Посух ба Дилшоди азиз

Салом Дилшод!
Хеле хушхолам, ки касоне чун шумо дар равнаки фарханги интернетии точик хиссаи худро мегузоранд. Дуввум ин ки аз назари шумо дар пои матлаби кутохи ман рочеъ ба чашни 80 солагии Шахри азизи Душанбе миннатдорам.

Аммо мухимтар аз хама ин аст, ки аз сайти шумо бахраи зиёд бурдам ва дилам мехохад ин чо дар сахфаи худ онро ба хонандагони ин саъфа муаррифи кунам.

Ман точики деринаам
http://tojder.freenet.tj

Шояд бехтар аст ки назари шуморо дар мавриди торихи шахри Душанбе ин чо биоварам, то хонанда мутаваччех гардад, ки чаро ман ба шумо ва сайти шумо мурочеъа намудаам. Бо хама эхтиром ба назари шумо онро дар чо такрор меоварам:

Салом. Ман ифтихори ширкат дар ин чашни бошукухро доштам ва аз он хеле хам хурсандам. Ончи дар мавриди чигунагии чашн гирифта шудани 80 солаги дар сахифаи интернетии BBC гуфта шудааст комилан мувофикам. Факат фаромуш нашавад ки мо чашне мазкурро хамчун чашни 80-солагии пойтахт пешвоз гирифтаем.  Ин чунин маъно надорад, ки шахри Душанбе шахри хеле чавоне бошад. Ба кариби бостоншиносон бозёфтхоеро аз гирду атрофи шахр ёфтаанд, ки он далолат ба таърихи хеле кухан доштани ин шахр мекунад ва тибку тахминхо таърихи 2300 соларо хамчун шахри (на дехае ки бештари мардум чунин гумон мекунанд) ахолинишин доро мебошад. Маънии номи шахр хам хеле ачиб аст: Душанбе, яъне ки аз рузхои хафта. Яке аз сабабхои асосии рузи хафтаро ном гирифтани ин шахр дар он аст, ки гуё хар рузи Душанбе дар марзхои кунунии ин шахр бозорхои калонтарин дар Бухорои Шарки баргузор мешудааст ва бинобар ин номи Душанберо гирифтааст. Хуб сухан бисёр,  вале фурст кам аст ва агар хохонед метавонед бо пурсишхои бештари худ ба ман мурочеа намоед ки аз посухгуи хушнуд мегардам…
ва сахифаи интернетии ман: http://tojder.freenet.tj
Хайр, саломат бошед!
Бо эхтиром
Дилшод

Хар чи ки шумо иброз доштаед хубу дуруст, аммо ба назарам мухим ин нест ки шахре имрузи ё кадими бошад. Мухим ин аст ки бо чашму дили боз ба ояндаи орому озод кадам бизанад ва озодандеширо чонибгири намояд. Чи Самарканд, чи Бухоро ва чи Душанбеву Хучанд бояд ба хушхоли ва саршории мардумони саодатманди хеш сарбаланд бошанд.

Гузашта аз хамаи ин, хуб аст ки мо точикон ба чахон бо назари хуб бингарем ва хубихои онро ба худ бигирем ва бадихоро бигузорем ба бадон. 

Бо хама лаззат аз тамошои чехраи гулдухтарони точик, ки дар умки гузаштахо имрузий чилва менамоянд ва начоти фарханги моянд. 

Чанд назаре хам рочеъ ба истидохоти сайти шумо дорам, ки шояд дертар ва хусуси ба шумо бинависам.

Як чизи дигар, барои мо точикон забони форси набояд забони дуввум махсуб гардад.
агар хануз точики деринае хастем.

Дар поён мехостам бигуям, ки фарки мо бо ирониён дар чист, то битавонам матлаби дирузаамро бо ин навиштахо пайванд созам: мо точикон хар чи кадар имрузи ва бегона аз худ гардем хам хамчунон дирузи хастем, аммо ирониён ё ин хастанд ё он ва ё хеле аз оянда. Намедонам кадомин хуб аст. Хуб он аст, ки дилозор набошад. Бо умеди дидор ва ошноии бештар,

