, таваччухи шоирони точик ба мероси кадима ва асолати адабиёти гузашта, ки дар замони Шурави ин имконон мунхасир ва махдуд буд. Дувум, истиклоли андеша, назар, тафаккур, сабк дар шеър ва мустакилияти комили шоир. Савум, огохии бештари шуарои точик аз адабиёти имрузи Эрон ва чараёнхои пешрафти он дар зовияи густариши муносиботи фарханги бо ин кишвар. Махсусан, агар дар даврони Шурави теъдоди ками намунахои ашъори шуарои имрузи Эрон дар рузномаву мачаллахои Точикистон ба нашр расида буданд ва китоби ашъори чанд нафар шоирон ба шакли алохида интишор ёфта буд, дар мархилаи истиклоли сиёси ин раванд низ суръат гирифт ва нашру иблоги ашъори шуарои хамзабон вусъати тоза пайдо намуд. Ин чараён низ барои тахаввули шаклу дарунмояи шеъри имрузи точик таъсири фаровон гузошт, ки дар ин маврид дар мисоли ашъори Сухроби Сипехри ва истикболи он аз чониби шуарои точик дар гузориши манзурнамудаам дар хамоиш изхори назар рафта буд. Аммо баргузории хамоиш собит сохт, ки хамингуна пешрафтхои хоса дар шеъри имрузи Точикистону хам Афгонистон ханузам ношинохта хастанд ва аз суи дигар дар кишвархои хамзабон рочеъ ба тамоюлхои шеъри хамдигар огохии комил надоранд. Махз, хамин вучуди хамоиш буд, ки мо аз тозатарин дастовардхои шеъри имрузи Эрону Афгонистон ва марзхои дигар ба шоистаги иттилоъ ба даст овардем ва пешрафтхои адабиёти хамзабононро бештару пештар бишнохтем. Вагарна, вокеан бояд икрор шавем, ки то ин мархила ончунонки бояд, аз ин масъаларо огахи надоштем ва холати мазкур дар кишвархои дигар хам ба хамин сурат буд. Пас, рисолати бузурги хамоиш хам дар хамин буд, ки равзанае барои шинохтанхои тозаи шеъри форси ва майлонхои он дар чахон ифтитох намуд ва барои тавхиди назароту андешахои шоирону мунтакидон дар мавриди тахкику пажухиши асолати шеъри имрузи форси ва рисолати он кошонаи бузурге барпо кард.
Дигар аз авомил он буд, имруз дар кишвархои дигари махалли сукунати форсигуён ниёзмандии бузурге барои кумак дар шинохти шеъри форси вучуд дорад ва баргузории хамоиш чихати дастгирии шеъри форси дар марзхои фаросуи каламрави форси омили муассир хохад буд. Барои собити ин андеша мехохам танхо як нуктаро ёдовар шавам. Ба хамоиш аз Самарканд шоир ва хам мунаккиди чавон бо номи Дилшода омада буд. Дар чараёни сухбат изхор дошт, ки бар асари ноогохи аз равандхои накду баррасии адабиёти форси дар кишвархои хамзабон, хоса Точикистон се маротиба мавзуи рисолаи дуктурияшро иваз кардаанд. Тагири мавзуъ ба хотири он нест, ки аз масоили мавриди назар огахи надорад, балки иллати асли он аст, ки ин мавзуот дар кишвари хамсояи Точикистон аз чониби мунтакидони точик мавриди пажухиш карор гирифтаанд ва барои баъди ошнои бо ин тахкикот тозаги надорад. Танхо баъди сафар ба Точикистон ва сухбат бо устоди донишманди адабиёти Точикистон доктор Худои Шарифов мавзуи тахкикии худро дакик намуд ва айни хол рочеъ ба равандхои махсуси шеъри муосири точик, ки тахкик нашудаанд, рисола менависад.
Холати мазбурро, ки шояд дар дигар кишвархои махалли сукунати форсисароён низ ба зухур расад, махз хамин гуна хамоишхо ва махофили муштараки шинохти шеъри муосири форси бархам мезанад. Аз ин ру, рисолати ин хамоиши нахустини маърифати шеъри имрузи форси низ дар канори бахамаоварии мунтакидону шоирон ва таъсиси Анчумани шуарои форси, ба корандозии сайти интернетии шоирони имруз дастгири ба пешрафти адабиёти форси дар ин гуна кишвархост. Аз сухбат бо шоирони чавони точик Дилшода ва Асадуллох- ки аз Узбакистон омада буданд, маълум шуд, ки бо ташнагии зиёде ба ин махфили ба таъбири Бедил «вахдатошён»-и шуарои форси омада буданд ва лабрезу саршор аз шеъру мухаббат ва ихлос мераванд. Зеро на танхо Точикону Точикистон рох пайдо карданд, балки эшон низ дар шинохти адабиёту вазъи адаби фаротар рафтанд ва аллакай ба адабиёти Эрону Афгонистон бештару пештар огохи пайдо намуда, роххаи иртиботи адабиву илмиро дарёфтанд. Ёдам намеравад, ки вакти видоъ Асадуллох бо шодии кудакон бастаи китоби Маснавии Маънавиро, ки аз китобфуруши харида буд, баровардаву буса кард ва мегуфт, ки барои хеле сол ба мутолиа ва бардошт мерасад. Мисли ин буд, ки гавхари нодири солхо дар чустучубудаи худро дарёфтааст. Албатта, Маснави ганчи шойгон ва шохкории беназири адабиёти форси аст, вале дар Точикистон хануз соли 1991 мачаллаи «Фарханг» ба нашри он шуруъ намуда буд. Аммо Асадуллохи Самарканди аз ин шодии худоёнаи вуруд ба кохи бузурги Маснави ба тозаги бахра ёфт ва ин хам ба шарофати нахустхамоиш ва бовари дорам, ки мархилахои баъдинаи хамоиш, чунонки дабири он Иброхими Худоёр низ таъкид кард, барои аз кишвархои дигар хам чалб намудани шуаро ва мунтакидони форсисаро имкон фаро меоварад ва дар доираи ин имконот хамзабонони дури мо дар маркази ин кошонаи тавхиди шеъри форси – Эрони бузург дидгох ва зовияи шинохтанхои хешро тавсеа бахшанд ва мисли Асадуллох ганчинахои солхо чуёи худро дарёбанду аз гулоби маънавият ва ирфон шодоб гарданд.