Шахзодаи Самарканди

3 پاسخ

  1. Аз кашфи чунин як сахифаи некуи точики (манзур сайти Шахзодабонуст) хеле хушхол ва болида гаштам. Тамоми матнхои сахифаро варак задам ва як чахон лаззати рухи бурдам. Хазор сол бизеh, хохарам!
    Хамчунин дар пайи таассуроти бардоштаам аз мутолиаи сахифаи интернетии бародари qанд бо номи Дилшод, ки низ хеле некуст, ва дар мавриди забони модарии мо (ки се номаш додаанд – форси, точики, дари) як шеъри устод Муъмин Каноатро ёдрас месозам:
    ЗАБОНИ МОДАРИ
    Канд чуйи, панд чуйи эй писар,
    Харчи мечуйи, бичу,
    Бекарон бахрест, гавхар бехисоб,
    Харчи мечуйи, бичу.
    Порси гуйи, дари гуйи варо,
    Харчи мегуйи, бигу.
    Лафзи ишку дилбари гуйи варо,
    Харчи мегуйи бигу.
    Бахри ман танхо забони модар аст
    Хамчу мехри модар аст.
    Бахри у ташбехи дигар нест нест,
    Чунки шири модар.
    З-ин сабаб чун шухихои дилбарам
    Дуст медорам варо,
    Чун навозишхои гарми модарам
    Дуст медорам варо.
    Фархунда бошед!

  2. Dorood Shazodabonui giromi va duste mehrubonam Siyovush! Az posukhguyiaton ba nuqtayi nazari kamina khele mamnunam. Peshnihodhoyatonro khub qabul doram va dar zemn niz boyad biguyam, ki manzuram az zaboni forsi hamchun zaboni duvvumu modari na khudi zabon ki injo man sahv kardaam, balki khati fori ast. Zabonhoyi Forsi, Tojiki yo Dari vujud nadorand, balki in hama guishhoyeand az zaboni yagonai Porsii Dari. Shoyad boz ham bipursed ki pas charo khati forsi baroyam khati duvvumi modari mahsub shuda, in gapi digar ast. Nek medonem, ki osoru mersoi buzurgoni guzashtaamon mahz ba in khat navishta shudaast va mo niz tanho bo in dabira metavonem ba zakhirai bepoyoni farhani khud dast yobem. Azbaski khati kununii mo khati mersoi shuravii sotsiolisti kirilik ast, bad-in khotir davirayi duvvumi modari nomguzoriash kardam. Agar yagon voja yo iborayi behtare medoned mehr varzida ba man onro irsol dored. Fe’lan man on khatogiro, ki bajoi khati forsi zaboni forsi navishtaam, isloh kada istodaam.
    Dar mawridi Man Tojiki Derina nom giriftani sahifa ilhomam az hamon she’ri ustod A.Dehoti bud ki bo in misraho baytashon shuru’ meshud va manzurashon in nishon dodani ta’rikh va huvviyati millii tojikon bud va derina dar in she’r va sahifayi internetii man ba ma’noyi majozi omadaast na ba on ma’noye ki Shumo Shahzodabobuye giromi fahmidaed. Man guftani nestam, ki Tojiki diruzu yo imruzivu shoyad faroyiash ham bosham, balki “yak Tojiki Derina”, ja’ne yak Ironi az najodi poki Oriyoyi, az naberagoni Jamshed, hamkeshi Zardusht, az oli Somon va … hastam. Guzashta az in Tajikro bo Ironi muqoisa kardan nashiyad, chun hardu hamhamnajod, hamfarhand va hamdinand va ba qavli shoiri farzonayi Tojik ustod Loiq Sherali,
    “Chu az khuni Siyovushem,
    Az yak resha yak khunem,
    Chu az yak jomi Jam hastem,
    Az yak jomi Jam mastem.
    …Agar Rustam sar afrozad
    Zi naw parcham barafrozad
    Khurosoni Buzurgi mo,
    Khurosoni Suturgi mo.
    …Atoyi fazli Yazdoni
    Ba Tojiku ba Ironi
    Muhabbat bod arzoni
    Sadoqat bod,
    Najobat bod,
    Shahomat bod arzoni!”
    “Yo khud Tojiku Ironiyu Afghon charo?
    Mo dar in dunyo ki az yak gavharem.”
    Va fikr mekunam ki chun dast ba dasti ham bigirem, shoyad bitabonem dubora on Ironi Buzurg va Ajami Benazirro dubora ehyo kunem va ham ba asli khud bargardem:
    Chu hampusht boshemu ham yakzabon
    Yake kuh kandan zi bun metavon…
    Bedrood,
    shodu piruz va dar panohi rosti boshed
    Bo ehtirom
    Yak Tojiki Derina
    Dilshod Azimi